НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Алишер

Дар тӯли таърихи инсонӣ барои ба сӯйи саодату шукуфоӣ ва ободиву осудагӣ раҳнамун кардани халқу миллатҳои алоҳида нақши фарзонафарзандони он хеле муассиру аҳаммиятнок аст. Маҳз корнамоии онҳо маҷмӯи ҳодисоти таърихиро ташкил медиҳад ва бо кору пайкор ва қаҳрамонии онҳо марҳилаҳову давраҳои таърихӣ муайян карда мешавад.

 

Дар таърихи миллати тоҷик низ зиёданд афроде, ки бо фаъолияту корнамоияшон ин миллати соҳибфарҳангу тамаддунофарро ба оламиён муаррифӣ кардаанд ва бо ин номи худро дар саҳифаҳои таърих абадан сабт намудаанд. Яке аз фарзандони фарзонаи ин миллат, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсози миллати тоҷик ба арсаи таърих омад ва ин миллатро аз ҷанги хонумонсӯз ва вартаи ҳалокат раҳонида, онро ба сӯйи музаффарият ва шукуфоӣ ҳидоят намуд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин шахсияти наҷиби таърихӣ ва чеҳраи мондагори миллӣ тавонист дар як марҳалаи бисёр кӯтоҳи таърихӣ халқро муттаҳиду сарҷамъ намояд ва ӯро бо арзишҳои миллӣ ва суннати давлатдориаш аз нав ошно намояд.

 

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ — лаҳзаи бисёр ҳассос ва сарнавиштсози таърихӣ барои миллати тоҷик, ин миллати соҳибфарҳангу тамаддунсозро сарварӣ намудан ва масъулияти таърихии тақдири имрӯзу ояндаи ӯро ба дӯш гирифтан худ қаҳрамонии беназире  маҳсуб меёбад, ки онро фарзонафарзанди миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда гирифтаву ин рисолати бузургро дар назди насли имрӯзу фардои ҷомеа анҷом додааст.

 

Аввалин дастоварди ин шахсияти таърихӣ дар пайроҳаи давлатдориву миллатсозӣ ин ноилшавӣ ба сулҳу салоҳи сартосарӣ буд, ки тавонист заминагузор барои рушди бемайлони соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷамъиятӣ дар кишвар бигардад. Миллати тоҷик баъди ҳазор соли бедавлатиҳо ниҳоятан соҳиби давлате буд, ки Тоҷикистон ном дошт ва аввалин маротиба дар таърихи мавҷудияти ин миллату давлат дар решаи номи худ исми миллати номдори “тоҷик”-ро ғунҷонида буд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати миллӣ маҳсуб меёбад ва сиёсати дохиливу хориҷии худро дар асос ва бо баинобатгирии арзишу манфиатҳои миллӣ пиёда менамояд. Вале барои дарки дурусти арзишу манофеи миллӣ ва дар ин замина ташаккул додани тафаккури миллӣ донистани таърих ва шинохти асолати миллӣ муҳиму зарурӣ аст, ки ин масъала аз ҷониби Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк гардида, барои дар амал татбиқ намудани принсипҳои давлатдории миллӣ хизмати шоёни таърихӣ анҷом дода шудааст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ арҷгузорӣ, гиромидошт ва баргузорнамоии иду ҷашнҳои миллие амсоли Наврӯзу Меҳргон ин аз нав зинда кардани арзишҳои таърихии миллати тоҷик буда, дар ин замина дар замири ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ зинда гардонидани ҳисси огоҳӣ ва ифтихор аз гузаштаи таърихӣ мебошад.

 

Пешвои миллати тоҷик бо хизмату корнамоӣ ва ваҳдатофариву давлатсозӣ ба як мактаби бузури давлатдорие асос гузоштанд, ки хеле нодиру омӯзанда буда, зарурияти омӯзишу пажӯҳиши ҳамаҷонибаро дорост. Атрофи хизматҳои шоёни ин шахсияти таърихӣ дар раванди давлатсозӣ ва давлатдорӣ суханҳои зиёд гуфта шудаву китобҳои бешумор иншо гардидаанд.

 

Атрофи яке аз самтҳои алоҳидаи ин мактаби омӯзанда, ки аз нигоҳи аксарият дур мондааст – нақши асарҳои Пешвои миллат дар ташаккули тафаккури миллӣ, ки пояи асосии давлатдории миллиро ташкил медиҳад, андешаронӣ намоем. Иншои асарҳои илмӣ-оммавии Пешвои миллат, ки инъикосгари таъриху фарҳанг ва давлатдории миллии тоҷикон аст, як самти алоҳидаи ин мактаби бузургро ташкил медиҳад. Иншои чунин асарҳо аз ҷониби роҳбари давлат аҳмияти муҳимми таърихӣ, сиёсӣ ва идеологӣ дошта, баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии шаҳрвандон ва дар ботини он тарбият кардани ҳисси ифтихори ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ нақши ҳалкунандаро соҳиб аст. Чуноне ки худи Пешвои миллат дар қисмати муқаддимавии яке аз асарҳои худ “Чеҳраҳои мондагор” ба ин нуқта ишора карда, навиштаанд: “Баъди соҳибистиқлол гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳи замонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва бо ҷаҳду талоши созандаву бунёдкоронаи халқи азизамон ба кишвари ободу осуда мубаддал гашт. Акнун моро зарур аст, ки баҳри таҳкими ҳувияти миллӣ ва шакл гирифтани тафаккуру андешаи миллӣ, инчунин ҷиҳати бедор намудани ғурури миллӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон гузаштаи пуршебу фарози миллатро хотировар шавем ва аз корнамоиҳои дурахшони фарзандони халқи худ бештар насли имрӯзаро  огаҳ намоем”.

 

Пешвои миллат дар давоми ин гуфтаҳо фикри худро тақвият дода, қайд менамоянд, ки омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани худро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем.

 

Чӣ тавре аз гуфтаҳои худи  Пешвои миллат бар меояд, омӯзиши таърих ва фарҳанги миллат барои мо амри зарурӣ ва ногузир буда, барои баланд бардоштан ҳисси худшоносиву худогоҳии насли имрӯз нақши бориз дорад. Асарҳои эҷоднамудаи Пешвои миллат дар ин ҷода муҳиму зарурӣ ва аҳмиятнок буда, метавонанд  баҳри шинохти таърих ва фарҳанги оламгири ниёгон, ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо рисолати муҳимро иҷро намоянд.

 

Президенти кишвари мо шахсияте ҳастанд, ки тавассути сиёсати дурбинона давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Бо орзуи ояндаи неки Тоҷикистон, таманно дорам, ки нақшаву ниятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақшаву ниятҳои ҳар яки мо табдил ёбанд, то Ватани маҳбубамон аз имрӯза дида ободу зеботар ва пешрафтаву пуриқтидортар гардад.

 

Алишер НАЗАРЗОДА,

мудири бахши кор бо ҷавонони Академия

Похожие записи