ОИЛА – ШОҲСУТУНИ ЗИНДАГӢ ВА АСОСИ ДАВЛАТ

оила

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Воқеан ободии Ватан аз ободии ҳар хонадону оила ва ободии хонадон аз фаросату маърифати оиладории волидон сарчашма мегирад. Зеро оилаи солиму хушбахт ва маърифати хонаводагии падару модар дар оила асоси тарбияи фарзанд ба ҳисоб рафта, дар асоси дониш, ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавӣ ташаккул меёбад. Омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ вазифаи муҳимми оила ва мактаб мебошад. Омӯзиш ва таҳлили сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон аз он шаҳодат медиҳад, ки бештари онҳо натиҷаи омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ мебошад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005  “Соли оила” эълон карда шуда буд. Ҳадафи асосии чунин иқдоми неки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ки маърифати оиладории ҷавонон баланд бардошта шавад.

 

Барҳақ оила яке аз рукнҳои муҳим ва асосии ҷомеа ба ҳисоб рафта, муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва шаҳрвандиро дарбар мегирад. Он ҳамчун қадимтарин сохтори иҷтимоии таърихи инсоният дар ташаккули ҷомеаи инсонӣ нақш ва мавқеи муҳиме дорад. Оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сохти иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии ҳар халқу миллат мақом ва аҳамияти хоса дошт. Бесабаб нест, ки бузургон оиларо шоҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумуи миллат номидаанд. Тамоми бурду бохти зиндагӣ бо кори оила ва оиладорӣ зич марбут аст. Аз ин рў, давлат ба оила ҳамчун ҷавҳари ҷамъият аҳамияти ҳамаҷониба медихад. Оила дар ҳаёти инсон нисбат ба дигар донишкадаҳои иҷтимоӣ волотарин ва арзишмандтарин мақомро дорост. Зеро шахсияти кўдак маҳз дар оила ташаккул ва рушд ёфта, бо азхуд намудани нозукиҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ тадриҷан бе мушкилот вориди ҷомеа мегардад.

 

Аз азал тоҷикон мафҳуми “оила” ва “оиладорӣ”-ро муқаддас дониста, иззату эҳтироми байни аъзои оила, хусусан падару модарро ҳамеша ба ҷо меоранд.

 

Яке аз хусусиятҳои хоси оила дар байни мардуми мусалмон, хусусан тоҷикон падарсолорӣ махсуб меёбад. Дар ҳама ҳолат мард такягоҳи асосии оила – саробон, парастор, муҳофиз ба ҳисоб рафта, таъмини аҳли оила бар дўши ў мебошад. Зан дастгиру мададгор ва ҳамсари вафодор буда, асосан ба тарбияи фарзандон машѓул аст. Фарзандони оила бояд дар фазои орому солими психологӣ, муҳити созгор ба воя расида, тарбияро аз оила бигиранд. Зеро оила нахуст мактаби тарбияи инсон минбаъд дар ҷомеа ҷой ва мақоми худро пайдо мекунад. Тоҷикон таърихи оиладории қадима доранд. Бунёди оила дар аҳди Зардушт амали муҳим шуморида мешуд ва худи Зардушт ба ҷавондухтарон ва ҷавонписарон таъкид менамуд, ки ба масъалаи барпо кардани оила бепарвоӣ ва беахамиятӣ накунанд.

 

“Инак эй духтари шавҳаркунанда ва ҷавононе, ки пайванди заношўӣ мебандед, суханони маро хуб ба ёд биоред. Аз рўйи меҳру фарзонагӣ ҳар яке аз шумо бояд бар он бошад, ки дар меҳрварзӣ ва дўстию покӣ ва порсоӣ бар дигаре пеш ояд, ки ин беҳтарин шеваи комгорӣ дар зиндагӣ хоҳад буд ”-таъкид шудааст дар готҳои Авасто.

 

Дар замони шӯравӣ масъалаи муносибатҳои оилавӣ ва никоҳ то андозае таѓйир ёфта, танҳо ҳамон никоҳе эътироф карда мешуд, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта мешуд. Баъд аз Инқилоби Октябр бо барқарор гардидани ҳокимияти Шӯравӣ дар масъалаҳои муносибатҳои оилавӣ ва никоҳ меъёрҳои нав ворид карда шуд. Дар ин давра Тоҷикистон аввал ҳамчун Ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон (соли 1924) ва баъдан хамчун Ҷумҳурии мустақил (соли 1929) дар низоми қонунгузории оилавӣ вобаста ба ҳувияти миллии мардум таклифу пешниҳодҳо ба миён гузошт. То соли 1928 дар Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Тоҷикистон судҳои қозигӣ фаъолият мекарданд, ки вазифаи никоҳ карданро низ иҷро менамуданд. Дар санаи 28 апрели соли 1929 Анҷумани 11-уми умумитоҷикии Шўроҳо баргузор гардида, дар он Конститутсияи ҶМШТ Тоҷикистон қабул карда шуд, ки дар самти қонунгузории оилавӣ низ як пешравӣ ва дигаргунӣ ба ҳисоб мерафт. Баробари пешравии ҷомеа ва рушди соҳаҳои мухталиф дар Ҷумуурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ қабул карда шуд, ки масъалаи муносибатҳои оилавӣ, никоҳ ва бекор кардани онро ба танзим медаровард.

 

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муносибатҳои оилавӣ моҳияти нав пайдо намуда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул карда шуданд, ки ба рушди оиладорӣ ва талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилалии оилавӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эътироф кардааст, мусоидат менамояд.

 

Мадина ҚУРБОНОВА,

магистранти Академия

Похожие записи