МАОРИФ ВА БУНЁДИ МИЛЛАТИ МУТАМАДДИН

321304021_848723016333223_6578301832087892194_n (1)

(дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ)

 

23 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро, ки фарогири самтҳои асосии соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар мебошад ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд. Дар маросими мазкур, ки дар «Кохи Сомон» баргузор гардид, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, Сарвазир ва муовинони сарвазир, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, раисони вилоятҳо, намояндагони якчанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корпуси дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигарон иштирок доштанд.

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш гардида, ба тамоми гушаву канори мамлакат паҳн карда шуд, зеро мардуми сарбаланду меҳнатқарини тоҷик аз Паём умеду ниятҳои бузурги рушд, пешрафт ва ободонии Тоҷикистони маҳбубро доранд. Барои давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона Паёми Сарвари давлат муҳим арзёбӣ шуда, он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст. Ин аст, ки аллакай дар тӯли 22 сол Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад.

Дар Паёми навбатӣ доир ба ҷараёни корҳои созандагию ободонии мамлакат, амалигардонии нақшаву стратегияҳо, барномаҳо ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баландбардории сатҳи зиндагии мардум ва дар вазъи хеле мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор доштани инсоният таъкид гардид. Таъсироти манфии бархӯрдҳои геополитикӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ,  оқибатҳои гарму сардшавии иқлими Сайёра ба иқтисоди ҷаҳон ҳастем. Мутаассифона яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи нави “ҷанги сард” низ дубора шиддат ёфта истодааст, ки низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳоро пурра халалдор кардааст.

Ин омилҳои манфии ҷаҳони муосир ба кишвари мо бетаъсир набуда, барои рушди босуботи мамлакат монеаҳо эҷод мекунанд ва дар чунин вазъи мураккаб моро водор месозанд, ки ҳар чӣ бештар аз пештара дида дар атрофи сиёсати хирадмандона, меҳанпарастона ва миллатдӯстонаи Пешвои миллат муттаҳид гардем ва баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми босазои худро гузорем.

Соҳаи маориф дар Паём яке аз самтҳои асоситарин ва афзалимятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ шуд. Зимнан таъкид карда шуд, ки панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда сохта шуданд ва аз ин 190 бино барои 87 ҳазор хонанда дар соли 2022 мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар маҷмуъ дар давоми 31 соли истиқлоли кишвар 3430 муассисаи нави таълимӣ барои 1,5 млн хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Айни замон дар ҷумҳурӣ танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна 2 млн 300 ҳазор нафар хонанда таҳсили илму фан дорад.

Бо мақсади беҳтарнамоии вазъи таълиму тарбия ва умуман фаъолияти кормандони соҳаи маориф Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд. Чунин дастгириҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат боиси баланд шудани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа мегардад, зеро дар Паём оварда шудааст, ки: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.” Таъкид гардид, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Ҳамаи сармоягузорӣ ва хароҷотҳои буҷетӣ дар соҳаи маориф ва илм ба хотири рушди неруи инсонӣ равона карда мешаванд. Ташаккули фард ва инсон аз фаъолияти пурсамари соҳаи маориф вобастагии ногусастанӣ дорад. Ин аст, ки кормандони соҳаи маориф бояд маҳорати касбӣ ва малакаю кордонии худро тақвият дода, барои пешрафти соҳа пайваста кушишҳои нав ба навро ба харҷ диҳанд.

Тамоми заҳмату талошҳои мо бояд барои фардои нек, рушди давлати соҳибихтиёр ва Ватани аҷдодӣ равона шаванд.

КАРАМАЛИШОЕВ К.Н.,

муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия,

номзади илмҳои таърих, дотсент

Похожие записи