“НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”

IMG_1920

Таҳти ин унвон имрӯз, 28 сентябри соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

 

Дар конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуданд.

 

Дар қисмати ифтитоҳии конференсия Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Панҷшанбезода Муҳиддин — мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдулмаҷид Достиев –доктори илмҳои сиёсӣ, собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ, Ҷамшедзода Ҷамшед – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатторзода Абдунабӣ – доктори илмҳои филологӣ, профессор, Кордори фавқулода ва мухтори дараҷаи 1 ва Сайдаҳмадзода Дилором – номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Директори маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Ғафурзода А.Д. – ректори Академия зимни ифтитоҳи конференсия қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистони дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ бо буҳрони шадид рӯ ба рӯ гардид. Мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари маҳв шудани миллат ба миён омада буд. Дар чунин лаҳзаи душвор сарваре лозим буд, ки воқеан миллӣ бошад ва барои сулҳу ваҳдат ҷони худро дареғ надорад. Шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллаташро аз манфиатҳои қавму маҳаллу минтақа болотар донад. Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби неруҳои солимфикри ҷомеа баргузор гардид, имконият дод, ки Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ гардад ва тоҷикон роҳбари хешро интихоб намоянд ва ин шахс Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Аввалин даъват дар аввалин рӯзҳои сари қудрат омадан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати миллӣ дошт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо тавонистанд, ки ба дили ҳазорон ҳамватанони муҳоҷир шуълаи умед бахшанд ва бо фарҳанги миллӣ давлат бунёд карданд, сулҳ офариданд, ваҳдати миллатро таъмин карданд ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик неруву тавони дубора бахшиданд.

 

Панҷшанбезода Муҳиддин — мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зимни суханрониаш Чорабинии имрӯза дар лаҳзае доир мегардад, ки тантанаҳои ҷашни муқаддаси миллӣ — 30-солагиии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукуҳу шаҳомати хоса идома доранд. Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат изҳор доштанд: “Таҷлили санаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии оддии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз тақдир ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза ва тарҳрезӣ намудани дурнамои рӯзгори ояндаамон мебошад”. Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи Шуморо аз номи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷашни мубораки 30-солагиии Истиқлоли давлатӣ сидқан табрик гуфта, ҳузури якояки Шуморо барои иштирок дар ин ҳамоиши бонуфузи илмӣ хайра мақдам мегӯям. Вақте, ки дар бораи давлат ва давлатдорӣ сухан меронем, ҳамеша таъкидҳои ҳамарӯзаи Пешвои миллат дар бораи шукрона аз ин давлату ватани азизу маҳбуб кардан ба ёд меоянд. Чунонки медонед, имрӯз дар ҷаҳон  67 миллат ва халқиятҳои дунё, аз ҷумла 40 миллион курдҳо, 12 миллион тибетиҳо, 14 миллион фаластиниҳо, 9 миллион баскиҳо, 14 миллион шомиҳо,  24 миллион сикхҳо ва 18 миллион бесарабиҳо давлат надоранд.

 

Доктори илмҳои сиёсӣ, собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Абдумаҷид Достиев аз таҷрибаи кории худ ва мушоҳидаҳояш нақлҳо намуда, мухтасаран аз таърихи давлатдории тоҷикон ёдоварӣ кард. Аз ҷумла таъкид кард, ки мардони бузурги таърих сарнавишти миллатҳоро таъйин мекунанд. Сарвари кишвари мо чун абармардони дунёи ҳикмату сиёсат амал намуда, инсонгарию раиятпарвариро дар фаъолияти хеш нишон дод. Кору амали ӯ як мактаби бузурги ҷавонмардӣ, таҳаммулгароӣ, далерӣ, ватандорӣ мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки бо чунин хислату хӯй дар таърихи халқи тоҷик номи ин абармарди миллат бо некӣ абадӣ хоҳад монд. Вуҷуди чунин абармардон дар таърихи ҳар қавму миллат боиси ифтихори он халқ аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат яке аз нафарони намоёнтарини таърихи тоҷикон мебошанд. Агарчанде дар роҳи ташаккули давлатдории навин мушкилиҳои зиёде пеш омада буданд, аммо ин марди бузурги таърих тавонист чун сиёсатмадори хирадманду фурӯтан онро бо як усули беназир эҳё намояд. Симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори аслии сулҳ  ва меъмори давлати навини тоҷикон дар Тоҷикистон аз ҷониби бисёр сиёсатмадорону коршиносони байналмилалӣ баҳои арзандаю мувофиқ гирифтааст.

 

Баъд аз қисмати пленарӣ конференсия ба се бахш ҷудо шуда, дар бахши аввал мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори давлатдории миллии тоҷикон”, дар бахши дуюм мавзӯи “Нақши калидии Пешвои миллат дар пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон” ва дар бахши сеюм мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар барқарор ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ” бо маърузаҳои пурмуҳтаво баррасӣ гардиданд.

 

Дар маҷмӯъ дар конференсия масъалаҳои вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX, истиқлол ва раванди таҳкими давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори фарҳанги сулҳ дар Тоҷикистон, таҳкими ҷанбаҳои сиёсӣ-ҳуқуқии низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ, масъалаи таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, рушди соҳаи маориф ва илм дар даврони соҳибистиқлолӣ, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ, Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва нақши он дар мукаммалгардонии бахши иқтисодиёт ва амсоли ин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Похожие записи