ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ДЕМОКРАТИКУНОНИ ОХИРИ СОЛҲОИ 80-УМ ВА ИБТИДОИ СОЛҲОИ 90-УМИ АСРИ ХХ

309250458_1278390339654718_2031851920374982368_n

Дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ вазъияти сиёсию ҷамъиятие ташаккул ёфт, ки дар таърихи халқҳо ва мамлакатҳо саҳифаҳои нави рангин ва муқовиматомезу хунинро боз намуд. Аз ҷумла, аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва низоми сотсиалистӣ, инкишоф, тақдири халқҳо ва умумиятҳои мамлакатҳои тобеи онро куллан дигаргун намуд.

 

Демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, плюрализми сиёсӣ, ошкорбаёнӣ ва падидаҳои дигар боиси баланд гардидани ҳисси миллӣ ва дар бештари ҳолатҳо ғурури миллии ҳамаи умумиятҳои миллию этникӣ гардид. Ҷомеа ба демократия рӯ оварда, кӯшиши ба таври мустақилона ва озодона муайян намудани роҳи инкишофи хеш гардид.

Ҷомеаи тоҷикистонӣ, ки анъана ва таҷрибаи зарурии равандҳои демократиро надошт, роҳбарияти мамлакат ва неруҳои сиёсӣ маҷро ва тамоюлҳои инкишофи стратегии мамлакатро муайян карда натавонистанд. Вазъияти умумии инкишофи мамлакат тадриҷан бад мегардид. Он оқибати ҳолати буҳронии инкишофи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва махсусан, сиёсии ҷомеа буд. Зиддиятҳо ва муқовиматҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба сатҳи зиндагӣ ва муносибатҳои байниҳамдигарии одамон дар шаклҳо ва мазмуни мухталиф таъсир бахшиданд. Мушкилиҳо ва муқовиматҳои раванди сиёсӣ ифодаи барҷастаи коҳиш ва пӯсиши муносибатҳои ҷамъиятӣ буданд. Неруҳои мухталифи ҳокимиятхоҳ ташаккул ёфта, ғасби ҳокимиятро ҳадафи асосии хеш медонистанд. Ҳисси адолати иҷтимоӣ тағйироти куллӣ пайдо намуда, ба навъи махсуси ифротгароӣ табдил ёфт. Ноҷуриҳо ва мушкилиҳою шиддатнокии масъалаҳои иҷтимоӣ бештар хосияти сиёсӣ пайдо намуданд.

Номутаносибии иҷтимоӣ ва касодии маънавию ахлоқии шахсият заминаи асосии муқовиматҳо ва ҳолати моҷарогароии ҷомеа гардиданд.

Масъалаи таъмини ваҳдати миллӣ, ки замони баъдимоҷарогароиро фаро мегирад, ба мушкилӣ ва монеаҳои гуногун рӯ ба рӯ гардид. Зеро зиддиятҳои инкишофи ҷомеа ба раванди таъмини ваҳдат ва ҳамгироии неруҳои мухталифи ҷомеа монеаҳои нав ба навро ворид сохт. Дар шароити рушди ягонагӣ ва инкишофи мутаносиби ҷомеа, ки ифодагари раванди ташаккули ваҳдати миллӣ мебошанд, масъалаҳои зерин аҳамияти маҳсус пайдо менамоянд:

— дар ҳолатҳои алоҳидаи қабули қарорҳо, махсусан, қарорҳои сиёсӣ, қонунҳои сатҳи гуногун, ба вазифаҳои масъули давлатӣ ва ҷамъиятӣ таъин ё интихоб намудани намояндагии манфиатҳо таъсири муассир доранд. Ҳолати мазкур боиси ба эътибор нагирифтани принсипҳо, меъёрҳо ва арзишҳои ҷомеаи мутамаддин мегардад;

— дар доираи манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ фаъолият намудани қисме аз маъмурони давлатӣ ва кормандони иттиҳодияҳои ғайриҳукуматӣ. Ба равияҳои тундгароии маҳалгароӣ ва минтақагароӣ гаравидани онҳо. Масъала бештар ҳангоми интихобу таъини кадрҳо ва раванди идораи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ шиддатнок мегардид. Дар заминаи муносибати минтақагароӣ аввалият ва афзалиятҳои манфиатҳои умумидавлатӣ эьтибори хешро гум менамоянд;

— инкишофи шуури сиёсӣ, худшиносии миллӣ, такмили асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҳтиром гузоштан ба асосҳои фарҳангию адабӣ ва таърихии ифодагари манфиатҳои давлатдории навин, ҳимояи истиқлол ва рушди мутаносиби кишвар. тақвияти идеали сиёсии инкишофи мамлакат;

— навсозии муттасили низоми таъмини ваҳдати миллӣ дар заминаи тарҳҳои эътирофшудаи низоми инкишофи мутаносиби ҷомеаи ҷаҳонӣ;

— фарҳанги сиёсӣ дар сатҳ ва шаклҳои гуногуни фаъолият ва муносибатҳо таҷассум меёбад. Психологияи ғуломонаи қисме аз одамон, нотавонӣ ва заифии онҳо, ки сатҳи муайяни зуҳури фарҳанги сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ташаккул ва рушди амалҳои ирлиҷоӣ саҳми бевосита мегиранд. Одамони ғуломтабиат ва нотавон роҳи расмӣ ва қонунии ҳалли масъалаҳоро намеписанданд. Онҳо заифии худро ҳис намуда, роҳу воситаи «осони» ҳалли масъаларо меҷӯянд. Вақте ки одамон аз ҷиҳати сиёсӣ босавод ё камсаводанд, ба худ ва ақлу фаросати худ боварӣ надоранд, ба ҳар кор омодаанд. Барои ин зумра одамон шараф, номус, имон ва обрӯю эътибор аҳамияте надоранд. Чунин авзои рушди ҷомеа масъалаи худшиносии сиёсиро рӯзмарра мегардонад;

— маҳалгароӣ ва минтақагароиро дар сатҳи гуногун, махсусан, ҳангоми интихоби кадрҳо ва раванди идораи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳамчун таҳдид ба амнияти давлатӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон эътироф намуда, ба зидди онҳо муборизаи қатъию воқеӣ бурдани ҳамаи маъмурони давлатӣ, ходимони ҷамъиятӣ ва ҳар шахси ватанпарвар шарти зарурии таъмини ҳолати ваҳдатофаринӣ донистан зарур ва муҳим аст;

— муайян намудани ғояи миллии инкишофи Давлати миллии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дошта, дар таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон мақоми пешбар пайдо менамояд. Аз ин рӯ, таҳқиқу тавсифи илмии он масъалаи рӯз аст. Ғояи ҳар гуна давлати миллӣ ба ҷуз аз миллатгароӣ чизи дигаре нест. Фақат тарзе онро баён намудан лозим аст, ки шахсиятҳои мансуби идеологияҳои канора ба ҳарос наоянд. Онро ба ибораи соддаю фаҳмо ифода намудан лозим аст;

— бунёди тарҳи (модели) тоҷикистонӣ, давлатдории миллии демократӣ, ки ба баҳисобгирии хосиятҳои миллӣ ва махсуси инкишофи иҷтимоӣ асос ёфтааст, ба вазифаҳои муҳимми давлатдорӣ дохил мешаванд. Тоҷикистон таҷрибаи ҷаҳониро ба инобат гирифта, бунёди давлати миллии иҷтимоиро мақсади асосӣ қарор медиҳад.

Сорбон ҚУРБОНОВ,

муовини декан оид ба таълими факултети ҳуқуқшиносии Академия

Похожие записи