НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ КОР БО ҶАВОНОН

Peshvoi-millat

Ҷавонон дар ҳар як давру замон зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат буданд ва ҳастанд. Зеро онҳо насли ояндасози кишвар ба ҳисоб мераванд ва давлат барои ҳарчи бештар дар қалбу рӯҳу равони онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу таърих ва тамаддуни миллӣ, талош мекунад.

 

Дар даврони 70 соли ҳукмронии собиқ давлати Шӯравӣ яке аз соҳаҳои фаъоли ҷамъиятӣ ва ё мактаби омодасозии кадрҳои аз лиҳози иҷтимоӣ ва сиёсӣ обутобёфта, ин соҳаи кор бо ҷавонон бо унвони “комсомол” ба ҳисоб мерафт. Комсомол (Комунистический союз молодеж) ягона низоме буд, ки ҳамчун ниҳоди фаъоли Ҳизби комунистӣ ба омодасозӣ ва таъмини  кадрҳои болаёқат ва ватандӯст барои давлати Шӯравӣ хизмат мекард.

Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ, Тоҷикистон ва дигар давлатҳои узви онро зарур буд, ки сохти нави давлатиро интихоб намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти идоракунии демократиро интихоб намуд, ки фаъолияти минбаъдаи комсомол аллакай бо он мувофиқат намекард, яъне он дигар наметавонист ҳадафҳои аслии худро татбиқ намояд.

Ҳамин тариқ, дар тамоми давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хусусан ҷумҳурии соҳибистиклоли мо фаъолияти комсомол дар нақшаи нави хусусияти давлатидошта — сиёсати давлатии ҷавонон, ки ба сохтори идоракунии демократӣ хос мебошад, ташаккул дода шуд. Ин қарор дар он шароит рӯи кор омад, ки сохти идораи соҳаи кор бо ҷавонон ба таври мукаммал вуҷуд надошт.

Қадами аввалин барои ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон чун амали маъмулӣ аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” аз 13 марти соли 1992 оғоз гардид. Таваҷҷуҳ ва ғамхории падарони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид. Новобаста аз сахтию нокомиҳои пай дар пайи пешомада Пешвои муаззами миллат ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва сиёсати ҷавонон афзалият медод.

Дар даврони соҳибистиклолӣ оиди соҳаи ҷавонон, ки яке аз самтҳои сиёсати дохилии давлат ба ҳисоб меравад, моҳияти ин самти сиёсатро ҳанӯз чанд сол қабл Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин тавзеҳ дода буданд: “Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд… Бинобар ин, Шумо бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсади он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти Шумо — ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст”.  Бо ин мақсадҳои наҷиб санадҳои гуногун аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми майи соли 1997 “Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 1997 “Дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон”, Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон”,- ки механизми амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб мерафт, Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон” барои солҳои 2007-2009 ва 2010-2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” 13-уми марти соли 1992, соли 2004 гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, лоиҳаи нави Қонуни мазкур таҳия гардида, он бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” дар таҳрири нав қабул гардид. Қонуни аввал қабулгардида, ки дар боло ишора намудем, мақсадаш танҳо дар самти дастгирии ҷавонон равона гардида буд ва бо фарқият қонун дар таҳрири нав ба он асос меёбад, ки акнун объекти қонунро дар баробари сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин худи ҷавонон низ ташкил медиҳанд.

Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳар давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллат аз онҳо вобастагии калон дорад. Ҳукумати кишвар низ барои тарбияи ҷавонон як қатор қонуну санадҳоро кабул намуд, ки барои фаъолияти озодона ва комгор гаштани ҷавонон шароити васеъ фароҳам меорад. Махсусан эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон аз таваҷҷуҳи хоси Президенти кишар нисбат ба насли ҷавон дарак медиҳад. Инчунин баргузор гардидани Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, ки бо мақсади дарёфти чеҳраҳои лаёқатманд, боистеъдоду соҳибкасб равона гардидаанд, ҳамзамон муқаррар намудани стипендияҳои Президентӣ барои хонандагони мактабҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, ҷалби ҷавонон дар фаъолияти идоракунии давлатӣ, эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки тавассути он ташаккули донишу маърифати насли ҷавон, дастарсӣ ва қобилияти кор карда тавонистан бо техникаҳои гуногуни замонавӣ ба даст омада, инкишофи донишҳои техникии ҷавонон ва раванди истеҳсолот ва ихтирооти техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш меёбад – ин ва як қатор тадбирҳои дигар шоҳиди гуфтаҳои боло мебошанд.

Дар маҷмӯъ ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки ҷавонон ва масъалаи ба онҳо алоқаманд дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дорад ва ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Чунки маҳз ҷавонони эҳсоси ватандӯстиашон баланд метавонанд, пешбаранда ва ҳимоягари асили кишвар бошанд ва ба рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои он мусоидат намоянд. Бинобар ин рисолати ҳар як ҷавони ватандӯст аз талоши шабонарӯзӣ намудан барои омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз ҷумла илмҳои даққиқ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, кӯшиши кашф намудани ихтирооти наву замонавӣ ва ниҳоятан расидан ба қадри неъматҳои истиқлолияти давлатӣ, дастгирии давлатӣ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат мебошад.

 

Каримов А.Қ.,

мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ

ва хизмати давлатӣ, номзади илми ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Изатуллозода П.Н.,

ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ