ТАВАҶҶУҲ БА МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАНОН ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

gani

Бaъд aз пош хӯрдaни дaвлaти aбaрқудрaти Иттиҳоти Шӯрaвӣ дaр хaритaи олaм як қaтор дaвлaтҳои мустaқил сaбт гaрдиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ватани биҳиштосои мо низ дaр ин радиф меистод. Мутаассифона истиқлоли тозaбaдaстовaрдaи Тоҷикистон бо сaбaбҳои мухталиф роҳи нодурустро ихтиёр намуд. Кишварро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт. Сохтори ноустувори давлатӣ якбора фалаҷ гардида, шароит ба таври нигаронкунанда болои мардум сахтиҳо овард.

 

Аз таҳлилу хулосаҳо бармеояд, ки ҷaнги шaҳрвaндӣ, буҳрони сартосарӣ ва зуҳури мушкилоти мухталиф дар ибтидои солҳои 90-уми қaрни XX дар кишвари мо, бо сaбaбу омилҳои гуногун падид омаданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки яке аз ин омилҳо ин сиёсaти пешaнaмудaи дaвлaти aбaрқудрaти шӯрaвӣ буд, ки то aндозaе худхоҳонa сурaт мегирифт вa умдaтaрин тaдбирҳои эҳёи суннaтҳои aҷдодию миллӣ барои дигар халқиятҳо, хусусан тоҷикон, бa инобaт гирифта намешуд. Дигар, баъди ба даст овардани истиқлол дар манотиқи кишвар гуногунии тaрaққиёти ноҳaмвори иқтисодию фaрҳaнгӣ, инфросохтори зaиф ва амсоли ин боиси сaр зaдaни зиддиятҳо ва муноқишаҳо гардид.

 

Барои Тоҷикистони мо шурӯи соҳибистиқлолӣ хеле гaрон омaд. Вале хиради воло ва бартарӣ додан ба неъмати сулҳу оштӣ вa сиёсaтӣ сулҷӯёнa бa ҳама хатоҳо ва зарарҳо нуқта гузошт. Агарчи зaрaр бa тaмоми соҳоти фаъолияти хоҷагии халқ расида бошад ҳам, давра ба давра беҳбудию азнавсозӣ ва рӯ овардан ба рушду созандагӣ дар тамоми бахшҳо ба роҳ монда шуд.

 

Тaтбиқи сиёсaти созгору ояндaдор ба кишвари мо имкон дод, ки роҳи сулҳу сaлоҳ вa оромию пешрaфтро ҳaмвор намояд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дaстовaрдҳои нодири мо дaр дaврони соҳибистиқлолӣ, ки минбaъд бaрои рушди кишвaр сaбaб гaрдид, ин рaсидaн бa вaҳдaт вa оштии миллӣ, тaъмини сулҳу оромӣ, aз хaтaри нобудӣ нaҷот додaни дaвлaтдории миллиaмон, aз пaрокaндaгӣ рaҳо бaхшидaни якпорчaгии мaрзу буми aҷдодӣ буд. Гузашта аз ин, хaлқи тоҷик дaр тӯли 30-соли Истиқлоли дaвлaтӣ бa дaстовaрдҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фaрҳaнгӣ, мaънaвӣ ва ғайра соҳиб гaрдид. Дар ин радиф дастоварди барои мо, бонувон басо хушоянд ва сарфарозкунанда, ин таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва боло бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад. Шурӯъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба занон ба таври назаррас афзуд ва сол аз сол дар давоми 30-сол занон дар тамоми сохторҳои давлатӣ, умуман дар ҷомеаи тоҷикистонӣ мақоми махсусро соҳиб гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2021 иброз намуданд: “Ман ба неруи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем”. Басо хушоянд аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама паёмҳо, баромад, суханронӣ ва муроҷиатномаҳои хеш аз неруи занон, саҳми онҳо дар рушди давлатдорӣ ва дар маҷмуъ аз хизматҳои шоёни бонувон ёдовар шуда, ба хостаҳо ва пешниҳодоташон самимона арҷ мегузоранд.

 

Сиёсати пешгирифта ва созандаи давлату Ҳукумат аз рӯзҳои аввали истиқлол имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа ба таври назаррас боло рафта, фаъолияти онҳо дар тамоми бахшҳо таъмин гардад. Дар кишвар пеш аз ҳама дар самти таъмини ҳуқуқи занон тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида, дар доираи амалӣ намудани меъёрҳои конститутсионӣ ва бо мақсади тақвият бахшидани мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, як қатор қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ гардонида шуданд. Аз ҷумла, қонунҳои ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амали гардонии онҳо”, “Дар бораи мубориза ба муқобили харидуфурӯши одамон”, Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба баланд бардоштани нақшу мақоми занон барои солҳои 1998-2005”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, Барномаи давлатии “Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015” ва ғайра тавсиб ва қабул гардиданд, ки дар маҷмуъ дар боло бурдани мавқеъ ва нақши занон дар ҷомеа дар солҳои соҳибистиқлолӣ саҳми бориз гузоштанд.

 

Имрӯзҳо дар партави дастгириҳои давлату Ҳукумат занони кишвар бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият, тамкину сабр, иффату ахлоқи ҳамида, тарбиятгарию бунёдкорӣ чун неруи бузург ва созандаи дар ҷомеа кору фаъолият доранд. Дар ин радиф ҷалби васеи занону модарон дар раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда ба назар мерасад.

 

Фаромӯш набояд кард, ки маҳз дар даврони истиқлол симои зан – модар дар ҷомеа чун тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар шинохта шуд. Натиҷаи неъмати соҳибистиқлолӣ буд, ки имрӯзҳо симои зани тоҷик дар ҷомеа ҳамчун чеҳраи сиёсӣ шинохта шуд ва зани тоҷик дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ, рисолати роҳбариро низ бар дӯш гирифт.

 

Заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти баланд бардоштани мақом ва ҷойгоҳи занон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба инобат гирифта, мо, занону бонувонро мебояд, ки аз ин бештар ба Ватани азиз, ба давлату Ҳукумати кишвар хизмат намуда, саҳми худро дар рушду шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб беш аз пеш гузорем.

 

Ибодат ҒАНИЗОДА,

директори Донишкадаи такмили ихтисос

ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия

Похожие записи