ОБ — МАНБАИ ҲАЁТ

666-об

Тоҷикистон, алҳақ, неъмати худодод, як муҷизаи табиат, як пораи биҳишти рӯи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, обҳои софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надоранд.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Об беҳтарин муъҷиза дар ҳаёт буда, манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам мебошад ва ягон мавҷудоти зиндаи олам бе об вуҷуд дошта наметавонад. Об муъҷизаи бузургест, ки он зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии инсон, гулу гиёҳ, олами ҳайвоноту наботот аз об вобастагӣ дорад. Об ин неъмати бузургест, ки Худованд ато намудааст ва тозаву покиза нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як инсон мебошад, зеро инсон дар ҳама лаҳзаҳои ҳаёти худ аз об истифода мебарад.

Зи қуе, ки хурдӣ аз он оби пок,

Набояд фикандан дар он сангу хок.

Масъалаи об имрӯзҳо дар ҷаҳон яке аз масъалаҳои асоси буда, маҳз ба ин хотир дар конфронсҳои Созмони Милали Муттаҳид масъалаи марбут ба об ба таври васеъ дарҷ карда мешавад. Маврид ба зикр аст, ки агар ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳидро ба инобат гирием, ҳадафи шашуми он пурра ба масъалаҳои об рабт дорад. Бинобар ин, зарур аст, ки об ҳамчун омили муҳимтарини иҷтимоию иқтисодӣ баррасӣ гардад ва дар чорчӯби воқеияти имрӯзаи иҷтимоию иқтисодӣ идора карда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи оби тоза дар минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ карда шуда, дорои захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ мебошад. Захираҳои оби Тоҷикистон барои кишварҳои минтақа аҳамияти хос дошта, асоси рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии онҳоро ташкил медиҳад, зеро Тоҷикистон ҳамагӣ панҷ дарсади захираҳои обиашро истифода мебараду халос боқии онро ҳамсоякишварҳои поёноб истифода мебаранд. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати захираҳои оби мақоми аввалро ишғол менамояд, ки тақрибан 60% захираҳои обӣ ва 52%-и ҳаҷми умумии пиряхҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари тавлидкунандаи захираҳои об буда, манбаи асосии истеҳсоли энергияи захираҳои обӣ ба шумор рафта, 95%-и барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешаванд.

Дар Тоҷикистон об яке аз қимматтарин неъмат ба ҳисоб меравад ва тӯли чандин солҳои охир дар бораи оби тозаву ширини ин сарзамини биҳиштосо дар минбари Созмони Милали Муттаҳид зикр мекунанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати мили – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ташаббускори як зумра иқдомоти байналмилалии аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътирофгардида мебошад. Маҳз бо шарофати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати мили – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эъломияву қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи пешниҳод ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 – “Даҳсолаи байналмилалии об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2018-2028 “Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор” ва соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва дар доираи он санаи 21 мартро эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ба Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ шуҳрати ҷаҳонӣ оварда, миллату давлатро машҳури оламиён гардонидааст.

Маҳз аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст.

Алишер ДАВЛАТОВ,

магистранти Академия

Похожие записи