ОМИЛҲОИ РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪИ ИМРӮЗА ВА ДУРНАМОИ РУШД

Душанбе 1

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастрасии хусусиятҳои маҷмӯии сатҳи муосири рушди сайёҳӣ бо баҳисобгирии нишондиҳандаҳои фаъолияти давлат доир ба ин соҳа барои баррасии ҳолат ва тамоюли рушди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, тайёр намудани кадрҳо, базаи оморӣ, пешравӣ дар бозори сайёҳии дохилӣ ва байналмилалиро дорад.

 

Барои ташрифи бемайлони ҷаҳонгардони хориҷӣ бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ ҷиҳати содда кардани ташрифи сайёҳон дар кишвар ва устувор нигоҳ доштани пояҳои ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ қабул гардидаанд.

 

Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”, қабули Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 — 2019, Стартегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои миёнамуҳлати рушди сайёҳӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ба тараққӣ кардан ва истифодаи самараноки захираҳои сайёҳии кишвар кумак мерасонанд.

 

Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҳамчун ҳуҷҷати асосии рушди соҳа ҳадаф, вазифа ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳии кишварро барои давраи то соли 2030 муайян намуда, ба сифати унсури ташаккули нақшаҳо ва роҳнамои ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандон дар соҳаи сайёҳии кишвар нақши калидӣ дорад.

 

Бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ имконоти содда ва такмил ёфтани сиёсати раводидӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар яке аз авлавиятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди сайёҳӣ, аз ҷумла, воридшавӣ ва будубоши сайёҳони хориҷӣ ислоҳоти муҳим роҳандозӣ шудааст.

 

Низоми электронии дастрас намудани раводид ҷорӣ гардида, аз 1 июни соли 2016 портали нав оид ба судури раводиди электронии «e-Visa» ба кор даромад. Низоми раводиди электронии «e-Visa» ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, сайёҳон иҷозат медиҳад, ки аризаи электрониро пур карда, бе ҳозиршавӣ дар муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди электрониро ба даст оранд.

 

Муҳлати эътибори раводиди электронӣ 90 рӯз буда, дорандаи он метавонад пас аз ворид шудан 45 рӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ будубош намояд. Ҳамзамон сайёҳони хориҷӣ то 45 рӯз аз бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ озод мебошанд.

 

Бояд тазаккур дод, ки низоми мазкур ниҳоят пешқадам буда, дар минтақа авввалин шуда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст.

 

Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, низоми электронии раводиди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба панҷгонаи беҳтарин ворид шудааст.

Айни замон, портал ё сомонаи миллии сайёҳии мамлакат бо 7 забон омода ва дар шабакаи интернет роҳандозӣ карда шуд. Ба ин васила соҳаи сайёҳии мамлакат ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ё низоми байналмилалии сайёҳӣ пайваст гардид.

 

Дар замони ҳозира сайёҳии байналмилалӣ ва дохилиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Сайёҳии дохилӣ аз рўи дараҷаи фарогирӣ нисбат ба байналмилалӣ бартарӣ дорад. Аз рӯи саҳм сайёҳии дохилӣ 75 — 80% — и шумораи умумии сайёҳонро дар ҷаҳон дар бар мегирад.

 

Ҳамзамон, рушди сайёҳии дохилӣ ва ҷалби оммаи васеи мардум ба беҳтар гардонидани сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар ҷумҳурӣ заминаҳои қонунгузорӣ барои рушди сайёҳии дохилӣ таҳким ёфта истодааст.

 

Дар соли 2017 мақоми ваколатдор дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин мақом ба самтҳои калидии бозори сайёҳӣ, ташаккули рақобатпазир гаштан ва намудҳои афзалиятноки сайёҳӣ, ки метавонанд сайёҳии воридотӣ ва дохилиро ба иқтисоди даромадноки Тоҷикистон табдил диҳад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст. Дар ин самт якҷо бо ширкатҳои сайёҳӣ бунёди меҳмонхонаҳо, иншооти сарироҳӣ, осоишгоҳҳо, комплексҳо, маркази хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва дигар табдирҳо роҳандозӣ гардида, ба рушди сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию рекреатсионӣ, куҳнавардӣ ва сайёҳии шикорӣ диққати асосӣ дода мешавад.

 

Бо ташаббуси навбатии Пешвои миллат соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид ва барои содда кардани шароити сармоягузорӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ дар ду соли охир дар мизони андозиву гумрукӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар карда шуд, ки барои истифодаи имконоти сайёҳии кишвар ва гузоштани қадамҳои устувор дар роҳи рушди соҳа заминаи воқеӣ мегузорад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушду нумуи бемайлони соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат, анъанаҳои миллӣ, рушди инфрасохтор, рушди соҳаҳои хизматрасониву сайёҳӣ ва ба ин васила бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

 

Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

 

Беҳрузҷон АБДУЛОВ,

магистранти Академия

Похожие записи