НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

IMG_5131

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ мақому манзалати устоду олим хеле боло рафт. Ин ҳама аз ғамхориҳои Раҳбари давлат ва боварию эътимод ба кормандони соҳа дарак медиҳанд. Чуноне,ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеч гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”.

 

Маориф манбаи асосии рушди миллӣ буда дар тарбияи қувваи кории соҳибихтисос ва ташаккули иқтидори ҷомеаи босубот нақши ҳалкунанда бозида, таъминоти илм, истеҳсолот, мақомоти идора бо кадрҳои баландихтисос яке аз вазифаҳои муҳимтарини маориф ба ҳисоб меравад, зеро иқтидори зеҳнӣ ба омили муайянкунандаи рушди ҷомеа мубаддал мегардад. Таҷрибаи байналмилалӣ, дар навбати аввал дар кишварҳои рӯ ба инкишоф нишон медиҳад, ки манбаи асосии рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар таҳсилоти миллат аст.

 

Дар ҳама давру замон фаромӯш набояд кард, ки устувории ҳаёти маънавии ҷомеа, ваҳдату ягонагии миллат аз дилгармии коркунони соҳаи илму техника, маорифу маданият ҳифзи шаъну шарафи онҳо, андозаи иштироки онҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа, ҳамзамон аз идеологияи пешрафта ва ягонаи он вобаста аст. Устувории ҳаёти маънавӣ, инкишофи шахсият, ки дар заминаи он аз неруи равшанфикрона ва пешрафта ташаккул ёфта, бо мафҳуми озодӣ ва идеологияи ваҳдати миллӣ зич алоқаманд аст. Инкишофи маънавӣ ва ваҳдат дар ҳамҷоягӣ ҳама вақт озодиро мехоҳад. Дар сояи озодӣ ҳақиқат фирӯз мешавад ва ҷаҳон роҳи камолотро мепаймояд. Рӯҳе, ки истиқлолу ваҳдат надорад ва тобеи дигарон ё мутеъи тамоюлоту шаҳвати хеш аст, нерӯманд нест. Ин аст,ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба душ гирифтани роҳбарии давлат ба мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ, ҷангу муҳоҷиратҳои шаҳрвандон нигоҳ накарда, кӯшиши зиёд ба харҷ медоданд, то сатҳи таълиму тарбия ва ба талаботи ҷахонӣ мутобиқсозии низоми маорифро таъмин намоянд. Сарвари давлат ба ҳама ин мушкилиҳо нигоҳ накарда дар баромадҳояшон доимо қайд менамуданд, “то замоне, ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаеро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст”. Ба хотири ин ҳадафҳои воло Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кор мекарданд, аз равишу усулҳои гуногун истифода менамуданд ва таҷрибаи ҷаҳониро бо мақсади муваффақ шудан дар ин самт меомӯхтанд.

 

Дар аввалин Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми апрели соли 2002 ба ходимони масҷидҳо муроҷиат намуда гуфтанд: “дар Тамоми дунё кормандони динҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ходимони калисоҳо ва дигар ташкилотҳои динӣ аз ҳисоби кумакҳои хайриявие, ки аз созмонҳои гуногун ва шахсони алоҳида ҷамъ меоянд, ба сохтани мактабҳо, дармонгоҳҳо, шифохонаҳо ва расонидани ёрии башардӯстона ба шахсони муҳтоҷ машгуланд. Дар кишвари мо низ чанд сол пештар ҳама машғули масҷидсозӣ буданд. Оё намешавад, ки ходимони масҷидҳои мо ва кормандони ташкилотҳои динӣ чунин амалҳои некро, мисли ходимони динҳои дигари ҷахонӣ анҷом диҳанд ва ҳадди ақал ба мактабҳо кӯмак расонида синфхонаҳои компютерӣ ташкил намоянд. Зеро мартабаи дониш дар дини мубини ислом бисёр баланд аст ва Пайғамбари ислом низ дар яке аз ҳадисҳои худ фармудааст, ки зи гаҳвора то гӯр дониш омуз!”

 

Сарвари оқилу фарзонаи тоҷикон дар фаъолияти минбаъдаи худ барои рушди низоми таълиму тарбия ва ба стандартҳои ҷахонӣ мутобиқ намудани он аз роҳу равишҳои гуногун ва муассир истифода намудаанд. Ҳамеша бо дар назар доштани тамаддуни қадимтарин, таърихи пурғановату рангин, ганҷинаи гаронбаҳои илмӣ, адабӣ, бадеӣ ва ахлоқии гузаштагонамон, ки таҳкурсии боэътимоди тарбияи наслҳои ояндаи кишвар маҳсуб меёбанд, даъват менамуданд, ки қолабҳои таълиму тарбияи анъанавӣ шикаста шаванд, аз усул ва стандартҳои нави ҷаҳонӣ дар низоми таълиму тарбия истифода гардад.

 

Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маҷлиси фаъолони маорифи ҷумҳурӣ 28-уми августи соли 1995 чунин қайд намуда буданд: “Имрӯз бо соҳибистиқлол гардидани кишвари тоҷикон ва ба миён омадани ниёзи ҷиддӣ барои дарёфти роҳу мароми мустақили ҷумҳуриамон ба сӯйи ояндаи мутамаддин вақташ расидааст, ки мо низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифамонро дар заминаи ҳамон сарвати бебаҳои маънавӣ, ахлокӣ, фарҳангӣ ва равонии халқамон ва педагогикаи миллӣ бо дар назар доштани имконоту тақозои замони муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба роҳ монем”.

 

Дар суханронии хеш бахшида ба Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2015 Пешвои миллат таъкид доштанд, ки: “Ҳатто дар солҳои вазнини ибтидои истиқлоли тамоми фикру андешаи ман ҳамчун Сарвари давлат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф ва дастгирии ин ҷодаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Ва чунон ки мушоҳида мекунед, ман ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ диққати махсус медиҳам ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дастгирӣ менамоям”.

 

Сарвари давлат дар Паёми худ соли 2019 ба мардуми шарафманди тоҷик, доир ба масъалаҳои маориф чунин ибрози ақида намуданд: “Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд. Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст. Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст”.

 

Қайд намудан ба маврид аст, ки яке аз санади тақдирсоз барои рушду нумӯи маорифи Тоҷикистон ин “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” мебошад, ки мутобиқи вазифаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф гузоштаанд, инчунин тибқи мақсадҳо ва вазифаҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 таҳия шудааст. Дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ҳамчунин афзалиятҳои асосии Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, ҳадафу вазифаҳои “Таҳсилот барои ҳама” ва дигар санадҳои муҳимми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта шудаанд. Ин ҳуҷҷат ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта мусоидат намуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои манфиатдор ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар самтҳои афзалиятноки рушди маориф ва татбиқи ҳадафҳои дарозмуддати ислоҳоти соҳаи маориф таъмин менамояд. Санади мазкур ҳамчунин асос барои ҷудокунии оқилонаи захираҳои давлатӣ ва ҷалби маблағҳои донорҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот дар соҳаи маориф мебошад.

 

Дастгирӣ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди соҳаи илму маориф баланд бардоштани мақоми соҳаи маориф дар ҳалли масоили иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа, такмили ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён, бархурдор гардидани онҳо аз дастовардҳои илмию техникӣ рӯҳбахш буда, баҳри амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф ва вазифаҳои муҳимме, ки дар назди кормандони соҳаи илму маориф гузошта шуданд, мусоидат мекунад.

 

Боиси сарфарозист, ки давлату Ҳукумат барои амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намуда, фаъолияти онро ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил равона мекунад. Давлат бо мақсади рушди соҳаи маориф ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамояд. Имрӯзҳо бо кӯмаку дастгириҳои сарвари оқилу фарзонаи тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифи кишвар дар ҷаҳони кунунӣ ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушду такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал мегардад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, қайд мекунад, ки “…дар ин раванд як нуктаро дар назар бояд дошт: дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда,техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд…”

 

Дар шароити имрӯзаи рушди иқтисодиёти ба дониш асосёфта маориф яке аз омилҳои муваффақияти иқтисодии давлат мегардад. Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбияи талабагону донишҷӯён, хулоса аз сатҳи саводнокии миллат вобаста аст.

 

Ҳамин тариқ, нақш ва масъулияти маориф барои рушди глобалии иҷтимоию иктисодӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, ташаккули низоми одилонаи ҷамъиятӣ ва муваффақияти миллии давлат афзун мегардад. Нақши муҳимми маориф дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони имрӯза дарки онро муайян месозад, ки ояндаи кишвар аз он вобаста аст, ки низоми миллии маориф ба кадом андоза барои бунёди иқтидори зеҳнӣ ҳамчун асоси рушди қобилияти аксарияти шаҳрвандон ва таъмини рафоҳати онҳо қодир аст.

 

 

Дилором САЙДАҲМАДЗОДА,

директори Маркази омӯзиши

“Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Похожие записи