МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ МАСЪАЛАИ МЕҲВАРӢ ДАР СИЁСАТИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ

коррупсия

Бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

 

Дар семинари мазкур устодону донишҷуён, мутахассисон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намудаанд.

 

Семинаро Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои меҳварӣ буда, муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Ин дар ҳолест, ки кишвари мо аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, бо ташаккули заминаҳои ҳуқуқию сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуда буд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарини конвенсияҳо ва ниҳодҳои  байналмилалӣ дар самти мубориза бо коррупсия буда, дар Осиёи  Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз лаҳзаи таъсиси шабакаи  зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (соли 2003)  узви он мебошад.

 

Ҳачунин, зикр гашт, ки муқовимат бо коррупсия ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он раъйи қавии ниҳоди ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию сиёсӣ, банақшагирии  стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

 

Иштирокчиён дар мавзӯъҳои “Натиҷагириҳо аз татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Таъсири омилҳои коррупсионӣ ба амнияти миллӣ”, “Роҳҳо ва усулҳои мубориза бо коррупсия дар ҷомеа” ва “Молодёжь против коррупции”  баромад намуданд.

 

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ ба баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа равона карда шуда, дар коҳиши ин зуҳуроти номатлуб замина гузошт.