МАОРИФ — ПОЯИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРӢ

унвонҷу

Маориф дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва рушду такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал гардида, дар ҳамаи давраҳои таърихӣ омили пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ ва яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ  маҳсуб меёфт.

 

Пешрафти бомароми ҳар як давлату миллат, ба вижа дар шароити муосир, ба сиёсати дурандешонаю пайгирона дар самти мактабу моариф, таҳкиму ташаккули низоми таҳсилот тибқи меъёрҳои муқарраршудаи ҷаҳонӣ вобастагии қавӣ дорад. Соҳаи маориф дар шароити кунунии рушд ва ҷаҳонишавии низоми таҳсилот ва дастовардҳои беназири технологияи таълимию иттилоотӣ дар сиёсати давлатӣ мақоми меҳвариро соҳиб аст. Инкишофи ҷомеа тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва умуман ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг, пеш аз ҳама ба рушди босуботи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони давлат вобаста мебошад.

 

Буҳрони замони ҳозира, иттилоот ва донишҳои назарраси технологӣ пешрафти иқтисодиёти ҷаҳони навро ба вуҷуд овард. Равшанфикрони саросари ҷаҳон аз мушкилоти буҳрон дар соҳаи илму маориф нигаронӣ намуда, барои аз чунин ҳолат раҳо намудани он ба кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат мекунанд. Дар ин раванд, дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иттилоотии Тоҷикистон низ тағийроти ҷиддӣ ба вуқӯъ пайваста, аз ҷомеа доир ба соҳаи мазкур муносибати навро тақозо менамояд. Вазъияти куллан нави иҷтимоию педагогӣ ба миён омада, хусусият ва мақсадҳои муассисаҳои таълимӣ талаботи навро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, мақсади гузариши ҳамаи пайвандҳои системаи маориф, яъне стратегия, назария, методология ва технологияро ба шароити нав замимагузорӣ намуд.

 

Ислоҳоту инкишоф аз мафҳумҳои асосии соҳаи маориф дар ҳама давру замон маҳсуб меёбанд. Имрӯз мо роҷеъ ба интергратсия (ҳамгироӣ) ва глобализатсия (ҷаҳонишавӣ), дастрасии омма ба таҳсил, таъмини баробариҳои гендерӣ ва сифати таълим, мавқеъи оила (падару модар) дар тарбияи фарзанд, ташаккули шахсияти ҳамаҷониба инкишофёфта ва рақобатпазир дар бозори меҳнат, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ дар ҷавонон ҳамчун муҳимтарин масъалаҳои маориф ҳарф мезанем.

 

Мо оид ба ҳамгиро намудани илму иноватсия бо технологияиҳои муосир, ташаккули низоми самараноки инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатнокии истеҳсолот, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот, суръатбахшии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ  мусоидат менамоянд, бояд таҳлил намуда, тамоюлҳо ва равандҳои таълими кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва ташкилотҳои алоҳидаро ба назар гирифта, ислоҳотро дар системаи маорифи Тоҷикистони муосир ба таври ҷадид ба роҳ монем.

 

Панҷшанбе НАЗАРШОЕВ,

 унвонҷӯи Академия

Похожие записи