ҶАҲОНИШАВИИ НАВРӮЗИ АҶАМ ВА НАҚШИ ОН ДАР МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

IMG_0001

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмию адабии навбатии дипломатон – “Фиристодагон” дар мавзӯи “Ҷаҳонишавии Наврӯзи Аҷам ва нақши он дар муносибатҳои байналмилалӣ” баргузор гардид.

 

Дар маҳфили мазкур ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Комилбек Амид Ёрбек, директори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ Бобозода Фаридун Толибҷон, мудири  кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ Меъроҷиддини Насриддин, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳангӣ дар ЮНЕСКО, мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаломов Мирзошариф,  омӯзгорони кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмиллалӣ ва магистрантони риштаи муносибатҳои байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

 

Маҳфилро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Комилбек Амид Ёрбек ҳусни оғоз бахшида, аз суханронии Пешвои миллат бобати ҷашни Наврӯз ёдовар шуд, ки дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани ҷашни Наврӯз ҳаргиз тасодуфӣ нест. Имрӯз ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар ба арзишҳои олии маънавию ахлоқии фарҳанги наврӯзӣ ниёз дорад.

 

Бобозода Фаридун директори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ бо сухани муқаддимавӣ аз ташаббуси магистрантон изҳори хушнудӣ карда, инчунин зикр карданд, Наврӯз дар худ моҳияти инсонпарварӣ ва зебоипарастиро дорост. Мо тоҷикон, ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ, баҳору эҳё дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ ва бошукӯҳ таҷлил менамоем.

 

Мирзошариф Абдусаломов ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои мероси фарҳангӣ дар ЮНЕСКО дар мавзӯи “Ҷаҳонишавии Наврӯзи Аҷам” маърузаи худро бо намоиш (презентатсия) –и аксҳои таърхию санадҳои аз ҷониби ЮНЕСКО додашуда ироа намуд.

 

Дар идомаи маҳфили “Фиристодагон” мудири кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Меъриҷиддини Насриддин дар мавзӯи “Нақши ҷашни миллии “Наврӯзи Аҷам дар муносибатҳои байналмилалӣ” изҳори назар карданд.

 

Ҳамин тавр маҳфил дар фазои хуби адабию фарҳангӣ ва илмию ахлоқӣ сурат гирифт.

 

Аксҳо

Похожие записи