МАСЪАЛАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА МИНТАҚАВӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Президент в ОООН

Манфиатҳои миллӣ, бақои амният ва суботи кишвар омилҳои асосии баромадкунанда дар фаъолияти роҳбарон ва пешвоёни кишварҳо маҳсуб меёбанд. Таҳлилҳои фаъолияти байналмилалии роҳбарони кишварҳо дар соҳаҳои амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои худро дар раванди ҳамкориҳои мутақобила амалӣ месозанд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонии асри XXI яке аз аввалинҳо шуда, аз минбари баланди СММ дар мавриди паҳншавии хатари терроризм ва таҳдидҳои он ба ояндаи инсоният се даҳсола пеш ибрози назар намуданд. Хусусан, амали террористие, ки 11-уми сентябри соли 2001 дар нерумандтарин кишвари дунё Штатҳои Муттаҳидаи Амрико анҷом дода шуд, дар ин маврид ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд: “Террорист дин, мазҳаб, ватан, миллат ва марз надорад”.

 

Таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар алоқамандӣ бо вазъияти кунунии ҳарбиву сиёсӣ ва амниятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон яке аз масъалаҳое мебошанд, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аксар маврид дар ҳамаи суханрониҳои худ ҳам дар сатҳи дохилӣ ва хориҷӣ ва ҳам дар сатҳи дуҷонибаю бисёрҷониба бо сарони кишварҳои гуногун, ҳамзамон аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), инчунин ҳангоми вохӯрӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеаи мамлакат, конфронсу форумҳои гуногуни байналмилалӣ, паёмҳои ҳамасола ва мусоҳибаҳо бо рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ба он ишора менамоянд.

 

Нигаронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъияти кунунии ҳамсоякишвари мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки тамоми хавфу хатарҳои муосир, ба монанди экстремизм ва терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дигари фаромиллии дар ин кишвар рушдкарда, ки ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ таҳдид менамояд, бесабаб нест.

 

Аз як ҷониб, мубориза алайҳи экстремизми динӣ ва терроризм, қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон абарқудратҳоро муттаҳид созад, аз ҷониби дигар, ба ҳам зид будани манфиатҳои геополитикӣ ва геоиқтисодӣ онҳоро аз ҳам ҷудо сохтааст. Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ чунин зикр кардаанд: “Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯйӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст”.

 

Таъкид бояд кард, ки ҳеҷ як кишвари ҷаҳон, ҳатто давлатҳои абарқудрат аз хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм эмин буда наметавонанд. Вазъи печидаи ҷаҳони муосир, ҷаҳонишавии сиёсати давлатҳои абарқудрат, бархӯрди тамаддунҳо ва доман паҳн кардани терроризм аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳисси волои ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандориро тақозо менамояд. Моро мебояд, ки бо назардошти равандҳои нави сиёсию амниятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақа, сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намоем ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба гуфтаҳою фитнаангезиҳои баъзе аз шаҳрвандони кишвар, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон паноҳ бурда, ба фаъолияти экстремистӣ машғуланд, дода нашавем, ҳамзамон, ҷиҳати ҳифзи марзу бум ва якпорчагии сарзамини аҷдодиамон ҳамаҷониба омода бошем.

 

Меъроҷиддини НАСРИДИН,

мудири кафедраи дипломатия ва муносибатҳои

байналмилалии АИДНПҶТ

Похожие записи