НАВРӮЗ – ҶАШНИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН

photo_2021-03-20_12-24-38

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занон ва духтарони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз маҳфили бадеӣ-адабӣ зери унвони “Наврӯз –ҷашни бостонии тоҷикон” баргузор гардид.

 

Мудири бахши кор бо занон ва духтарони Академия Рухсора Давлатова маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, диққати иштирокдоронро ба тамошои навори наврӯзӣ ҷалб намуд.

 

Муовини ректор оид ба корҳои идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа н.и.п. Аҳмадзода Зулфия аз номи Раёсати Академия ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳният гуфт. Мавсуф аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда иброз дошт, ки “Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳилаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонад ҳамчун омили муҳимми ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд.”

 

Муовини раёсати таълим Маҳмадов Иброҳим дар мавзӯи “Наврӯз – рамзи тамаддуни инсонӣ” тариқи слайдҳо аз таърихи ҷашни Наврӯз, анъанаву расму оинҳои наврӯзӣ бо далелҳои таърихӣ ва истинод аз сарчашмаҳои адабӣ сухан ронд.

 

Мавзӯи “Наврӯз дар шеър” аз ҷониби сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, шоираи ҷавон аз шеърҳои тозаэҷоди худ намунаҳо қироат кард.

 

Донишҷӯёни Академия дар васфи баҳору Наврӯз шеърҳои пурмазмун қироат намуда, байни иштирокдорон базми шеър барпо карданд.

 

Маҳфил судманд анҷом пазируфт.

Похожие записи