ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ДУРНАМОИ МУШАХХАС БАҲРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар мустақилона сарнавишти миллати тоҷикро барои як давраи дигар муайян месозанд. Яъне, дар заминаи Паём Сарвари давлат ормонҳо ва ҳадафҳои миллатро дар шакли барномаву дастурҳои мушаххас дақиқ месозанд ва онҳоро барои амалӣ намудан пешкаши ҷомеа менамоянд.

 

Воқеан, шуруъ аз аввалин Паём то Паёми соли ҷорӣ, ҳама паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадами устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ ва нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи халқ мебошанд. Соли ҷорӣ низ зимни ироаи Паёми навбатӣ мо шоҳиди ҳадафҳои қавитару вазифаҳои тақдирсози нав ба наву баландарзиш гардидем, ки моро ба марҳилаи шукуфову ободонии аз ин бештар мерасонанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Вақте мо ба маҳаку маънии Паёми Пешвои миллат умқан назар афканем, мебинем, ки он тамоми дастоварду пешрафт, рушди кишвар дар гузашта ва ҳадафҳо барои ояндаро дар худ ғунҷонидааст. Тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ бо бурду бохташ дар Паёми Пешвои миллат таҳлилу баррасӣ шуда, барои рушду равнақ ва пешрафти бештари соҳаҳо нақшаву ҳадафҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд.

Гузашта аз ин, дар Паёми Пешвои миллат нуктаҳои гуҳарбор баҳри боло бурдани ҳиси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ҳифзи марзу бум, зиракии сиёсӣ, талош намудан дар давраи бархӯрди манфитаҳо, ҳифзи арзишҳои миллию таърихӣ ва амсоли ин низ ҳамасола садо медиҳанд. Соли ҷорӣ Пешвои миллат зимни ироаи Паёми хеш вобаста ба масъалаҳои хатари терроризму экстремизм, мураккабу печида гаштани равандҳои геополитикӣ ва афзоиши мухолифату низоъҳо махсус махсус таъкид намуда, иброз доштанд, ки: “Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад.Дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати “дарҳои кушода”-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад”.

Сарвари давлат дар Паёми хеш аз дастоварду пашрафтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлкат ёдовар шуда, онро заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар як фарди ба миллат содиқу софдил ҳосибиданд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ давлати моро аз ин ҳам ободу зебо мегардонанд. Чуноне дар Паём таъкид шуд: “Пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир ва мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат ин ҷо баён шуданд ва вазифаҳо барои бартараф намудани онҳо низ муайян гардиданд. Таъкид менамоям, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд. Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд”.

Дар баробари он ки Паёми Пешвои миллат фарогири тамоми самту соҳаҳои ҳаёти мосту дурнамои машаххас баҳри беҳтару хубтар сохтани фаъолиятамон, ҳамзамон дар он нуктаҳое дарҷ гардидаанд, ки ба мо илҳоми тоза ва неруи бештар баҳри созандагию бунёдкорӣ мебахшад ва барои беш аз пеш заҳмату талош варзидан водорамон месозад. Махсусан, ин таъкидҳои Роҳбари давлат, ки дар Паём зикр гардиданд, моро водор месозад, ки бо эҳсоси гарми ватандорию ватандӯстӣ талош намоем, кор кунем ва Ватанамонро обод созем: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем”.

Дар маҷмӯъ ироаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тамоми масъалаҳоро дар бар гирифта, дурнамои рушд ва бозсозиро дар кишвар барои фардо муайян месозад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки барои самаранокии фаъолияти худ ва саҳм гузоштан дар ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат нуктаҳои Паёмро сармашқи кори ҳаррӯзаи хеш қарор диҳем.

 

Дaврон СAФAРЗОДA,

ноиби якум, ноиби ректор оид бa тaълими Aкaдемия,

номзaди илмҳои педaгогӣ, дотсент

Похожие записи