МАҲФИЛИ “ВОРИСОНИ КУРУШ” ГУЗАРОНИДА ШУД

IMG_5011

Тибқи нақша-чорабиниҳои факултети дипломатия ва сиёсат ва кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Академия маҳфили навбатии илмии “Ворисони Куруш” дар мавзӯи “Мафҳуми паноҳгоҳ ва хусусиятҳои паноҳгоҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ” баргузор гардид.

 

Дар кори маҳфил муовини декан оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, муаллими калон Мирзоева Ф., муовини декан оид ба таълим Носирзода М., мудири кафедра Саидмухторов А. ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Кори маҳфилро муовини декан оид ба илм ва инноватсия Мирзоева Ф.  оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Дар идома мудири кафедра Саидмухторов А. баромад намуда, қайд намуд, ки муҳоҷират дар замони муосир аз зумраи муаммоҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Пешигирии зиёдшавии шумораи гурезагон ва паноҳҷӯяндагон бо роҳи таъмини сулҳу амният ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон аз вазифаҳои асосии давлату Ҳукумат маҳсуб меёбад.

Дар раванди кори маҳфил донишҷӯёну магистрантон доир ба мавзуъҳои “Мафҳуми паноҳгоҳ ва таърихи пайдоиши он” ва “Муҳоҷирати экологӣ ва паёмадҳои он” маъруза намуданд.

Дар қисмати музокираи маҳфил иштирокчиён доир ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷират ва паноҳандагӣ мулоҳизаронӣ намуда, ба саволҳои худ аз маърузачиён ҷавоб пайдо намуданд.

Похожие записи