ПАЁМ- БАШОРАТЕ АЗ РУШДИ УСТУВОР

50877367992_cefaf67826_o

Боиси сарфарозист, ки ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” доир гашта, барои муайян намудани роҳи минбаъдаи мо  ва рушди устувори самтҳои мухталифи кишвар мусоидат менамояд. Чӣ тавре, ки Пешвои миллат қайд намуданд, соли 2020 барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон соли мураккаб буда, новобаста аз ин дар вазъияти бошиддати иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ як қатор чораҳои фаврӣ роҳандозӣ щуд. Ба вуқуъ омадани бемории ҷаҳонии ҳамагири коронавирус барои рушди самтҳои гуногуни хоҷагии ҷумҳурӣ таъсири назаррас гузошт. Бо вуҷуди ин, барои Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон соли бобарору таърихӣ ва хотирмон буд. Бо қарори махсуси созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО таҷлил гаштани 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири ғазалсаро Камоли Хуҷандӣ мисоли равшани ин гуфтаҳо буда, бори дигар аз он шаҳодат дод, ки миллати тоҷик дорои фарҳанги тамаддуну бузургу беназире мебошанд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардида буд ва барои татбиқи ин ташаббус як қатор нақшаҳо қабул гардид. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида шавад. Ин бешак, намунаи олии ғамхории Пешвои хирадманду фарҳангсолори кишвар ба рушди илму дониш дар кишвар аст.

 

Агар то замони истиқлол дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард, имрӯз хушбахтона шумораи мактабҳои олӣ дар кишвар ба 41 расида, шумораи донишҷӯён 245 ҳазорро ташкил медиҳад.  Инчунин, боиси хурсандист, ки дар хориҷи кишвар низ қариб 40 ҳазор донишҷӯю муҳаққиқони тоҷикистонӣ таҳсил менамоянд. Хусусан, таъсис дода шудани стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” имконияти бештареро барои донишҷӯёни тоҷик фароҳам овард, ки дар хориҷ низ ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Сол ба сол афзудани ҳаҷми стипендияи президентӣ ва шумораи гирандагони он низ намунаи олии ғамхории роҳбарияти кишварро нисбат ба тарбияи насли наврас нишон медиҳад. Бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии донишҷӯён, магистрҳо, аспиранту докторантҳо Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки шуруъ аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ стипендияи онҳо 30 фоиз зиёд карда шавад. Ин ғамхориҳо бори дигар ҳар як узви ҷомеа, хусусан ҷавонони боистеъдодро водор месозад, ки заррае ҳам бошад, барои ободии меҳани азизи худ кӯшиш намояд ва аз чунин ғамхориҳои пайваста истифода барад.

 

Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба самти сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус дода, шумораи сайёҳон ба кишвар сол то сол меафзояд ва барои фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳӣ як қатор имтиёзҳо фароҳам омадаанд. Бунёди шумораи зиёди меҳмонхонаҳои муосир ва марказҳои хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонон дар ҳудуди кишвар боиси афзоиши нуфузи сайёҳии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ гаштааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10-гонаи беҳтарин ва амнтарин хатсайрҳои сайёҳии ҷаҳонӣ ворид шудааст.

 

Чун ҳамеша, сарвари оқилу дурандеш ва хирадманди кишвар ба масъалаи дастгирӣ ва ҳавасмандкунии ҷавонони боистеъдод изҳори назар намуда, аз ҷумла афзуданд, ки солҳои охир баргузории озмунҳои гуногун аз қабили “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ” маҳз ба хотири дарёфти истеъдодҳо гузаронида мешаванд. Дастур доданд, ки маблағи барои ҷоизаҳо пешбинӣ шуда боз ҳам зиёд карда шавад. Ин иқдомро кули муассисаҳо дастгирӣ намуда, барои иштироки кормандону донишҷуён шаротҳо фароҳам овардаанд. Аз ҷумла, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон утоқи махсус барои иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, бо онҳо ҳамарӯза устодони ботаҷриба корбарӣ менамоянд.

 

Албатта, чунин ғамхориҳо ва шароитҳои арзанда бори дигар ҳар як фарди хештаншиноси ҷомеаи моро водор месозад, ки дар ҷавоби ин иқдомҳо худ низ заррае ҳам бошад, ба хотири рушду инкишоф ва суботи ҷомеа кӯшиш намояд. Мо аз ин иқдомҳои фарҳангпарварони Пешвои миллат илҳом гирифта, барои талқини бештари ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ дар байни насли ҷавон, тарбияи онҳо дар руҳияи хештаншиносӣ ва садоқат ба марзу буми кишвар талош хоҳем кард.

 

Насрулло ТӮЙЧИЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа,

устоди кафедраи психология

ва сотсиологияи идоракунӣ

Похожие записи