ПАНҶ САБАҚ ВА МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ҶАВОНОН АЗ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Buzurgmehr

Мо, ҷавонони даврони истиқлол дар марҳилаи барои мардуми кишварамон муҳимтарин, яъне бунёди давлати демократию дунявӣ, таҳкими пояҳои истиқлолу давлатдории миллӣ, таҳкими Ваҳдату якдилӣ миёни мардуми шарифи Тоҷикистон, оғози бунёдкориҳои азим ва дар маҷмуъ амалӣ гардидани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ба камол расида, дар ин зимн шоҳиди дигаргуниҳои амиқи иҷтимоию иқтисодӣ дар роҳи давлатсозӣ гардидем, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари мояи ифтихори мо буданашон, бароямон сабақҳои муҳим ва масъулиятофар мебошанд.

Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ .Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатӣ таъкид дошта буданд: “Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”. Воқеан ҳам, Истиқлоли давлатӣ дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи ниёгони мост, инчунин маҳзари андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди ҷомеа дар назди Модар-Ватан ва барои имрӯзу ояндаи кишвари маҳбубамон мебошад.

Мо насли ҷавони кишвар хуб дарк намудем, ки ин ободию сулҳу субот ба мо ба осонӣ муяссар нагардидааст. Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ шоҳиди он гардидем, ки насли калонсол бо дарки  ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзида, қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намуд.

Дар ин солҳо мо шоҳиди талошҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва заминаҳои иҷтимоиву маънавии истиқлолияти давлатӣ, барои фароҳам овардани шароит баҳри рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеаи кишвар будем.

Имрӯз таҳлили роҳи тайкардаи кишвари азизамон моро ба андеша водор мекунад. Имрӯз мо бо ифтихор эҳсос мекунем, ки дар натиҷаи саъю талошҳо мардуми шарифи Тоҷикистон бо Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардид, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобаста аст.

Дар ин ҷо мехоҳам чанде аз сабақҳои кору пайкори мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин марҳилаи муҳимми кишвари азизамонро, ки барои мо ҷавонон бениҳоят муҳим аст, қайд намоям.

1.Дарси сулҳофарӣ ва таъмини Ваҳдату якдилӣ

Дар ибтидои соҳибистиқлолӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бадхоҳони миллати тоҷик дар сари роҳи кишвари тозаистиқлоли мо эҷод карда буданд, метавонист боиси аз байн рафтани давлат ва парокандагии  миллат гардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишу талошҳои пайгирона ва бо пуштибониву дастгирии самимонаи мардуми шарифи кишвар дар ин солҳо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон барқарор намуд ва дарси сулҳофаринии тоҷикон барои оламиён намуна гашт. Чуноне мутахассисон қайд кардаанд, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар  ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шуд. Таҷрибаи тоҷикон дар самти таъмини сулҳ, ба Ватан ва макони зисти доимиашон баргардондани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоӣ аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда, ҳамчун шеваи нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Маҳз дар заминаи сулҳу субот ва Ваҳдату якдилӣ барои зиндагии осудаи мардуми кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Мо аз ин марҳилаи бисёр муҳимми таърихи халқи тоҷик ва талошҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои худ сабақи ҷасорату мардонагӣ, аз худ гузаштан, ба дили мардум, гуруҳҳо, қишрҳои мухталифи ҷомеа бо хоксорию самимият роҳ ёфтан, манфиати миллату давлатро аз ҳама манфиатҳо боло гузоштанро омӯхтем.

Дар робита ба ин қарзи мо, ҷавонон аст, ки бо дарназардошти вазъи  ҷаҳони муосир дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам бештар мустаҳкам гардонем, манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир устуворона ҳифз намоем. Ҳифзи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, хусусан, дар шароити шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ, паҳншавии тафаккури харобиовари ифротгароӣ, қувватгирии фаъолияти ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ хеле муҳим аст.

2.Дарси давлатсозӣ

Таҳлил нишон медиҳад, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми талошҳои Ҳукумати кишвар барои ташкили сохтори мукаммали идоракунӣ, Ҳукумати муосир, парламенти касбӣ, артиши миллӣ, ниҳодҳои босалоҳияти низомиву амниятӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ тибқи меъёрҳои замони муосир равона гардидааст.

Имрӯз кушишу талошҳоро дар ин самт мавриди омӯзиш қарор дода, мо равшану возеҳ дарк менамоем, ки эҳё ва барқарор кардани ҳар як рукни давлатдорӣ ва ҳар як сохтори фалаҷшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ чӣ қадар заҳматҳои бузургеро талаб кардааст.

Мо, ҷавонон дар ин зимн аз қадами бисёр устувори дигари насли калонсол дар бунёди давлати муосири тоҷикон ва интихоби дурусти сохти давлатдорӣ ифтихор дорем, зеро дар он марҳилаи ҳассос дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо дарназардошти манфиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ, халқи Тоҷикистон бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд. Ҳоло он ҳамчун иродаи қатъии мардуми кишвар дар моддаи аввали Конститутсияи мо барои ҳамеша сабт гаштааст.

Мо, ҷавонон аз раванди таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир мегузарад, ба хубӣ дарк намудем, ки интихоби давлатдории дунявӣ интихоби дурусту дурбинона буда, онро мо ҳамчун ғоя барои яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа бояд ҳифз намоем.

Сарвари давлат дар суханронии худ ба муносибати сиюмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо ифтихор қайд намуданд, ки агар соли 2009 ҳиссаи ҷавонони то 35 – сола дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ 35 фоизро ташкил дода бошад, ин шумора имрӯз ба 47 фоиз расидааст. Имрӯз 90 фоизи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва беш аз 50 фоизи бунёдкорони иншооти сарнавиштсози мо – неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро ҷавонон ташкил медиҳанд. Яъне, дар роҳи мушкилу пуршарафи тайнамудаи мардуми шарифи Тоҷикистон барои бунёди давлатдории миллӣ ҳазорон нафар мутахассисони ҷавон паҳлуи насли калонсол обу тоб ёфта, ба камол расиданд ва таҷрибаи давлатсозӣ аз насл ба насл интиқол дода шуд. Мо, ҷавонон ин таҷрибаи муҳимро барои боз ҳам устуворона қадам гузоштан дар роҳи рушди кишвари азизамон истифода хоҳем бурд.

  1. Дарси худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ мо шоҳиди таҳаввулоти азиме дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ шудем, ба таърих, фарҳанг ва расму ойинҳои миллии худ аз нав пайванд гардидем. Дар ин солҳо барои ҳифзи забони миллӣ, расму ойин, ҷашнҳо, ном ва зинда гардонидани хотираи неки фарзонагони миллат Ҳукумати кишвар ташаббусҳои бесобиқаро анҷом дод. Муаррифии шоистаи Шашмақом, Фалак, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада, таҷлили ҷашнвораҳои абармардоне чун Имом Абӯ Ҳанифа, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва дигар абармардони миллат дар баробари он, ки ҷаҳониёнро бо фарҳанги мо бештар шинос кард,  барои дар руҳияи худшиносӣ тарбия ёфтани ҷавонон нақши муҳим бозид.

Ҳамаи корҳои дар ин самт суратгирифта барои мо ҷавонон намунаи беҳтарини арҷгузорӣ ба гузаштаи халқи худ, ҳифзи хотираи таърихии миллат буда, дар раванди бархурди тамаддунҳо барои нигоҳ доштани асли хеш сабақи муҳим мебошад. Мо хуб дарк намудем, ки дар марҳилаҳои минбаъда ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон тавассути ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик қарзи муқаддаси мо мебошад, ки бояд ба таври дуруст ва арзанда иҷро намоем.

  1. Дарси дипломатия ва равобити ҳасана

Муаррифии Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлол дониста шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Тавсеаи равобит бо кишварҳо ва созмонҳои олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талоши пайгирона ва хастагинопазири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Президенти мо ҳанӯз дар рӯзҳои душвор ва печидаи кишвар, дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон, роҳандозии тамосу равобити дӯстона бо кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ва муаррифии кишвару миллат дар ақсои олам нақши созанда ва беназир дорад. Дар ин муддат кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз намуда, ҳамзамон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон – аз Осиё то Аврупо ва аз Африқо то Амрико намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду ва чандҷониба муваффақона фаъолият доранд.

Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводди мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзӯъ, боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамчунин, ӯ пайваста аз паёмади номатлуби тағйирёбии иқлим бонги хатар зада, зимни таъкид бар зарурати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, рушди устувори кишварҳои куҳсор ва таваҷҷуҳ ба рушди энергияи таҷдидшаванда ҷомеаи ҷаҳониро ба иқдому ҳамкории наздик даъват менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштан аз марҳалаи аввали пас аз истиқлол, ки даврони ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро ба рӯи кишварҳои олам боз кард ва бо эъломи сиёсати “дарҳои боз” равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад. Имрӯз мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷабҳаро дар арсаҳои мухталиф мебинем. Ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хосси дипломатияи худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд. Тоҷикистон бар асари талошҳои муассир ва масъалагузориҳои мантиқию саривақтии Президенти кишвар имрӯз дар арсаи байналмилалӣ як кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст.

Воқеан ҳам, сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати санҷидашуда ва воқеъбинона буда, ҳамзамон бо пазириши меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва эҳтиром ба манофеи шарикон, риояи қатъии манфиатҳои миллиро дар фаъолияти дипломатӣ дар мадди аввал мегузорад ва барои мо ҷавонон дарси дипломатияи муваффақ мебошад.

  1. Дарси созандагӣ барои фардо

Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо, ҷавонон шоҳиди бунёди роҳу нақбҳо, неругоҳу хатҳои интиқоли барқ ва садҳо корхонаи саноатӣ гаштем. Роҳҳо ва нақбҳои бунёдшуда Тоҷикистонро ба як қаламрави воҳид табдил доданд.

Дар 32 соли соҳибистиқлолӣ даҳҳо лоиҳаи сармоягузориро Ҳукумати мамлакат татбиқ намуд, ки дар доираи онҳо дар кишвар беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар бунёд гардидаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ, инчунин, барои рушди соҳаи энергетикаи кишвар иқдомҳои зиёд амалӣ гардида,  нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда – 1” ва “Сангтӯда – 2”, ду агрегати неругоҳи “Роғун”, марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, садҳо нерӯгоҳи барқи обии хурд, хатти интиқоли барқи 500 – киловолтаи “Ҷануб – Шимол”, дигар хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта, ба истифода дода шуда, татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA – 1000 ва сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бомаром идома дорад.

Ба Тоҷикистон дар арзёбии дастрасӣ ба қувваи барқ тибқи таҳлилҳои Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, инчунин, аз рӯи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз” ҳамчун яке аз кишварҳои пешсафи сайёра баҳо дода шудааст.

Сохтмонҳои азим моро муттаҳидтар намуданд, дар мактаби ин сохтмонҳо насли ҷавони кишвар ваҳдату якдилиро боз ҳам қавитар эҳсос кард, касб, сохтан, мардонагию ҷасорат омӯхт, қадамҳояш барои фардои нек боз ҳам устувор шуд ва муҳимтар аз ҳама фарҳанги барои ояндагон заҳмат кашиданро аз худ намуд ва бо шиори Пешвои миллат “Тоҷикистон ба пеш!” ба сӯйи фардои дурахшон қадамҳои устувор гузошт.

 

Бузургмеҳр РАҲИМӢ,

корманди раёсати илм ва инноватсияи Академия

Похожие записи