НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

Муродалї МИРЗОРАЊИМОВ

Тавре маълум аст, бо таназзул ёфтани низоми шӯравии собиқ давлатҳои иттифоқӣ роҳи мустақилияти усули давлатдориро пеш гирифтанд. Дар ин қатор Тоҷикистони мо низ дар остонаи солҳои 90-ум истиқлоли хешро ба даст овард. Барои давлати навини тоҷикон марҳилаи эҳё ва созандагӣ оғоз гардид. Вале ҳеҷ кас гумон намекард, ки ин марҳилаи таърихи навини тоҷикон, ки таърих ва фарҳанги қадима доранд, ба буҳрони сиёсии солҳои 90-уми қарни ХХ ба ном драмаи миллӣ дучор мегардад.

 

Бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ фазои сиёсии Тоҷикистон солҳои 90-ум тағйир ёфт. Тоҷикистон ҳамчун давлати собиқи Шӯравӣ, низоми сиёсии кӯҳнаро мерос гирифт, ки ба тағйиротҳои демократӣ ҷавобгӯ набуд. Тараққиёти сусти иқтисодии минтақаҳо, суст ҷалб намудани инвеститсияи хориҷӣ, ислоҳоти сусти низоми сиёсӣ, рақобатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат ва ҳамсоягӣ бо кишвари ҷангзадаи Афғонистон боиси сар задани низои сиёсии тоҷикон гашт.

 

Он рӯзҳо [солҳои (1992 -1997)] ҳеҷ кас андеша намекард, ки ин “драмаи миллӣ” кадом роҳи ҳалли худро дорад, баъзе гурӯҳҳои навмед, ҳатто фикр мекарданд, ки на лидери сиёсӣ ҳаст ва на қуввае, ки халқро ором намуда, ба ваҳдат биёрад.

 

Ба ин масъала олимон ва рӯзноманигорон танҳо баъди имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) дар шаҳри Москва баҳои сиёсии худро доданд. Дар ин ҷо сухан дар бораи ҷонфидоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меравад.

 

Котиби Генералии замони СММ Кофи Аннан дар маҷаллаи махсуси русии “Огонёк” соли 2001 ҳамчун дӯсти тоҷикон навишта буд: “Тоҷикистон намунаи хоси ҳалли муноқишаи дохилиро пешниҳод намуд. Фикр мекунам, ки ин ҳиссаи Тоҷикистон дар таърихи истиқрори сулҳ ба ҳисоб меравад”.

 

Лекин ибтидои фаъолияти сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ин Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба шумор мерафт, ки аз ҷумла он вақт ҳамчун раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон чунин суханҳои таърихиро баён намуда буданд: “Ман ҳамчун сиёсатмадор аз рӯи тақдир ба шароити таърихии худ ба сарварии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои душвори муқовимат омадам, ки ҳар рӯзи ҷангро аз байн бурдан, ба Ватан ҳар чӣ зудтар сулҳ ва созиш овардан, ин мақсади олии ман буд, ки барои ба даст овардани он ҳеҷ чизро дареғ намедоштам”.

 

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо дода буд: “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони давлатҳои мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай шаҳодати он мебошад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳ мегузарад, ки монанди он дар дигар кишварҳои ба низоъ дучоргашта вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, ин намунаи хуб барои бисёр халқҳо ва кишварҳо ба шумор меравад”.

Ҳанӯз дар солҳои 384-322 то мелод файласуфи Юнони қадим Афлотун дар асари худ “Давлат» қайд карда буд, ки “дар давлат бояд ҳикмат, шуҷоат, иффат ва адолат ҳукмфармо бошад”.

 

Ба ақидаи Афлотун, сиёсат санъатест, ки донишу маҳорати хоси идоракуниро тақозо менамояд. Донишу маҳорати идоракунии ба худ хос — ин яке аз ҷиҳатҳои муҳими сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки меъёри асосии он хирад ва зеҳни амиқи сиёсӣ мебошад.

 

Дар Иҷлосияи 52-юми Маҷмааи Генералии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор бо дарки сиёсии амиқ изҳор намуд: “Дар байни низоъҳо ва ҳолатҳои буҳронӣ баъди анҷоми “ҷанги сард” аз масъалаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дида муҳимтаре нест, ки ба паҳншавии яроқ, маводи мухаддир, терроризм ва ифродагароӣ дар минтақа мегардад”.

 

Воқеаи 11-уми сентябри соли 2001 амали терроризми байналмилалӣ дар ИМА исбот намуд, ки то кадом дараҷа андешаҳои сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба таҳлил ва баррасии масоили сиёсии минтақа ва ҷаҳон кодир аст.

 

Бинобар ин, сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон то ба арсаи сиёсати бузург омадани ӯ ба ҳайси намояндаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оғоз гардида, ба марҳилаҳои зерин ҷудо мешавад:

марҳилаи якум, солҳои 1990-1991 то қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ ва эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад (24.08.1990. – 9.09.1992);

— марҳилаи дуюм – даъвати Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтидои муттаҳидшавии халқи тоҷик (16.11.1992-6.12.1994);

— марҳилаи сеюм — ташаккули муносибатҳои нави сиёсӣ бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Президенти Ҷумҳурӣ (06.11.1994. -27.6.1997);

— марҳилаи чорум – имзои Созишномаи истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ ва фазои баъдиҷангӣ (27.06.1997 — 11.03.2002);

— марҳилаи панҷум – имзои ризояти миллӣ аз ҷониби ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ (11.03.2002-22.06.2003);

— марҳилаи шашум — гузаронидани райъпурсии умумихалқӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.06.2003-2006);

— марҳилаи ҳафтум – интихоби умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006);

— марҳилаи ҳаштум — гузаронидани райъпурсии умумихалқӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.05.2016);

 

Дар рушд ва инкишофи давлати миллии тоҷикон баъд аз ҳазорсолаҳо талошу хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон буда, ин давраро давраи “Маданияти давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ё худ “Мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон” номидан ҳам мумкин аст.

 

Дар ҷаҳон мактабҳои сиёсӣ, аз қабили мактаби америкоӣ, мактаби англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва ғайра зиёд мебошанд, лекин то ҳол мактаби сиёсии тоҷикон, бахусус мактаби сиёсии муосири он ба пуррагӣ тадқиқ нагаштааст. Аз ин лиҳоз, мактаби сиёсии тоҷикон аз замони Абӯнасри Форобӣ, Ибни Сино, Низомулмулк хеле пурқувват буда, баҳри санъати идоракунии давлат намуна мебошанд.

 

Ба ақидаи муҳаққиқи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Одиназода А.Ш. барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ шароитҳои муайяни иҷтимоӣ зарур аст, ки ба ин шароитҳо дохил мешаванд:

— шароитҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ;

— шароитҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ;

— шароитҳои фарҳангӣ.

 

— Барои ҳамаи ин шароитҳо сарвари сиёсии Эмомалӣ Раҳмон идеяҳои конструктивӣ пешниҳод намуда, равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро омили муҳими давлатдорӣ меҳисобад.

 

Барномаҳои гуногуни рушди иқтисодӣ (бунёди роҳҳо, сохтмони азими НБО – “Роғун”, корхонаҳои саноатӣ, рушди кишоварзӣ ва ғ.), рушди демократия дар Тоҷикистон (бисёрҳизбӣ, озодии матбуот, дину виҷдон, иштироки васеи мардум дар идоракунии давлатӣ), Стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳимояи қишрҳои ниёздоштаи ҷомеа, танзими расму оинҳо, барномаҳои фарҳангӣ (2006-бузургдошти соли тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори шодмон, соли 2009-соли бузургдошти Имоми Аъзам), сиёсати берунии бисёрвектораи давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, робитаҳои қавӣ бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон бидуни низоми сиёсии онҳо ва дигар барномаҳои муштараки инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа номгӯи масъалаҳое мебошанд, ки самтҳои асосии сиёсати Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муайян месозанд.

 

Дар маҷмӯъ, хусусиятҳои муҳими сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инҳо мебошанд:

— фароҳам овардани фазои муътадил дар ҷомеа барои рушди ояндаи бемайлони он;

— ҷонибдории арзишҳои демократии бо назардошти фарҳанг ва психологияи миллӣ хос;

— гуногунандешагӣ, озодии виҷдон, матбуот;

— таҳаммулпазирӣ, эътирофи ҳуқуқи халқҳои сокини Тоҷикистон ва расму русуми онҳо;

— институти бисёрҳизбӣ ва манъи ҳизбҳои хусусияти ифродгароӣ дошта;

— нигаҳдории принсипи дунявияти давлат;

— равобити гуногунвекторӣ бо кишварҳои хориҷӣ, сиёсати дарҳои боз;

— пойдории ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ ва дӯстии халқҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ;

— рушди босуботи иқтисоди миллӣ, ҳимояи бозори дохилӣ, асъори миллӣ;

— давра ба давра кам намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар;

— ҳимояи қишрҳои камбизоати ҷомеа ва ғамхорӣ дар ҳаққи он;

— танзими оила ва ҳимояи иҷтимоии он аз ҷониби давлат;

— танзими расму оин, кам намудани хароҷотҳои зиёдатӣ ва бо ин роҳ ғанӣ гардонидани буҷаи оилавӣ;

— самти афзалиятнок эълон намудани рушди маориф ва наздикшавӣ ба ҷомеаи технологӣ;

— ҳимояи манфиатҳои геополитикии Тоҷикистон ва амнияти дохилӣ ва берунии он;

— танзими равандҳои муҳоҷират, ба бозори меҳнати дохилӣ ҷалб намудани шаҳрвандон.

— ҳимояи ҳаёт, тандурустӣ, ташкили фароғати мусоиди шаҳрвандон бо нигоҳдории хусусиятҳои миллӣ – этникӣ (табдили Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои демократии тараққикардаи озод, соҳибихтиёр ва ҷолиби сайёҳӣ).

 

Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар идоракунии давлатӣ аз он иборат аст, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи  нави Тоҷикистонро эҷод кард. Ҷиҳати 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.

 

Муродалӣ МИРЗОРАЊИМОВ,

мудири кафедраи илмҳои

табиатшиносӣ ва риёзии Академия

Похожие записи