МО ВАТАНДОРЕМ, ФАХР АЗ КИШВАРИ ХУД МЕКУНЕМ…

Palace_of_Nations_and_the_Flagpole,_Dushanbe,_Tajikistan

Мафҳуми Ватан бо ҷанбаҳои гуногун иртибот дошта, ба таври гуногун шарҳ дода мешавад. Ватан маконест, ки мо ба дунё омадаем ва ба воя расидаем. Ватанро метавон ба ҳувият, фарҳанг, забон, анъана ва таърих пайванд дод. Ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан метавонад эҳсоси қаввӣ бошад, ки одамонро ба ҳам мепайвандад ва онҳоро ба кор ба манфиати кишвари худ рӯҳбаланд мекунад. Муҳаббат ба Ватан дар ҳаёти ҳар як кишвар ва мардуми он нақши муҳим дорад.

 

Оромиву шукуҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста acт. Aгар Ватан орому осуда бошад, дар саросари он cyлҳу субот ҳукмрон мегардад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои ycтувop набошанд, акси ин ҳол ба миён меояд.

Myҳaббат ба Ватан асосан аз овони кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қaтpa оби Baтан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи он xизмат кардан, масъулият нисбат ба таърих, фарҳанг, анъана ва мардуми он мебошад. Вақте ки инсонҳо фарҳанг, таърих ва анъанаҳои худро мефаҳманд, онҳо метавонанд онҳоро беҳтар қадр кунанд ва нигоҳ доранд. Мероси фарҳангӣ унсурҳои зиёдеро дар бар мегирад, ба монанди забон, урфу одатҳои мардумӣ, санъат, меъморӣ ва ғайра. Ин унсурҳо як қисми шахсияти мардум мебошанд ва метавонанд барои нигоҳ доштани мероси фарҳангии онҳо дар тӯли наслҳо кӯмак кунанд.

Ватандӯстӣ дар ташаккули ваҳдат ва ҳамбастагии ҳар як миллат нақши муҳим мебозад ва шаҳрвандонашро ӯҳдадор мекунад, ки дар рушд ва шукуфоии кишвар ва пешрафти мардуми он мусоидат намояд. Ин метавонад боиси омодагии бештари мардум барои дифоъ аз кишвари худ гардад. Ваҳдат дар ҳамбастагии миллат аз як гиребон сар баровардан, поктинатӣ, якдигарфаҳмӣ ва эҳтиром байни мардумон ифода меёбад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҷаҳду талошҳо дар роҳи фардои озоду ободи кишвар равона шудааст.

Хизмат барои ҳар як шахс ин вазифаи муқаддас буда, моро зарур аст, ки тарбияи наслу наврасро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, халқ ва миллати худ сафарбар намоем. Қабл аз ҳама, моро зарур аст, ки бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкориро бо маром идома дода, нақшаву барномаҳои пешгирифтаи давлатро таъмин намоем.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шахси ватандӯст мояи ифтихор ва қарзи шаҳрвандӣ эътироф мешавад. Ҳар як марди барӯманди тоҷикро зарур аст, ки Ватани хеш, миллат, марзу бум ва ҳар қатра обу хоки диёрашро муқаддас шуморида, барои ҳимояи он камари ҳиммат бандад. Мо, ҷавонон сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шиори худ дониста, баҳри рушди Ватани азизи худ содиқона хизмат менамоем.

Дар маҷмуъ, худоогоҳиву худшиносоии миллӣ ҷавононро водор месозад, ки ба қадри Модар-Ватан, муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ, озодӣ, соҳибистиқлолӣ, инчунин, ба арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху фарҳанги куҳани халқи худ расанд ва барои гузоштани мероси арзанда ба наслҳои оянда кӯшиш намоянд.

Мо, ҷавонон кӯшиш менамоем, ки зарае ҳам бошад барои ободии ин сарзамин саҳми хешро гузорем. Фарзандони бонангу номуси Ватани хеш бошем ва нагузорем, ки ҳеҷ нохалафе ба ин оромию осудагии кишвари азизамон монеа шавад. Ватанамонро дӯст медорем ва ҳифз намудани онро қарзи шаҳрвандии хеш мушуморем.

Ҷалолов ШОДМОН,

магистранти Академия

Похожие записи