МУРОҶИАТ БА САРЧАШМАҲОИ РАСМӢ ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ ИТТИЛООТ

Ғафоров Д. (3)

Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари палӯҳои мусбӣ як қатор омилҳои манифро низ дарбар мегирад. Яке аз мушкилиҳои ин раванд таъмини амнияти иттилоотӣ мебошад.

 

Дар замони муосир ва давраи рушди кайҳонии технологияи навин ва рақамӣ ҳама гуна иттилооти бардурӯғ ва носаҳеҳ паҳншуда, мардумро ба таҳлука меандозад. Ин раванд бошад, амнияти давлатҳои аз лиҳози иқтидори муборизаҳои иттилоотӣ сустро зери хатар қарор додааст. Дар айни ҳол ба мо маълум аст, ки амнияти дилхоҳ давлат аз амнияти иттилоотияш вобастагии калон дорад.

 

Вазъияти ҷаҳони иттилоотӣ таъсири манфии худро ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ расонидааст. Аз ҳамин лиҳоз ҳатто давлатҳои абарқудрат низ дар баробари таҳдиду хатарҳое, ки ба амнияти иттилоотӣ марбут аст, мубориза мебаранд. Таъмини амнияти иттилоотии кишвар талошу заҳматҳои зиёдеро талаб мекунад. Бо боварӣ метавон гуфт, имрӯзҳо давлате дар ҷаҳон нест, ки амнияти иттилоотияш пурра таъмин бошад. Аммо ҳамаи кишварҳо ба таъмини амнияти иттилоотияшон диққати аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Тоҷикистон низ аз ин шумор истисно набуда, пайваста барои таъмини амнияти иттилоотӣ ва пур кадани фазои иттилоотии кишвар диққати махсуси зоҳир намуда, доимо барои таъмини он талош менамояд. Лекин бо вуҷуди ин ҳама бояд иқрор шуд, ки то ҳол мушкилот дар ин самт вуҷуд дорад.

 

Соли сипаригардида ҳудуди 80 фисади ахбори ҷаҳонро масъалаи пандемияи коронавирус дар бар мегирифт. Расонаҳои хабарии тамоми олам оид ба он ҳарф мезаданд. Маълумотҳои хеле зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ марбут ба он паҳн гардид. Мусаллам аст, ки аксари он маълумотҳо, махсусан аз ҷиҳати оморӣ дурусту дақиқ нестанд. Мушкили ин раванд дар он аст, ки таъсири манфии чунин иттилооти бардурӯғ ба тафаккури ҷомеа бетаъсир намемонад. Вақте ки дар фазои иттилоотии кишвар маълумоти бардурӯғ зиёд бошад, аллакай амнияти иттилоотӣ зери хатар аст. Маҳз дар шароити буҳронӣ воситаҳои иттилоотрасонии ғайрирасмӣ фаъолтар мешаванд ва кӯшиш мекунанд, ки бо ахбори пурвоҳима таваҷҷуҳи оммаро ба худ ҷалб созанд.

 

Бояд гуфт, дар раванди муборизаҳои иттилотӣ ва пешгири ахбори бардурӯғ аз тариқи расонаҳои шахсӣ ва ғайрирасмӣ, зарур аст, ки воситаҳои хабарии давлатӣ бештар фаъол бошанд. Хеле муҳим аст, ки ахбороти дақиқ ва саҳеҳ маҳз тавассути ин расонаҳо пешкаши омма гардад. Инчунин талоши бештар бар он равона гардад, ки шаҳрвандон ба ин манбаъҳо эътимод дошта бошанд. Дар шароити замони муосир аз имконоти техналогияи коммуникатсионӣ самаранок бояд истифода шавад. Дар паҳни иттилооти расмӣ зарур аст, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба сифати воситаи асосии иттилоотрасон кумак намоянд.

 

Дар давраи таҳоҷҷуми иттилоотӣ ҳар нафар бояд дар алоҳидагӣ ба дурустии ахбори мавриди назараш диққати ҷиддӣ диҳад. Манбаи хабар бояд санҷида шавад. Пеш аз хондан ва паҳн кардани маълумоти дарёфтшуда дар сомонаи интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ шахс бояд аз сарчашмаи маълумот ё хабар огоҳӣ дошта бошад. Ҷустуҷӯ ва мутолиаи хабарҳо танҳо бояд аз манбаъҳои боэътимод бошад. Дар айни замон, ки давраи бениҳоят ҳасос аст, ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки сарчашмаҳои иттилоотӣ хеле зиёд ва гуногунанд, аммо на ҳамаи маълумот, ки дар интернет паҳн мегарданд, дурусту дақиқанд. Аз ин рӯ, дар истифодаи хабар ва маълумоти интернетӣ, барои ҳифзи амнияти иттилоотӣ бояд эҳтиёткор бошем. Ҳама маълумоти мафриди истифодаро аз сарчамаҳои расмӣ ва маъхазҳои дақиқ дасрат намоем.

 

Ҳафизов САРВАР,

магистранти Академия

Похожие записи