НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ АКАДЕМИЯ ВА ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНУ МАГИСТРАНТОН

IMG_6239

9 январи соли 2023 фаъолияти солонаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ карда шуд.

 

Дар ҷаласаи ҷамъбастии солона ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, мудири шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Мурод, омӯзгорон ва кормандони Академия иштирок намуданд.

Ректори Академия, профессор Ғафурзода А.Д. қайд намуд, ки соли 2022 барои ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли хотирмон ва фаромӯшнашаванда буда, дар ин сол ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ корҳои назаррас анҷом дода шуд.

Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии Раёсати Академия, ин фаъолияти бомаром ба мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият, истифодаи барномаҳои муосири таълимӣ, шаклу усулҳои ташкили раванди таълим ба рушди сармояи касбӣ, инчунин, эҷодиёти коммуникативӣ ва омодагии мутахассисони оянда ба муоширати пурраи касбӣ бо забонҳои хориҷӣ дар соҳаи сиёсӣ ва хизмати давлатӣ мебошад.

Дар идома ректори Академия вобаста ба ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ бо рӯнамо иттилооти зарурӣ пешниҳод намуд.

Дар фарҷом мудири шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Мурод миннатдории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ ва дастовардҳои назаррас расонид.

Таъкид гардид, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни муассисаҳои олии кишвар яке аз фаъолтарин ва пешқадамтарин муассисаҳо ба ҳисоб рафта, омӯзгорону кормандони он дар рушди илму маориф, татбиқи сиёсати давлатӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас доранд.

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди шунидани ҳисоботи солонаи Академия фаъолияти онро қаноатманд арзёбӣ намуд.

Баъд аз шунидани ҳисобот як қатор омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академия бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорнома, Сипосномаи Академия ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Аз ҷумла, декани факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ Бобозода Одилҷон ва сардори шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Носиров Миршароб бо мукофоти соҳавии нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қардонӣ шуданд. Як қатор омӯзгорон ва кормандони Академия барои саҳми арзанда гузоштан дар таъмини рушди Академия, риояи интизоми меҳнатӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тақвияти руҳияи ватандӯстии донишҷӯёну магистрантон ва дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Академия сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, ба муносибати ҷамъбасти соли тақвимӣ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва умумиакадемиявӣ бо дипломҳои дараҷаи 1,2,3, Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

АКСҲО АЗ РАФТИ НАТИҶАГИРИИ СОЛОНАИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

Похожие записи