НИШАСТИ МАТБУОТИИ АКАДЕМИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

IMG_0696

Имрӯз, 13 феврали соли 2023, бо иштироки ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, ноибони ректор, омӯзгорону кормандон ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотии Академия баргузор гардид.

 

Зимни баргузории нишаст теъдоди зиёди намояндагони ВАО, аз қабили шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “Душанбе HD”, “Баҳористон”, “Мир”, “Илм ва табиат”, Агентии миллии иттилоотии “Ховар”, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Минбари халқ”, “Садои мардум”, “Народная газета”, “Халқ овозӣ” “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Пайк”, “СССР”, маҷаллаҳои “Бонувони Тоҷикистон”, “Илм ва ҳаёт”, радиоҳои “Ховар”, “Тоҷикистон”, “Садои Душанбе” ва ғайраҳо иштирок намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар оғоз Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ғафурзода А.Д. оид ба дастовардҳои соли 2022 ва нақшаҳои оянда ба таври мухтассар ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ректори Академия вобаста ба ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ иттилооти заруриро пешниҳод намуд.

Ректори Академия, профессор Ғафурзода А.Д. қайд намуд, ки соли 2022 барои ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли хотирмон ва фаромӯшнашаванда буда, дар ин сол ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ корҳои назаррас анҷом дода шуд.

Ҳамчунин, иттилоот дода шуд, ки дар соли 2022 устодон кормандон ва донишҷӯёни Академия дар озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, ки шумораи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, озмунҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ нисбат ба соли сипаригардида ба маротиб зиёд гардида, дар баробари ин дастовардҳо низ назаррас мебошанд.

Зимни нишасти матбуотӣ асосан вобаста ба масъалаҳои вазъи таъмини донишҷӯёни Академия бо ҷойи корӣ пас аз хатм, имкониятҳо ба шахсони ниёзмандиҳои хос, фаъолияти пажуҳишгоҳҳову марказҳо ва монанди ин пурсишҳо ба амал оварда шуданд.

 

 

Аксҳо

Похожие записи