ТАЪРИХ — МАКТАБИ БУЗУРГИ ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲӢ

Сафарзода Даврон Ҷурахон

Моро зарур аст, ки худогоҳу худшинос бошем, таърихи пурифтихору фарҳанги оламшули ниёкони сарбаланди хешро аз худ намоем, ба хизматҳои беназири адибону мутафаккирони номдори пешинаамон арҷ гузорем ва барои ҳифзи суннату анъанаҳои неке, ки аз замони бостон то ба имрӯз боқӣ мондаанд, талош варзем, хотираи фарҳангиву таърихии худро тавсеа бахшем, барои пойдории истиқлолу озодии давлати миллиамон ва ҳар як ваҷаб хоки ин Ватани муқаддас ҳамеша омода бошем.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Худшиносӣ ва ходогоҳии миллӣ яке аз шартҳои муҳимми тарбияи насли наврас ба ҳисоб рафта, маҳз дар заминаи рушду равнақ додани он дар ниҳоди ҷавонон, мо метавонем, асолату дастоварди таърихӣ, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои миллии хешро мустҳакаму побарҷо нигоҳ дорем ва ба ҷаҳониён онро тарғибу шавиқ намуда, муаррифӣ созем. Вақте ҷомеа худшиносу ходгоҳ бошад ва асли худро донад, миллат побарҷову ваҳдати он комил боқӣ мемонад. Дар акси ҳол решаҳои миллат нобуд мегарданд ва он парокандаву нопадид мегардад. Аз ҳамин нуқтаи назар, лозим аст, ки баҳри пойдору мустаҳкам гардонидани миллату давлат бояд ҳамеша чораҳои маънавӣ баҳрии огоҳии ҷомеаи кишвар, бахусус насли ҷавон, андешида шавад.

 

Аз асолати ҳар як тоҷик аст, ки аз таърихи бойи худ ва ғановати маънавии бамеросмондаи хеш огоҳ бошад ва онро мояи ифтихори худ донад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2019 ҳассосият ва муҳиммияти ин масъаларо ба ғоят возеҳу равшан шарҳ дода, таъкид намуданд, ки: “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем”.

 

Аз бахти неки ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки бо ба сари қудрат омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳо, ба монанди эҳёи ниҳодҳои давлатӣ, таҳкими волоияти қонуният, барқарор кардани сулҳу оромӣ ва ваҳдати сартосарӣ, баргардонидани гурезаҳо, азнавсозию бунёди ҳазорон иншоот, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ғайраҳо, дар бораи худогоҳиву худшиносӣ, миллатдӯстиву ватанпарастӣ, аз худ намудани таърихи пурифтихор, зинда нигоҳ доштану эҳёи фарҳанги оламшул ва ҳифзи суннату анъанаҳои некамон чораҳои таъхирнопазир андешида шуд. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми кишварро ба омӯзиши таърихи бой, посдории фарҳанг ва расму оини ҳазорсолаамон даъват намуда, дар робита ба ин садҳо чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, ҷашнҳои бузургони илму адабро ба роҳ монданд. Дар маҷмуъ гуфтан ҷоиз аст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили худшиносиву худогоҳӣ диққати махсус дода, бо ҳама иқдомоти хеш сабақи волое аз ҳувияту бедории миллӣ ба мардуми кишвар доданд. Пешвои миллат дар суханрониҳои хеш пайваста таъкид месозанд, ки дар ҷаҳони печидаву пурманфиат имрӯз танҳо арзишҳои бузурги миллӣ метавонанд, миллату давлатро барҷову пойдор нигоҳ доранд.

 

Озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз иқдомҳои наҷиби Сарвари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, онҳо шавқу ҳаваси ҳазорон сокинони кишварро ба китобхонӣ, омӯзиши амиқи адабиёт ва осори ҳунарии халқамон бедор намуданд ва дар кашфи истеъдодҳои зиёди маънавӣ саҳми шоён гузоштанд. Ин озмунҳо боис шуданд, ки ҷавонон ба таври густурда бо мутолиаи китобҳо пардохта, аз таъриху маънавиёти хеш огоҳ гарданд ва ба ин васила ба худшиносии миллӣ сахт алоқа пайдо кунанд.

 

Ахиран бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” баргузор мегардад. Дар ин озмун тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар ширкат мекунанд. Озмуни “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, ки бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, муаллифи шоҳасари оламшумули таърихи халқу диёрамон “Тоҷикон”, академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Пешвои миллат эълон шуд, нишон аз арҷгузорӣ ба таърихи миллат, омӯзиши амиқи корномаҳои шоистаи ниёгонамон дар тӯли таърих, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва шинохти нақши халқамон дар рушди тамаддуни инсоният буда, болотар аз ҳама дар тақвияти худшиносии миллӣ саҳми калон мегузорад.

 

Ҳамчуноне , ки дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аҳолии кишвар бо шавқу ҳаваси беандоза, барои лаззати маънавӣ бурдану бештар огоҳ шудан аз асолати хеш иштирокчӣ шуданд, бо боварии комил метавон гуфт, ки дар ин озмун низ қишрҳои гуногуни ҷомеа ба ин асари ҷовидона рӯ оварда, шоҳиди саҳнаҳои бемисли худсозии миллатамон мешаванд. Бешак, мутолиаи васеи асари безавол ва бунёдии академик Бобоҷон Ғавуров моро бо қаҳрамонии халқамон дар дарозо ва дар давраҳои гуногуни таърих ошно намуда, дар масири тақвияти ҳисси худогоҳӣ, худшиносӣ ва ифтихори ватандориамон нақши устувор мегузорад.

 

Дар фаровард ҳаминро бояд таъкид намуд, ки вазифаи маънавии ҳар як зодаи ин марзу бум, бахусус наврасону ҷавонон аст, ки аз таърихи бойи хеш огаҳ бошанд, аз таҷрибаи ҳазоронсолаи худ баҳра гиранд ва ба мероси беназири ниёконамон сазовор бошанд. Амиқ дарк созанд, ки худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ асоси ҳастии миллату давлати мо шумор меравад.

 

Даврон САФАРЗОДА,

ноиби якум, ноиби ректор оид

ба таълими Академия,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Похожие записи