ТАНЗИМИ РАВАНДҲОИ МУҲОҶИРАТ ДАР ШАРОИТИ КУНУНӢ ВА ҶАҲОНИШАВӢ

azyz4ohgt6dy81lqpo2cyxife7ixq2ht

Таҷрибаи байналхалқӣ нишон медиҳад, ки барои ба танзим овардани равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ ҳалли якчанд масъалаҳои аввалиндараҷа зарур мебошад ва ҳамаи онҳо пайдарҳамии худро дошта, аз якдигар вобастагӣ доранд. Яъне, масъалаҳои калидӣ ба монанди интихоб ва татбиқи сиёсати самараноки муҳоҷиратӣ, такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ ва қабули қонунҳои муосир дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, рушди низоми муассисаҳои касбомӯзӣ ва оммавӣ фаро гирифтани муҳоҷирон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбҳои рақобатпазир дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ, инчунин дигар масъалаҳои зарурӣ бояд дар маҷмӯъ ҳаллу фасл гарданд.

 

Дар давоми масъалаи танзими равандҳои муҳоҷират тазаккур додан лозим аст, ки рушди ҳамкориҳои давлатию хусусӣ яке аз воситаҳои аз байн бурдани мушкилиҳо дар соҳаи муҳоҷират мебошад. Айни замон дар Тоҷикистон кулли масъалаҳоро оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон дар дохил ва хориҷи мамлакат, омӯзиши муҳоҷирон ба касбу ихтисосҳои замонавӣ ва забонҳои хориҷӣ, бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо, нашр намудани маводҳои чопӣ бо намуди буклету плакатҳо, сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа, таъмини ҳуқуқи муҳоҷирон дар мурофиаҳои судӣ ва доир ба дигар масъалаҳои ҳалталаб асосан идораҳои давлатӣ кору фаъолият мебаранд.

Барои ба танзим овардани равандҳои муҳоҷират, иҷрои якчанд вазифаҳо ҳалталаб мебошанд, аз ҷумла: ҷорӣ намудани механизми муосири ҳамкориҳои давлатию хусусӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират, тақсимоти баробарона ва дурусти вазифаҳо бо ҷалбу иштироки фаъолонаи бахши хусусӣ дар ҳалли мушкилиҳои муҳоҷират, рушди ҳамкориҳои байниидоравию байнидавлатӣ, бештар ҷалб намудани шарикони иҷтимоӣ дар ҳалли мушкилоти муҳоҷират ва ба ин монанд вазифагузорию ҳамкориҳои судманд яке аз роҳҳои ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷират ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади танзими хубтари равандҳои муҳоҷират ва ҳалли душвориҳои идора кардани ҷараёни он дар шароити афзоиши ҳаракати байналхалқии қувваи корӣ, ки бевосита ба вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат таъсири худро мерасонад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро лозим аст бо ҷалби ҳамаи табақаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ чорабиниҳоро марбут ба қабули стратегия ва барномаи давлатӣ оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷират мавриди амал қарор диҳад. Зеро танҳо бо иштироки мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бе ҷалби олимону коршиносони ботаҷриба, кор карда баромадани стратегияю барномаи давлатии дурнамо, ки тавонад сиёсати самараноки давлатиро ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷират мавриди амал қарор диҳад, ғайриимкон мебошад.

Айни замон, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатии баргашта будубош доранд ва нисбати ҷалби онҳо ба фаъолияти доимии корӣ, омӯзиш ва бозомӯзӣ ба касбҳои замонавӣ, ҷудо кардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва қарзҳои имтиёзнок, фаро гирифтан ба кӯмаки иҷтимоӣ ва ҷиҳати ҳалли дигар масъалаҳо, мақомотҳои давлатӣ бояд чораҳои амалӣ андешанд.

Татбиқ намудани чораҳои зарурии давлатӣ имконият медиҳанд, ки механизмҳои амалисозии тадбирҳо доир ба идора кардани равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити афзоиши харакати байналхалқии қувваи корӣ, ки таъмини амнияти зеҳнии миллати тоҷик ва нигоҳ доштани мутахассисони бомаърифат яке аз тадбирҳои зарурии давлатӣ ба ҳисоб меравад, татбиқи амалии худро пайдо намояд.

Шаҳром МУҲСИНОВ,

магистранти Академия

Похожие записи