ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МУЖДАҲОИ ЭКОЛОГИИ ОН

415105947_789181393252592_7544794605620248170_n

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2023)

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дурнамои самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, саноату энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро матраҳ намуданд. Дар Паёми навбатӣ доир ба ҷараёни корҳои созандагию ободонии мамлакат, амалигардонии нақшаву стратегияҳо, барномаҳо ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баландбардории сатҳи зиндагии шоистаимардум ва дар вазъи хеле мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон нуктаҳои муҳим ироа гардиданд. Махсусан, дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат якчанд муждаҳои экологиро таъкид доштанд, ки онҳо боиси хушнудӣ ва заминаи некўаҳволию сарсабзии Тоҷикистони маҳбуб мебошанд.

Дар оғози Паёми имсолаашон Пешвои миллат иброз доштан, ки “Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид”. Ин ба он ишора менамояд, ки масъалаи тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, монанди гармшавии иқлим, сардии бесобиқа, таназзули муҳити зист, бемориҳои фарогир ва ғ. муҳимтарин масъалаи глобалии инсоният маҳсуб меёбад. Зеро онҳо бевосита тамоми табиат ва саҳаҳои ҳаёту фаъолияти инсонро фаро гирифта, масъалаи ҳаёту мамотро дар бар мегиранд. Пешвои миллат зикр намуданд: “Тавре ки ҳамватанони азизи мо мушоҳида мекунанд, солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст”. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз масъалаҳои экологӣ истисно нест. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои экологӣ таваҷҷуҳи хосса дода, барои ҳалли онҳо чораҳои бетаъхир меандешанд. Хусусан, баъд аз замони соҳибистиқлолӣ як қатор қонунгузорӣ ва барномаҳои муҳим оид ба мушкилоти экологӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи табиат қабул карда шудаанд. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чандин созишномаҳои байналмилалии экологӣ ҳамроҳ шудааст. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо шарик, балки ташаббускори ҳалли масоили глобалии вобаста ба обу экология мебошад ва дар ин самт пешқадам мебошад.

Пешвои миллат ташаккули “иқтисоди сабз”-ро яке аз масъалаҳои афзалиятнок эълон намуда, таъкид доштанд, ки “Бинобар ин, бо мақсади истеҳсоли «энергияи сабз», рушди “иқтисоди сабз” ва паст кардани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд”.

Дар идомаи Паём Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд. Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем”.

Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзои комилҳуқуқи СММ, барои ҳалли мушкилоти экологии минтақа ва ҷаҳон хеле назаррас мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронсҳои қолабии СММ оид ба муҳити зист мунтазам ва фаъолона иштирок намуда, аксарияти Конвенсияҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавиро ба тасвиб расонида, ҷиҳати татбиқи онҳо чораҳои зарурӣ меандешад.

Баъди соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист на танҳо барои пешгирӣ ва ҳалли масоили экологӣ саҳм гузорад, балки ҳамчун давлати ташаббускор якчанд пешниҳодҳоро оид ба обу иқлим ва экология дар сатҳи ҷаҳонӣ ироа намояд. Маҳз бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандона, созанда ва башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории аксарият кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи СММ як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ баргузор ва пешниҳодҳои созандаю мондагор ироа шуданд.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки “Гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин, ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат карда истодааст.

Бинобар ин, аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешад”.

Бояд қайд намуд, ки ба туфайли хусусиятҳои орографӣ ва иқлимӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази калони яхбандии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Пиряхҳои ҳудуди Тоҷикистон на фақат манбаи калонтарини оби тоза, балки танзимкунандаи оби дарёҳо, обу ҳаво ва иқлими минтақа ба шумор мераванд. Пиряхҳо ва барфҳои доимии Тоҷикистон барои ташаккулёбии оби тозаи калонтарин дарёи Осиёи Марказӣ – Амударё, ҳавзаи баҳри Арал ва ҳавзаҳои Амударё ва Сирдарё сарчашмаи асосӣ мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи ҳаҷми захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон мақоми ҳаштум ва аз рўйи ҳаҷми қиёсии захираҳои об нисбат ба ҳар сари аҳолӣ ва ба ҳар 1 км ҳудуд, мутаносибан, ҷойҳои аввалу дуюмро инғол менамояд. Тоҷикистон аз ҷиҳати боигариҳои об дар байни давлатҳои ИДМ ҷойи дуюмро ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ишғол менамояд.

Мувофиқи арзёбиҳо зиёда аз 60%-и захираҳои оби кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳз аз ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Инчунин, 60%-и бузургтарин захираҳои обии минтақаи мазкур — пиряхҳо низ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир мебошанд. Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ — ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки кишварҳои баландкӯҳ ҳастанд, аз ҷиҳати боигарии захираҳои об, мутаносибан, дар ҷойҳои аввал ва дуюм мавқеъ гирифта, давлатҳои “болооб” ва боқимонда давлатҳои “поёноб” ба ҳисоб мераванд. Ин гуна таснифот барои он аст, ки захираҳои оби минтақа дар кишварҳои болооб ташаккул меёбанд ва истеъмолкунандаи асосӣ кишварҳои поёноб мебошанд.

Дар идомаи Паём Пешвои миллат дастур доданд, ки “Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли “энергияи сабз”, яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд”.

Дар хотимаи Паём Пешвои миллат мужда расониданд, ки «Бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.

Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад. Воқеан, дар кишвари мо 98%-и неруи барқ аз неругоҳҳои обии барқӣ истеҳсол мегардад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз татбиқкунандаи пешсафи «неруи сабз» мебошад. Ин маънои онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози партоби газҳои гармхонагӣ ба муҳит ҳиссаи хеле ночиз дорад ва аз рўйи ин нишондод ҷойи 130-ро ишгол менамояд. Яъне, аз ин лиҳоз кишвари мо мақоми шоиста дошта, барои пешгирӣ аз тағйирёбии глобалии иқлим, бахусус гармшавии он саҳми калон дорад.

Захираҳои об манбаи бузурги истеҳсоли неруи барқи босифат низ мебошанд ва давлати мо аз он бой аст. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи ин неъмати табиӣ барои рушди иқтисоди миллӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саҳм гузоштан дар истеҳсоли неруи аз ҷиҳати экологӣ тозаи ба истилоҳ «неруи сабз» тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд. Зимнан, кишвари мо, аз лиҳози истеҳсоли «неруи сабз», ки ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонад, дар қатори 6 давлати дар ин самт пешсафи дунё қарор дорад.

Инчунин, «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз соли 2019 қабул шудааст, ки дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мусоидат мекунад. Дар сатҳи байналмилалӣ Стратегияи мазкур барои Тоҷикистон ҳамчун воситаи асосӣ дар пешбарӣ ва таблиғи мавқеи худ дар гуфтушунидҳо дар доираи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, иҷрои уҳдадориҳо ва банақшагирии рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим гузориш медиҳад.

Бо назардошти зарурияти масъалаҳои мазкур ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, бо дарки амиқ, таваҷҷуҳи хоса ва сиёсати созандаю дурандешона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ташаббуси башардустонаро пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳон намуданд ва онҳо якдилона пазируфта шуданд.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои обу экология, бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Созмони Миллами Муттаҳид соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон карда шуд.

Пешвои миллат, ҳамзамон, пешниҳод намуданд, ки барои вусъат бахшидани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин масъала “Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва ҳамзамон, “Шабакаи муттаҳидаи гдобалии иттилоотии криосфера”, ки ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои татбиқи ин иқдомот мусоидат менамояд, таъсис дода шавад.

Ҳамин тавр, ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҳамчун иқдоми панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14 декабри соли 2022 дар Маҷмааи Умумии СММ дар Иҷлосияи 77-уми бо иттифоқи оро ва ҷонибдории 153 кишвари ҷаҳон пазируфта шуд.

Ҳамзамон, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 март минбаъд ҳамасола ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Инчунин, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ таъсиси “Хазинаи байналмилалии боварӣ барои сахмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо” дар ҳоли баррасӣ мебошад.

Бояд таъқид намуд, ки бо эътиқоди давлатҳои мутараққӣ, созмонҳои бонуфуз ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ин иқдомҳои башардўстона ҷиҳати ҳалли мушкилоти вобаста ба эътилофи обу экология ва иқлим Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати пешсафи ташаббускор муаррифӣ намуданд. Дар партави ин ташаббусҳои ҷаҳонии инсондустона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар саргаҳи ин иқдомот меистанд “Асосгузори дипломатияи об” эътироф гардиданд, ки ин, пеш аз ҳама, боиси ифтихори ҳар як фарди худогоҳи миллати тоҷик ва тоҷикистонӣ аст.

Мақсади ҳамаи ин ташаббусҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дарки муҳиммияти масъалаи мазкур, ташаккул додани маърифати экологии саросарӣ, андешидани чораҳои татбиқӣ ҷиҳати пешгуӣ, пешгирӣ ва мутобиқ шудан ба оқибатҳои нохуши эҳтимолии ҳаводиси вобаста ба норасоии об мебошад. Дар маҷмуъ, ҳамаи ин пешниҳодҳо ва ташаббусҳои башардўстона ва дурандешонаи Пешвои миллат барои истифодаи оқилонаю самараноки об дар таҳкими дарки аҳаммияти об барои таъмини амнияти экологӣ мусоидат намуда, маҳаки расидан ба ҳадафҳои рушди устувор буда, дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон саҳми калони худро мегузоранд ва дар ҳофизаи таърих бо ҳуруфи заррин нақш мебанданд.

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон тамоми қаламрави кишвари маҳбубамонро ба корзори бузурги заҳмати созанда табдил додаанд ва барои расидан ба ин ҳадафҳо саъю талош намуда истодаанд ва аз онҳо умеду интизориҳои зиёд доранд.

Муҳаммадиршод АТОЕВ,

номзади илмҳои биологӣ, эколог,

устоди Академия

Похожие записи