РАМЗИ БУЗУРГӢ

IMG_2867

Нафаси гарму атрогини баҳор, ки ҳама интизораш ҳастем, ба сарзамини зебои мо мерасад. Дар ин лаҳзае, ки баҳор ба табиат қувваи нав медиҳаду он аз хоби гарон бархеста, қабои сафедашро бо сабз иваз мекунад, мо амиқтар дарк мекунем, ки баҳору зан то кадом андоза ҳамоҳанганд. Албатта, боварӣ ҳосил мекунем, ки нажоди зан, воқеан, дар худ чунин хислатҳои наҷиби инсонӣ, аз қабили зебоиву накӯкорӣ, покӣ ва садоқатро дар худ таҷассум мекунад. Зан омили ҳастии башар мебошаду зебоияш оламро равшан мекунад, зеро нияти поку қалби мунаввар дорад.

 

Қобили таъкид аст, ки эҳтироми Зан — Модар барои мо аз қадимулайём арзиши асосӣ маҳсуб меёбад, чунки дарси аввалинро, ки ихтисос ёфтааст ба мавзӯи меҳру муҳаббат ва одамгарӣ, аз нахустлаҳзаҳои тавлид аз модар, аз аллаи ширини ӯ, ки болои сари кӯдаки навзод мехонанд, меомӯзем. Ҷойи инкор нест, ки наметавонем нозуктарин ва пурасрортарин эҳсос, тимсоли ишқу вафодорӣ, меҳру садоқат ва лутфу марҳаматро, ки ҷавҳари рӯзгори мост, бидуни мӯъҷизаи беҳамтои Офаридгор — нажоди зан, дарк кунем.

Ҳар нафар чун дар мавриди зан сухан меронад, пеш аз ҳама, модари гиромӣ, модаркалон ва хоҳаронашро пеши назар меорад. Агар ба онҳо ҳар қадар диққат диҳему ғамхорӣ кунем ва ҳатто барои лаҳзае хурсанд карданашон кӯшиш кунем ҳам, дар лобалои шабзиндадориву бо ноз парварданҳояшон ҳанӯз ками андар кам аст, зеро маҳз зан боиси шунидани аввалин гиряи тифли навзод мешавад ва маҳз бо садои зан тифл хомӯш мегардад. Аз ин рӯ, дар дунё чунин зоте аст, ки агар ҳар лаҳза эҳтиромаш намуда, дилашро бо беҳтарин сухану ҳадяҳо шод гардонем ҳам, ҳанӯз заррае аз ҳаққашро адо карда наметавонем ва ин зоти муътабар модар аст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Зан — Модар бисёр таъкидҳо доранд. Дар яке аз онҳо модарро азизтарин вуҷуди рӯи замин дониста, оғози зиндагиро аз нафаси гарму дилнавози ӯ хондаанд. “Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост”, — таъкид кардаанд Пешвои миллат.

Ин намунаи олии эҳтиром ба мақоми шоиста ва манзалати зан дар ҷомеа аст ва намунаҳои дигари онро мо дар тамоми гӯшаи дунё вомехӯрем. Ин аст, ки ҳамасола бо аввалин қудуми баҳори файзрез рӯзи Модар ҳам по ба остона мемонад. Оре, 8 март ҳамчун Рӯзи занону модарон таҷлил карда мешавад.

Тавассути сиёсати созандаи имрӯзи давлату Ҳукумати мамлакат занон дар рушду пешрафти кишвар, оила ва ҷомеаи мо мавқеи муҳим доранд. Онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии кишвар, бахусус идораи давлатӣ, истеҳсолот, соҳибкорӣ, хоҷагидорӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо сари баланд меҳнат мекунанд.

Мо – занону бонувон, бояд аз он фахр кунем, ки дастгирии ҳамаҷонибаи ин қишр, ҳифзи модару кӯдак, таъмини суботи оила ва боло бурдани мақоми эшон дар ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Пас, бигзор Зан – Модар болои сари ҳар яки мо чун Офтоби тобон хонаҳоро пур аз нур гардонда,ҳастӣ ва зиндагиамонро зебову рангин созанд.

Бо шунидани садои пойи баҳор ва фарои рӯзи вежаи ин олиҳаи зебоиву меҳр – 8 март тамоми занону модарони дунёро табрик менамоям. Бигзор, дар лабатон фақат табассуми самимӣ гул кунаду чашмонашон дурахшон аз нури шодӣ бошад.

Мадина МЕНИКУЛОВА,

магистранти Академия

Похожие записи