МОДАР – МУҶАССАМАИ ГӮЁИ ЗИНДАГӢ

276124543_2353881304775744_6035097348379287573_n

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои Модар аст,

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои Модар аст.

Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои Модар аст.

 

Баҳори некпай бо ҷашни зебои меҳрофарини Рӯзи Модар муждаи рӯзи наву паймони тозаро меорад, ки ин беҳтарин ҳадя ва меҳру ихлосу эҳтиром ба модар аст. Аз баҳоре ба баҳори дигар расидан давлати бузургест. Рӯзи Модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад.

Зан-Модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Модар оғози зиндагӣ, олами эъҷоз, меҳвари умр ва маъбади меҳру вафост. Модар шахси муқаддас аст. Вақте, ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қиматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷушест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад. Сини инсон чанде ки набошад, хоҳ 5 хоҳ 50, барои ӯ модар-навозишу нигоҳи вай зарур аст. Ва ҳар қадаре, ки муҳаббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон аст.

Модар! Бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеч тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне ҳасти, ки роҳи фарзандатро равшан месозӣ.

Модарам ту ягона вуҷудаму рафиқам, эҳсону дастгирам дар парешонҳолӣ, шарикам дар ғаму андуҳ, лаззатам дар ҳаёту роҳатам дар мамот, ту табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораю суруди ҷаҳонгири саҳаргоҳам. Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба дунё оварди, ҳаммаслаки ситораҳо гардида, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шуди, бо чашмони хастаат бониям кардию бо дили афсудаат ҳимояаам.

Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне, бӯи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз фаромӯш намегардад. Ҳусну зебоӣ, лутфу меҳрубонӣ, бузургдиливу сарсупурдагии ӯ ҷиҳати амну субот, оромиву рушд, рисолати офаридгорӣ аз сифатҳоест, ки аз зан ба аҳли башар расидааст. Пешрафту тараққиёт, шукуфоиву зебоии ҷомеаро бе ширкату нақши Зан-Модар тасаввур кардан амрест маҳол.

Шурӯъ аз соли 2009 мардуми шарифи Тоҷикистон бо фармони Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон 8 мартро ҳамчун “Рӯзи Модар” таҷлил мекунанд.

Сарвари давлат соли 2010-ум дар Паёми худ ба муносибати 8 март дар бораи аҳамияти он чунин гуфт: “Рӯзи Модар эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест,ба суннату анънаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад. Албатта, барои ҳар як миллат ва ҳар шахси бонангу номус ҳар рӯз рӯзи модар аст. Лекин мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, ки эҳтирому арҷгузории хосаи худро ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришти хешофарандагони зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёти наслҳо собит созем. Зеро ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қахрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шаборузии модар аст. Яъне дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ, башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад”. Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва маҳзани ганҷи фарзанд, шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст.

Дар яке аз паёмҳои худ Сарвари давлат қайд кардааст: “Сухани пурҳикмату таъсирбахши занону модарони бомаърифат қудрате дорад, ки каҷравонро ба роҳи рост,ҷинояткоронро ба адлу инсоф, хиёнаткоронро ба сидқу сафо,ношукру носипосонро ба фурутаниву шикастанафсӣ роҳнамун месозад”. Маҳз модари тоҷик ҳазорон нафар фарзанди фарзона ва бонангу номусу ҷасуру ватандӯстро  ба дунё оварда, дар домони худ парварда, ба камол расонида, барои хидмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст. Бузурге фармудааст: “Агар мехоҳед андозаи тамаддун ва пешравии миллатро бидонед, ба занони он миллат нигаред”.

Агар Зан- Модар набуд, пас одаму олам набуд ва рӯзгор маънӣ надошт. Зан бузургтарин шоҳкории офариниши олам аст. Ишқу муҳаббат ва хушии рӯзгору лаззати маҳбубиятро танҳо дар мавҷудияту ҳастии Зан-Модар метавон дарёфт. Тавре шоир Ҳақдод Рашидӣ фармудааст:

Аз ту, модар, ибтидо ёбад ҷаҳону зиндагӣ,

Бе ту набвад равнақе дар бӯстони зиндагӣ.

Ҳамду сано ба Зан-Модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои уст. Иди зебоятон мубораку хуҷастапай бошад Модарони азизу меҳрубон!

Рухшона САФАРОВА,

ходими хурди Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академия

Похожие записи