ОИЛА ҲАМЧУН НИҲОДИ МУҚАДДАС ВА РУКНИ АСОСИИ ҶОМЕА

Малика

Оилаи солим оилаест, ки бунёдашро меҳру садоқат ва якдигарфаҳмӣ асос мегузорад. Вақте талоши мо барои ободии ҷомеаи солим равона бошад, пас оилаи солим бояд дар меҳвари он қарор дошта бошад ва вайронии он боиси нобудии ҷомеа хоҳад гашт. Вале боз ҳам ободию муваффақияти ҳар оиларо маърифати баланди аъзои он шакл медиҳаду нигоҳ медорад.

 

Яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи имруза ин бунёди оилаи солим ба шумор меравад ва пойдории оила ба тарзи ҳаёт ва инкишофи муътадили инсон мусоидат менамояд.

 

Дар фарҳанги мардуми тоҷик оила, ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Дар татбиқи талаботи сиёсати иҷтимоию фарҳангии давлатии Тоҷикистон се омили асосӣ – ҷомеа, мактаб ва оила бояд дар ҳамбастагии зич фаъол бошанд, то ин ки насли наврасу ҷавони кишвар дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва таҳаммулу мадоро тарбият ёбанд.

 

Оила гуруҳи хурди ҷамъиятии одамон аст, ки дар асоси иттифоқи озод, ихтиёрона, баробарҳқуқуқии байни зану мард бо мақсаади тавлид ва тарбияи фарзанд ташкил ёфта, бо никоҳ ба расмият дароварда мешавад ва аъзои онро ҳамхуниву хешутаборӣ, пешбурди хоҷагидории умумӣ, буҷети ягона, муҳити умумииҷтимоӣ, масъулияти байниҳамдигарии ахлоқию ҳуқуқии баробар пайванд менамояд.

 

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2015 “Соли оила” эълон карда шуд

 

Омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ яке аз вазифахои муҳимми оила ва мактаб мебошад. Омӯзиш ва таҳлили сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон, аз он шаҳодат медиҳад, ки бештари онҳо натиҷаи омода набудани ҷавонон ба ҳаёти  оилавӣ мебошад. Ободии Ватан, аз ободии хонадон ва аз фаросату маърифати оиладории волидон сарчашма мегирад.

 

Оила асоси ҷомеа, муҳимтарин ячейкаи ҷамъияту давлат ба шумор меравад. Маҷмӯи оилаҳо ҷамъиятро ба вуҷуд оварда, устуворӣ ва ноустувории давлат ба он вобастагӣ дорад. Аз назари дигар ҷомеаро бе оила низ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чиқадаре, ки оила мустаҳкам бошад ва волидон фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонгароӣ, хештаншиносӣ ва донишманд тарбия намоянд, ҷамъият низ худро ҳамон қадар устувор нигоҳ медорад ва дар оянда самараи дилхоҳ медиҳад. Ободӣ ва солимию маърифати ҷомеа, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёти мамалакат ва бунёди зиндагии солим аз маърифати ҳар аъзои оила вобастагии қавӣ дорад. Агар оила ба фарзандон тарбияи дуруст дода, ҷомеаро қаноатманд намояд албатта давлат ва ҷамъият ҳам ба мақсаду ҳадафҳои худ ноил мегардад.

 

Дар ҳамаи давру замон мафҳуми “оила” ва “оиладорӣ” барои мардуми тоҷик басо азиз ва ошно буд. Зеро, дар баёни оила пеши назар ду шахсияти бузург – падар ва модар намудор мешаванд ва дар ҳаёт пиру барно барояшон эҳтиром мегузоранд. Дар зери мафҳуми калимаи оила- хонавода, зану фарзанд ва хешу табор фаҳмида мешавад.

 

Дар Машриқзамин мардро чун сипару такягоҳ ва пешбарандаи иқтисоду иҷтимоиёти оила ва занро тарбиятдиҳандаи фарзандон медонанд. Тибқи шарҳи китоби дарсии психологияи оиладорӣ “оила низомеро доро мебошад, ки аъзои он талаботи якдигарро қаноатманд менамоянд”. Аз ин лиҳоз, талаботи асоисии иҷтимоии оила ҳамфикр будани зану шавҳар ва дигар аъзои он дар кору зиндагӣ ва дӯст доштани ҳамдигар мебошад.

 

Пеш аз қадам гузоштани навхонадорон ба ҳаёти мустаъқилона ба назар гирифтани тамоми паҳлуҳои урфу одатҳои миллӣ, ба инобат гирифтани хислатҳои ботинию зоҳирии навхонадорон, ҳурмату эҳтиром ва мувофиқати синну сол муҳим мебошад. Зеро солҳои охир баробари бунёд ва пойдории оилаҳои солим муаммоҳое аз қабили моҷаро ва хушунати оилавӣ монеаҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст. Бешубҳа, таназзули назарраси иҷтимоию иқтисодӣ, якбора паст шудани сатҳи зисти аҳолӣ, афзоиши бекорӣ, нобоварӣ ба фардо боиси харобшавии появу бунёди маънавӣ ва ахлоқии ҷамъият мешавад. Дар ин гуна ҳолат ҳисси ифтихор аз оила, садоқату эҳтиром ба ҳаёти якҷоя ва масъулият назди фарзандон аз байн меравад. Сарчашмаи муноқишаҳо вайроншавии муносибати навхонадорон, амалҳои нодурусти ҷавонон ва хислатҳои ношоистаи ҳар як инсон, оила мебошад. Агар тарбияи нахустини ҳар фарзанд аз оила вобаста бошад, пас сабаби ба вуҷуд омадани моҷароҳои оилавӣ ҳам аз муомилаи ғайримақбули аъзои оила бо фарзандон аст.

 

Нофаҳмӣ дар оила, нуқтаи назари гуногун ба ҳаёт, носозгории миҷоз, беҳурматӣ ба ҳамдигар ва хешу табор, худпарастӣ, дахолати аъзои оила ва хешовандон, ҳисси нобоварӣ, хиёнати ҳамсар, хастагӣ, дузанагӣ ва ҳисси бадбиниву қасосгирӣ сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳо ба шумор меравад.

 

Ба дурустӣ, ки бунёди оилаи солим кори саҳл нест ва аз инсон масъулияти гаронеро тақозо мекунад. Дини мо ҳам дар ин асно ҳуқуқҳои хосеро бар зану шавҳар муқаррар кардааст, ки танҳо дар заминаи иҷрои ҳар кадоме аз ҳуқуқҳо оилаи хубу солимро бунёд кардан мумкин аст.

 

Малика Рахматова,

магистранти Академия

Похожие записи