МОҶАРОҲОИ СИЁСӢ ВА БАРХӮРДИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

ClashOfCivilization-Map.svg

Раванди сиёсӣ ки як навъ таҷассуми ба ҳам таъсиррасонии воқеии субъектҳои сиёсат ба ҳисоб меравад, наметавонад ҳолати якмароми мавҷудиятро соҳиб бошад. Зеро маҳз раванди сиёсӣ, ки дар ҷомеа тағйиротҳои ҷузъиву куллӣ ба амал меорад, метавонад инкишофи босуръат ё баръаксро соҳиб бошад.

Раванди сиёсӣ дар баробари тағйирпазирии шуури омма холатҳои махсуси худро соҳиб мешавад. Яъне маҳз субъектҳои асосии он омили мураккабгардии раванди сиёсӣ мегарданд. Мураккабгардии раванди сиёсӣ ҳолатҳои моҷарогароиро ба вуҷуд меорад. Аслан он дар натиҷаи ба ҳам наомадани манфиатҳо ё сарфи назар шудани иродаи гурӯҳи синфӣ ва аз ҳуқуқҳои махсуси доштаи худ истифода карда натавонистани онҳо ба амал меояд, ки бевосита ҳолати осоиштаи ҷомеаро табдил ба ҳолати моҷарогароӣ медиҳад. Тарафҳои даргирро лозим меояд, ки баҳри бартарафнамоии моҷаро роҳҳои самаранокро пеш гиранд. Дар ягон ҳолат моҷаро ҳалли худро намеёбад агар гузаштани ҳар ду ҷониб ва ба эътиборгирии манфиатҳои тарафайн мавҷуд набошад. Баҳри бартарафнамоии ҳолати моҷарогароӣ маданияти баланди сиёсии ҷонибҳо ва қабули қарору созишномаҳои ҳаматарафа санҷидашуда мусоидат мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷомеаи муосир ҳолати моҷарогароӣ дар раванди сиёсӣ ҳангоми қабули қарори сиёсӣ, интихобот ва маҳдудияти ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳуқуқ ба моликият сар мезанад, ки он метавонад ба моҷароҳои мусаллаҳона омада расад.

Бояд қайд намуд, ки дар шароити имрӯзаи инкишофи ҷомеа яке аз масъалаҳои мубрам ва актуалӣ моҷаро ва роҳу воситаҳои бартараф намудани он дониста мешавад. Аз оғози пайдоиши ҷомеа инсоният бо моҷароҳо шинос буд. Ҷангҳо дар тамоми марҳилаҳои рушди ҷомеа дар байни инсонҳо, кишварҳо ва иттифоқи давлатҳо ба вуҷуд меомаданд.

Муқовимату муҳорибаҳо баҳри ишғоли манфиатҳо ва сарватҳо ба миён меомад. Онҳоро мухолифатҳои динӣ, маданӣ, идеологӣ, этникӣ ва ғайраҳо тавлид менамуданд. Моҷароҳои мусаллаҳона ҷони нафарони зиёдро аз байн бурда, харобкории калонро ба вуҷуд меоварданд. Ҳамаи ин аъзоёни ҷомеаи ҷаҳониро водор месохт, ки чорабиниҳои заруриро баҳри нигоҳ доштани сулҳ дар сайёра амалӣ созанд.

Моҷароҳои муосир яке аз омилҳои асосӣ дар ҷаҳон гардидаанд. Онҳоро идора намудан душвор мегардад, аз ин рӯ моҷароҳо тамоюлҳои паҳншавиро соҳиб мешаванд ва иштирокчиёни зиёдро фаро гирифта, таҳдиди ҷиддиро натанҳо ба шахсони дар он дохил буда, балки тамоми инсонҳое, ки дар сайёра умр ба сар мебаранд, ба вуҷуд меоранд.

Аз давраҳои қадим, дар ҳолати ба миён омадани зиддияту мухолифат ва моҷароҳо, кӯшиш карда мешуд, ки роҳу воситаҳои асосии ҳалли онҳо таҳия ва мавриди истифода қарор дода шавад. Ин буд, ки дар кишварҳои алоҳида таҷрибаи муайяни ҳалли моҷароҳо ба даст оварда шуд. Қайд намудан зарур аст, ки роҳу воситаҳои асосии ҳалли моҷароҳо дар шароити имрӯза, асосан дар доираи ақидаҳо ва таҷрибаҳои ба даст овардашудаи пешина ташаккул меёбанд.

Маврид ба зикр аст, ки бавуҷудоии ҳолати моҷарогароӣ бе объект ва субъект буда наметавонад. Ба сифати объект метавонад, идеология, ғоя, сарватҳо ва кӯшишҳо баҳри ҳокимиятхоҳӣ ва дар умум ба ҳам наомадани манфиатҳои гурӯҳҳои моҷарогар субъектҳои моҷаро, зоҳир шаванд. Чун ҳар як моҷароро заминаи бавуҷудоӣ мавҷуд аст, ки онро кӯшиш баҳри таъмини манфиатҳо ташкил медиҳад. Агар ин таъминот дар сатҳи баназаргирии таносубият сурат нагирад, метавонад, давомнокӣ ва мураккабиятро ба худ гирад.

Роҳу воситаҳои пешгирии ҳолатҳои моҷарогароӣ дар ҳар як ҷомеа манфиати худро дорад. Ин бевосита бо баназаргирии шуур ва маданияти гурӯҳҳои бавуҷудорандаи ҳолатҳои моҷарогароӣ сурат мегирад ва ҳар як роҳу воситаи аз байн бурдани ҳолати моҷарогароӣ ва ё пешгирии онро аз омили сарзании он бояд ҷуст. Ҳолати моҷарогароӣ дар ҷои хушку холӣ ва бидуни норасоии манфиатҳо сар намезанад. Бинобар ин ба ҳар як навъи зуҳури ҳолатҳои моҷаро ба диди бадбинӣ ва душманӣ муносибат кардан хатост. Зеро он муносибати одилонаро талаб мекунад.

Маврид ба қайд аст, ки омили асосии ба вуқуъ пайвастани моҷароҳо дар шароити муосир ин бархӯрди манфиатҳо ва бо ҳам мувофиқ наомадани муносибатҳои стратегӣ ва дигар сатҳи ҳамкориҳо миёни давлатҳои пешрафтаи олам мебошанд. Аз ин рӯ, имрӯз зарурати он омадааст, ки мо, ҷавонон дар таҳкими манфиатҳои миллӣ ва аз байн бурдани ҳама навъи моҷароҳо талошҳои ҳамешагӣ намоем.

Суманбону СОБИТЗОДА,

магистранти Академия

Похожие записи