СУХАНЕ ЧАНД АЗ ТАЪРИХИ НИШОНИ ТОҶИКОН

Р.М.

Нишон ва парчам яке аз муҳимтарин рамзҳои фарқкунанда миёни ин ё он қавму миллат ба ҳисоб рафта, таърихи қадима доранд. Аз ҳазорсолаҳои гузашта бо мақсади шинохт ва муайян намудани ҳар як миллат маҳз бо тасвирҳои гуногуни рамзӣ — нишон ва парчам истифода намудаанд. Тоҷикон бо ифтихори бузург дар тӯли таърих миёни қавмҳои дигар бо рамзи нишон ва парчам шинохта шудаанд, ки дар гузашта тасвири онҳо дигаруниҳои бисёреро дидаанд.

 

Дар нишонҳои рамзии қавму миллатҳои ҳар як давру замон чун анъана паррандаҳои ёбоӣ, аждаҳо, шерру паланг, шамшер ва ғайраҳо ифода ёфтаанд, ки онҳо мазмунан аз якдигар фарқ мекунанд.

Тибқи сарчашмаҳои муътамади хаттӣ ва чопӣ шоҳон ва фармонравоёни қаламрави Эронзамин ва дигар сарзаминҳо аз замони бостон шакли ҷонварон ва ситораҳои осмонӣ, бавижа шеру офтобро бар нишону парчамҳо, сиккаҳо ва дигар абзорҳои шоҳӣ мегузоштанд.

Аломати нишон аввалин маротиба дар рӯи танга, сикка ва мӯҳрҳои дунёи қадим дида мешаванд. Дар нишони давлати шумерҳо дар ҳазорсолаи сеи пеш аз мелод тасвири уқоби шерсар буда, дар асрҳои миёна нишон бо тасвири шерҳо рӯйи кор омаданд.

Шеру офтоб аломатҳое мебошанд, ки дар фарҳангҳои куҳани Эрону тозӣ, турку яҳуд, муғул ва ғайра истифода гардидаанд. Дар асри шаши ҳиҷрӣ, дар замони зимомдори хонадони турк рамзҳои шеру офтоб аз ситорабинӣ ба корҳои ҳунарӣ дар қаламрави исломӣ аз Миср то Осиёи Миёна ворид гардидааст. Аз даврони салчуқиёни Рум сиккаҳои бо нақши шеру офтобро метавон пайдо кард, ки ин нишон аз садаи Х ҳиҷрӣ/XV мелодӣ ба таври ногусастанӣ бар рӯйи нишон ва парчамҳои Эронзамин бастааст.

Офтоб аз дурахшонтарин ҷурми осмонӣ ва подшоҳи ситорагон аст, ки назди мардумони бостон ҷойгоҳи хоссае доштааст, ки гоҳе ба парастиш низ бархостаанд. Шер ҳам шуҷоъманду далертарини ҳамаи даррандагон ва пеши мардум ба мардонагӣ низ мавсуф аст, ки худ беҳтарин намунаи паҳлавонӣ ва барои нақш бар нишону парчамҳо, сипарҳо ва дигар абзорҳои ҷанги шоёнтарин шакл мебошад. Тасвири шер бар рӯйи нишонҳо баёнгари шуҷоату қудрат мебошад. Шер аз муҳимтарин намунаҳои куҳан дар миёни шоҳони Эронзамин маҳсуб гардида, баёнгари аломати диловарӣ мебошад.

Оид ба чигунагии пайдоиши шеру офтоб ва бо ҳам пайвастани онҳо дар нишонҳо агарчи далели қатъии таърихӣ дар даст нест, вале чанд андешаҳо бешбинӣ гардидааст.

Хонадони салчуқиёни Рум, ки дар бахше аз Осиёи хурд фармонраво буданд, машҳуранд. Ибни Ибрӣ дар бораи Ғиёсуддини Кайхусрав писари Алоуддини Кайковус, ки аз подшоҳони он хонадон ва дувумин Кайхусрав аз эшон аст, дар соли 634 ҳиҷрӣ ба ҷои падари худ подшоҳӣ ёфта буд, менависад, ки ӯ духтари подшоҳи Гурҷистонро ба занӣ гирифт. Дар он замон зебоии занони Гурҷистон, ба вижа, зебоии хонуми шоҳзодагони гурҷӣ дар саросари Шарқу Ғарб шуҳрат ёфта буданд. Ибни Ибрӣ мегӯяд, ки Кайхусрав шайдои рухсори дилорои шоҳзодахонуми гурҷӣ гардида, дину дил ва тобу тавон аз даст дода буд ва ба фармони ишқ мехост рӯйи дирҳаму динорро бо нақши он рухсори дилоро биёрояд. Наздикони Кайхусрав рой бар ин кор намедоданд, вале чун ӯ пофишорӣ дошт, чунин тадбир андешиданд, ки сурати шере нигошта, рӯй ҳамчун офтоби он шоҳзоди гурҷиро ҳамчун офтобе бар фарози он бингоранд, ки ҳам дилхоҳи Кайхусрав анҷом гирифта, ҳам мардум пай ба ҳақиқати кор набурда, чунин пиндоранд, ки мақсад нақши сурати толеи подшоҳ аст.

Дар муқаддимаи нусхаи хаттии “Нишонҳои давлати алияи Эрон” оид ба аломати шеру хуршед чунин тавзеҳ дода шудааст: “Бояд донист, ки нишони давлати алияи Эрон ҳамагӣ дорои шер ва хуршед аст, ба ҷуз нишони тимсоли ҳамюуни шоҳаншоҳи рӯҳу-л-фидо. Вале тафовуте, ки дорад, ин аст, ки нишони умумӣ ва нишони ањли низом тамоман шер ва хуршед истодааст ва шамшери бараҳна дар дасти рост ва ба ҷуз шеру хуршед мудоли тамоми шеру хуршедҳо минокорӣ (луоби оби ранг, ки бо он тиллову нуқраро наққошӣ мекунанд, — Д.Р.) шудааст. Вале нишони арбоби қаламу санъат ва ашхоси хориҷаро шер ва хуршед хобида бошад бе шамшер.” Аз иқтибоси боло маълум мегардад, ки дар нишонҳои давлатии Иттиҳоди Шуравӣ ба хусус Тоҷикистон, ки рамзи офтоб боқӣ мондааст, аз замонҳои пеш сарчашма гирифтааст.

Тоҷикистон то соли 1929 нишони алоҳидаи худро надошт. 15-уми ноябри соли 1925 мувофиқи моддаҳои 98 ва 99 Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нишон ва байрақи умумӣ муқаррар гардид. Њамчунин, 23-юми феврали соли 1929 Комитети Иҷроияи Марказии Советҳои Тоҷикистон чунин қарор қабул кард, ки нишон ва байрақи давлатии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба намуди зер қабул карда шавад: “Нишони давлатии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз досу болғаи тиллоранг иборат аст, ки дар рӯи ситораи панҷкунаҷа чор чиллик ва дасташон поён ҷойгир кунонда шудаанд. Ситора дар осмони кабуди бо шуълаҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда акс ёфтааст.”

Ситора аз рост бо хӯшаҳои гандум ва аз чап бо навдаҳои ниҳоли пахтаи шукуфон фаро гирифта шудааст. Аз поён хушаҳои гандум ва навдаҳои ниҳоли пахта бо лентаи сурх баста шудаанд. Дар поён зери ситора ба забони русӣ “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!” навишта шудааст. Дар нуги болоии ситора бо ҳуруфотҳои куҳнаи арабӣ ва ҳуруфоти лотинӣ ба забони тоҷикӣ “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!” навишта шудааст.

Тамоми ифодаи нишон бо ҳошияи тиллоранги досшакл (шакли моҳи нав), ки ба боло қад мекашад, фаро гирифта шудааст. Ба ин ҳошия болои ҳамдигар бо ҳуруфоти куҳнаи арабӣ, лотинӣ ва русӣ “Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» навишта шудааст…”

Мувофиқи лоиҳаи нави Конститутсияи соли 1931, 24-уми феврал лоиҳаи нави Нишони давлатии Тоҷикистон аз тасвири ситораи панҷкунҷае иборат буд, ки дар қисми болояш дар шуои офтоб досу болға ва дар қисми поёнаш тасвирҳои ифодакунандаи сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон акс ёфта буданд. Ситораи панҷкунҷа аз рост бо хӯшаҳои гандум ва аз чап бо навдаҳои ниҳолҳои пахтаи шукуфон фаро гирифта, дар поёнаш сарҳои ангур кашида шуда буданд. Аз боло хӯшаҳои гандум ва навдаҳои ниҳоли пахта бо лентае печонда шуда, ба он ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!”, дар лентаи қисми поёнии доира ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ “РСС Тоҷикистон” навишта шуда буданд.

Баъд аз қабул гардидан ва ба расмият шинохтани нишон маълум гардид, ки он ҳама музафариятҳои меҳнаткашони РСС Тоҷикистон дар нишони мазкур инъикос нагардидааст. Аз ин рӯ, ин масъала миёни Комитети Иҷроияи Марказии Советҳо мавриди муҳокима қарор гирифтааст. Билохира, соли 1934 қарор қабул гардид, ки нишони давлатӣ бояд хусусиятҳои тараққикунандаи пахтаи мисрӣ, аломатҳои чорводорӣ, боғдорӣ ва саноатиро ифодакунанда буда, инчунин мавқеи Тоҷикистонро бар сифати тимсоли Иттифоқи Советӣ дар сарҳади Шарқи мазлум ифода намояд, аз ин рӯ, конкурс эълон карда шавад. Дар конкурси мазкур таҳияи нишони рассоми рус Александр Яковлев қабул гардид. 27-уми апрели соли 1936 дар маҷлиси Президуми Комитети Иҷороияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ гаридани нишони давлатии РСС Тоҷикистон» масъала муҳокима карда шуд, ки дар қарори он чунин омадааст: “Тасвири нишони давлатии РСС Тоҷикистон, ки онро 4 июли соли 1935 Президуми Комитети Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон қабул карда буд, бо таҳрири зерин тасдиқ карда шавад:

Нишони давлатиии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз дастаи камоншакли хӯшаҳои гандум аз тарафи рост ва навдаҳои ниҳоли пахтаи шукуфон аз тарафи чап иборат аст.

Дар поён, дар ҷои ба ҳам печидани хӯшаҳои гандуму навдаҳои пахта досу болға ва дар паҳлӯи онҳо хушаҳои ангур акс ёфтаанд, дар мобайни дос пилла кашида шудааст. Гулдастаҳо аз ду тараф ду маротиба бо лентаи гулгун печонда, ба он аз тарафи чап ба забони тоҷикӣ ва аз тарафи рост ба забони русӣ “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!” наишта шудааст.

Дар дохили гулдаста аз поён ба боло, аз тарафи чап сурати трактор, ки онро тракторчӣ ронда истодааст ва аз тарафи рост рамзи ду гусфанд кашида шудааст. Болотар аз онҳо заминҳои кишт акс ёфтаанд, ки аз байнашон канал мегузарад – дар резишгоҳи канал бинои стансияи электрикии обӣ, ки бар болояш байрақи сурх ҷилва мезанад. Дар паҳлӯи чапи стансияи электрикӣ чор дарахт ва қишлоқи наонқадар калон, дар паҳлӯи рости стнасия як дарахт, бинокориҳо, манораи нефткашӣ, дар паси онҳо кӯҳҳо акс ёфтаанд. Аз паси кӯҳҳо офтоб тулӯъ мекунад, ки дар шуълаҳои он ба забони тоҷикӣ “РСС Тоҷикитсон» навишта шудааст. Дар рӯи шуълаҳои офтоб, дар байни нугҳои гулдаста ситораи панҷкунҷа кашида шудааст, тасдиқ карда шавад.

Тасвире, ки мо дар боло зикр намудем, муддати дароз давом накард. Соли 1936 тарҳи нишон боз тағйир ёфт, аммо ин тағйирот асосан аз байни нишон, ки бо элементҳои тасвирӣ пур шуда буд, дахл дошт. Нақши стансияи обии электрикӣ, трактор ва қишлоқ бо нақши ситораи панҷгӯша иваз гардид. Ситораи сурхи миёни чанбар рамзи умеду бовариро ба ояндаи дурахшон ифода мекунад. Досу болға иттифоқи синфи коргар ва деҳқононро таҷассум месозад. Офтоб ва нурҳои он рамзи ҳаёти ҷовидон, равшанӣ ва хирад буда, инчунин давраи нави ҳаётро ифода менамояд. Хӯшаҳои гандум ва пахта, ки чанбарро ташкил медиҳанд, боигарӣ, фаровонии замин ва маҳсули меҳнати бунёдкоронаи инсонро мефаҳмонад.

Инчунин, рангубори тасвирҳо дар нишони мазкур ҳам дорои мазмуну маънӣ ва мақсади муайяне мебошанд. Ранги заррини хӯшаи гандум саховат ва шараф, ранги сурх инқилоб, пойдории ҳаёт, мардонагӣ, матонату шуҷоат ва ранги сабз олами растанӣ, инчунин умеду орзу ва бовариро ба бахти безавол таҷҷасум мекунад.

Ҳамчунин, 14-уми апрели соли 1978 ҳангоми қабули Конститутсияи Тоҷикистон нишон бо каме тағйиру иловаҳо иваз гардид ва то даврони Шӯравӣ ҳифз карда шуд.

Дар замони Истиқлолият дар ҷараёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ҳангоми қабули нишони давлатӣ, ки акси шер дошт, баҳсҳои зиёд сурат гирифт. Онро вакилон пазируфтанд, вале дар моҳи декабри соли 1993 он акс аз нишон бардошта шуда, ба ҷойи он нишони кунунии давлатӣ аз тасвири тоҷ, ҳафт ситора, хуршеди тобон, кӯҳҳои сарбаланд, китоби бозшуда дар болои курсӣ, хӯшаҳои гандум ва шохаҳои шукуфтаи пахта қабул гардид.

Тасвири кӯҳҳои сарбаланд-ишора ба куҳсор будани мамлакат, шуълаҳои офтоб-нишонаи иқлими офтобӣ будани кишар ва шаҳодати нури зиёд ва равшаниву шукуфоӣ, тоҷи заррин-рамзи фарру шукӯҳ бар сари миллат ва ҳафт ситора-гувоҳи ҳафт иқлим ва орзуву омоли нек ба сӯйи ояндаи ободу осуда мебошанд.

Ҳамзамон, бо ин хӯшаҳои гандум ва ниҳоли пахтаи бо парчами кишвар печонидашуда ҳамчун нишонаи ризқу баракат, сарсабзиву пояндагии миллату давлат ва китоби бозшуда чун гувоҳи хиради азалии миллати куҳанбунёди мо аз таъриху тамаддун ва аҷргузорӣ ба илму дониш шаҳодат медиҳад.

 

Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ,

сардори шуъбаи магистратура