ОБОДОНӢ ВА СОЗАНДАГИҲО ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Суҳроб Г.

Бешак Истиқлоли давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик дар тӯли таърих ба ҳисоб меравад. Баъди чанд рӯз мо 30-юмин солгарди ин дастоварди пурарзишро бо шаҳомати махсус пешвоз мегирем.

 

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба он маъно нест, ки мо бори аввал соҳибдавлат шудем, балки Истиқлоли давлатӣ санаи эҳёи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид.

 

Воқеан, Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. Он калидест, ки дари тамоми муваффақият ва музаффариятҳоро ба рӯи мо боз намуд. Маҳз Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некӯаҳволии ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллати тоҷик ба даст оварда шавад.

 

Тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бисёр дастовардҳо ноил гардид. Аз ҷумла, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдор, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни ҳамаи табақаи ҷомеа ва ғайраҳо аз зумраи онҳост.

 

Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба беҳбудӣ ва рушд овард. Пешбинӣ ва татбиқи чор ҳадафи стратегӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ барои кишвари мо имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддӣ дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа диҳад. Дар маҷмӯъ, Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд.

 

Аз дастовардҳои шоён ва чашмрас дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ин ободу хуррамсозии шаҳру навоҳии кишвар мебошад. Ин раванд солҳои охир вусъати тоза ба худ касб карда, ба назар мерасад, ки пайи ободу зебо ва гулафшону сарсабз гардонидани Ватани азизамон тамоми сокинони кишвар камари ҳиммат бастаанд. Мо ин равандро метавонем дар мисоли пойтахти азизамон, шаҳри Душанбе дида бароем.

 

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва ба шаҳри сабз табдил додани он шаҳрдори ҷавони пойтахтамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ саъю талош мекунад. Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе куллан симои худро дигар намудааст. Иқдомҳои раиси шаҳри Душанбе ба хотири вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани шаҳри Душанбе ва ба таври шоиста таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки пойтахти азизамон дар як муддати кӯтоҳ ба зеботарин шаҳр натанҳо дар минтақа, балки ҷаҳон гардад.

 

Ҳамин раванд фаротар аз пойтахт, дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ бомаром идома дорад. Чун ҳамагон медонем, ки созандагиву ободкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.

 

Суҳроб ГУЛОВ,

сардори шуъбаи хоҷагии Академия

Похожие записи