НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪСИС ВА ТАШАККУЛИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

3605789_1000

Дар давраи бениҳоят душвори давлатдорӣ солҳои 1992 таъсис додани Артиши миллӣ барои миллати тоҷик кори саҳл набуд, зеро мардум умеду орзуи худро аз даст қариб, ки медод. Болои сари миллати мо офтоби сулҳу суботи давлатдорӣ дурахшон гашта, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид ва дар ин Иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ дар фикри таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Бинобар ин, бо заҳматҳои шабонарӯзии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз як моҳи фаъолияти корӣ 18 декабри соли 1992 Қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расонида шуд, ки он дар заминаи “Фронти халқӣ” таъсис дода шуд.  Дар натиҷа бори нахуст 23 феврали соли 1993 дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе расмигузашт (парад)-и ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус медоданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки аз рӯзи аввали таъсисёбии Артиши миллӣ, дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираҳо истифода карда мешавад. Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла низомиён аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба вобаста мебошад.

Барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани мактаби мардонагӣ, яъне хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Пешвои миллат назаррас мебошад, зеро сохтану ба истифода додани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ барои ҳомиёни Ватан ва азнавсозиву бо тамоми шароити муосир таъмин намудани ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат қарор дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ба ин самти давлатдорӣ Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи хосса менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи давлатҳои ҷангзада ва давлатҳои ҳамсоя нигоҳ карда, ҳамеша дар фикри мустаҳкам кардани ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ин масъалаи муҳим ва мубрами рӯз 26 декабри соли 2018 дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд: “Вазъияти имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа тақозо менамояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, бахусус, ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд. Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд”.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони шуҷои Ватан тамоми шароити мусоидро фароҳам оварда, баҳри беҳтар гардидани хизмат дар мактаби мардонагӣ ва дигар самтҳои ҷомеа пайваста талошҳо меварзанд.

Ҳамагон хуб огоҳ ҳастем, ки давлатҳои абарқудрати дунё дар чӣ вазъ қарор доранд, аз ин рӯ, ҳар яки моро  зарур аст, ки зиракаии сиёсии худро аз даст надода, дар пайи ҳифзи марзу буми хеш бошем.

23 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” оид ба вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ва омодабошии ҳар яки мо чунин таъкид намуданд: “Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд” .

Бинобар ин,  ҷавонони шуҷои миллатро зарур аст, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда, аз мактаби мардонагӣ гузашта, дар пайи ҳифзи марзу бум ва асолати миллии хеш гарданд.

 

УСМОНОВА А.Х.,

магистранти Академия

Похожие записи