НАЗАРЕ БА ЭҶОДИЁТИ ШОИРОНУ АДИБОНИ ХАТЛОНЗАМИН ДАР АСРҲОИ ГУЗАШТА

Халқи тоҷик аз зумраи он халқҳоест, ки бо таърихи тӯлонӣ, адабиёти оламшумул ва эҷодкориву фарзонагӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Агар ба таърих, тамаддун ва фарҳанги башарӣ дар сарчашмаҳои мухталифи арсаи ҷаҳонӣ нигарем, шоҳиди он мешавем, ки ниёгони барҷастаи мо дар тӯли қарнҳои гузашта аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун эҷодкорони тамаддуни қадими Шарқ арзи ҳастӣ намудаанд ва ба фарҳанги башарият саҳми арзишманд ворид кардаанд.

 

Таърих шаҳодат медиҳад, ки мардуми Хатлонзамин бисёр бузургмардонеро ба арсаи тамаддуни башарӣ додааст, ки бо хираду заковат ва донишу маърифати худ дар пешрафти илму фарҳанги ҷаҳонӣ саҳм гузоштаанд. Тибқи маълумоти маъхазу сарчашмаҳои хаттӣ ва маводи бостоншиносӣ мардуми Хатлонзамин дар инкишофи илму фарҳанги на танҳо Осиёи Миёна, балки дар тамаддуни ҷаҳони ислом низ нақши босазо гузоштаанд. Абдусалом Деҳотӣ дар мақолааш бо номи «Шоирони кӯҳистон» масъалаи омӯхтани эҷодиёти шоирони кӯҳистони тоҷикро ба миён гузошта, барҳақ зикр намуда буд, ки «Даҳҳо шоирон ва адибони истеъдоднок дар камбағалӣ, хорӣ, дар асорати надимии мирҳои Ҳисор, Кӯлоб, ҳокимони Балҷувон, Дарвоз ва ғайра ҷон додаанд, ё бо гуноҳи саркашӣ кардан аз маҳдудкунии онҳо маҳв ва беному нишон карда шудаанд. Маҳалҳо, таърих ва тазкираҳоро ҷустуҷӯ карда, зинда гардонидани номи шоирони кӯҳистонии тоҷик ва омӯхтани эҷодиёти онҳо яке аз вазифаҳои муҳими мо, ходимони адабиёти муосири Тоҷикистон мебошад».

 

Бо камоли таассуфу нигаронӣ бояд зикр намуд, ки чун дар он давру замон иддаи ками мардум соҳиби хату савод буданд, ашъори шоирони ин давра дар шакли эҷодиёти даҳонӣ паҳн мешуд ва баъзан аз тарафи ашхоси босаводе китобат мегардид. Бо сабабҳои гуногун қисмати зиёде аз осори шуарои Хатлонзамин нопадид гардида, имрӯз дастраси дӯстдорони каломи бадеъ нагардидааст. Як порча манзумае, ки дар таърихи адабиёти форсу тоҷик чун намунае аз нахустин шеърҳо ба забони форсии дарӣ, тоҷикӣ эътироф гардидааст, ба Хатлон ба ҷасуриву мардонагии сокинони ин маҳал дар мубориза алайҳи истилогарони араб оид буда, дар асари муаррихи машҳури арабизабон Муҳаммад Ҳарири Табарӣ “Таърих-ар-расул-ва-л-мулук” сабт гардидааст. Соли 725 волии Хуросон дастнишондодаи Хилофати араб-Асад ибни Абдуллоҳ ба Хатлон ҳуҷум овард. Ҳокими Хатлон аз хоқони турк Курсуғонун мадад хост. Хатлониён ва туркон қисме аз лашкари Асад ибни Абдуллоҳро нест карда, ӯро ба ақибнишинӣ ба сӯи Балх маҷбур намуданд. Сокинони шаҳри Балх, ки гувоҳи ҳазимати Асад ибни Абдуллоҳ буданд, дар ҳаққи ӯ суруди тамасхуромезе офаридаанд:

 

Аз Хуталон омадия,

Ба рӯ табоҳ омадия.

Обор боз омадия,

Хушку низор омадия.

 

Порчаи шеъри дигаре, ки ба минтақаи Кӯлоб марбут аст, ҳангоми ҳафриёт дар мавзеи Ҳулбук дастрас гардидааст:

 

Лаб ҳаме хвашмаза,

Абра камони ғамза.

Тираш хаданги Ҳамза,

Чашмакаш ҳалоки дилҳо.

 

Ин навишта ба асрҳои 9-10 рост меояд. Нусхаи асли ин ёдгорӣ дар Эрмитажи Санкт Петербург (Россия) маҳфуз аст.

 

Аз маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд ки дар асри 10 Хуталон ҷузъе аз давлати абарқудрати Сомониён будааст. Дар ин ҷо чун дигар қаламрави давлат илму адабу фарҳанг вуҷуд дошт ва шоирону нависандагони зиёд ба кору фаъолияти эҷодӣ машғул будаанд.

 

Баъди шикасти давлати Сомониён ва сари ҳокимият омадани сулолаҳои туркнажод ҳуҷуми муғулҳо ва ғайра ҳаёти илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ мисли дигар минтақаҳои тоҷикнишин дар Хатлон рӯ ба таназзул ва инқироз овард. Аз ин ҷост, ки дар осори таърихиву сарчашмаҳои адабӣ оид ба намояндагони адабиёти форсу тоҷики асрҳои 13 аз минтақаи Кӯлоб ҳеҷ гуна маълумот сабт нагардидааст. Эҳёи адабии Кӯлоб дар асри 14 бо номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ донишманд ва адиби мутасаввифи форсу тоҷик вобаста аст. Ин олими бузург муддате сокини Кӯлоб буда, дар атрофи худ донишмандон ва аҳли адабро ҷамъ кард. Яке аз шогирдони маъруфи ӯ Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ мебошад, ки бо Мир Сайид Алӣ робитаи илмию фарҳангӣ доштааст. Шубҳае нест, ки дар маҳфилҳои ӯ низ шоирону адибон ҷамъ наомада бошанд.

 

Ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ беш аз 70 асари илмиву ирфонӣ ва адабиро нисбат медиҳанд. Таълифоти ӯ фарогири мавзӯъҳои фиқҳ, тафсир, ҳадис, эътиқодот, тасаввуф, фалсафа, ахлоқ, сиёсат, афкору аврод ва ғайра мебошанд.

 

Муҳимтарин асари Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ “Захират-ул-мулук” аст, ки дар мавзӯи ахлоқ, сиёсатмадорӣ ва мамлакатдорӣ таълиф шуда, ба мутафаккирони баъдина, аз ҷумла Абдураҳмони Ҷомӣ ва Аҳмади Дониш таъсири судманд расондааст. Асар аз 10 боб иборат аст, ки дар онҳо аз камоли имон, ахлоқи хамидаи инсонӣ, ҳуқуқи марду зан ва мавзуъҳои ахлоқӣ сухан меравад.

 

Аз таълифоти арабии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ “Шарҳ-ул-асмо-ил-ҳусно”, “Асрор-ун-нукта”, “Равзат-ул-фирдавс”, “Манозил-ус-соликин”, “Фи-уламо-ид-дин”, “Фи-фазл-ил-фаҷр”, “ал-Инсон-ул-комил”, “ал-Арбаин фи фазоили Амирил-мӯъминин” шуҳрати бештар доранд.

 

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ табъу завқи баланди шоирӣ ҳам доштааст ва андешаҳои фалсафӣ ва пандуахлоқро дар либоси шеър низ ҷилва додааст. Аз ӯ як девон ва маҷмӯаи ғазалиёт то замони мо расидааст. Намунае аз каломи манзуми Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ:

 

Бар хони мустамандон доғе зи ғам ниҳоданд,

К-аз сӯзи ӯ ду олам дар ҳайрат уфтоданд.

Чун бар дари ҳалолаш олам ҷаве наарзад,

Бар ҳар гадои муфлис ин дар чаро кушоданд?    

 

Нусхаҳои хаттӣ ва чопии китобу рисолаҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ дар китобхонаҳои мамлакатҳои гуногун маҳфузанд.

 

Аз асри 16 инҷониб дар тазкираҳо ва сарчашмаҳои таърихӣ оид ба баъзе шоирони Хатлонзамин маълумот дарҷ гардидааст. Масалан, дар тазкираи “Ҳафт иқлим”-и Амин Аҳмади Розӣ (асри 16) аз шоирони кӯлобиасл Мавлоно Одил сухан меравад. Муаллиф аз маҳорати шоир сухан ронда, чаҳор мисраи зеринро аз эҷодиёташ овардааст:

 

Ошиқ шав васли ёри бигзидаи хеш,

Аз баҳри қарори дили ғамдидаи хеш.

Хоҳад, ки дарозтар шавад, бардӯзад,

Бар домани шаб сиёҳии дидаи хеш.

 

Дар ин давра беш аз 40 нафар шоирону адибон ва эҷодиёти онҳо маълум гардидааст. Носеҳ Абдураҳмонхоҷа ибни Мирзоподшоҳи Хатлонӣ дар охирҳои асри 18 ва ибтидои асри 19 дар Кӯлоб зиндагӣ кардааст. Айёми кӯдакиро дар зодгоҳаш гузаронида, маълумоти ибтидоиро аз падараш гирифтааст. Баъдан барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафт. Пас аз хатми таҳсил дар Бухоро сокин шуд. Ба қашшоқию муҳтоҷӣ умр ба сар бурдааст.

 

Чоруқи кӯҳна буд попӯшам,

Чакмани пора-пора бар дӯшам.

На ба мерос дида моли падар,

На аминам, на марди савдогар…

 

Бояд зикр намуд, ки дар минтақаи Хатлон доираҳои адабӣ дар аввали асрҳои 19 ва 20 фаъолият доштаанд, ки даҳҳо шоиронро тарбия намуда, ба камол расонидаанд. Аз ҷумлаи онҳо Мавлоно Одил, Бисмиллоҳ Мулло Бурҳон, Мирзо Раҷаб, Маҳмудхоҷаи Балҷувонӣ, Ҳоҷӣ Муҳаммад-Ҳусайни Кангуртӣ, Мирзошариф Раҳимзода (Кӯлоб), Мӯсо Ғуломӣ (Кӯлоб) ва даҳҳо тани дигаранд, ки бо ашъори зебову афкори худ адабиёти моро пурраву ғанӣ гардонидаанд.

 

Рухсора ДАВЛАТОВА,

мудири бахши кор бо занон

ва духтарони Академия

Похожие записи