ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ АРТИШИ МИЛЛӢ БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ ХОБГОҲИ АКАДЕМИЯ

IMG_4803

Бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявӣ ва бахши хобгоҳи Академия ба муносибати 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.

 

Дар чорабинии мазкур сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Исматуллозода Ф., сардори шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон Абдулҳаев А., мудири бахши хобгоҳ Остонаев Ш., мудири бахши кор бо ҷавонон Ваҳобов Ҳ., мутахассиси пешбари шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон Бердизода С.Қ. ва донишҷӯёну магистратони истиқоматкунандаи хобгоҳ ширкат намуданд.

Чорабиниро мудири бахши хобгоҳ Остонаев Ш.М. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ табрик намуд. Қайд карда шуд, ки маҳз мардонагиву ҷасорати фидоиёни Ватан – хизматчиёни ҳарбӣ аст, ки имрӯзҳо мо озодона аз пайи кору таҳсил ҳастем.

Дар идома сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Исматуллозода Ф. ба суханронӣ намуда, қайд кард, ки меҳру муҳаббат ба ин марзу буми муқаддас аз ватандӯстӣ сарчашма мегирад. Дар Паёми охирини худ Пешвои миллат маҳз ҳамин нуқтаро ишора намуда, қайд карданд, ки ватандӯстии шаҳрвандон аз дарк намудан ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таърихӣ иборат мебошад.

Дар рафти чорабинии мазкур ғолибони мусобиқаҳо оид ба шашка ва шоҳмот, ки байни истиқоматкунандагони хобгоҳ гузаронида шуда буд, бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд. 11 нафар истиқоматкунандагони хобгоҳ, ки дар чорабиниҳои фарҳангии хобгоҳ фаъолияти назаррас нишон медоданд, бо сипоснома ва идрорпулии якдафъаина мукофотонида шуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби бахши хобгоҳ як қатор устодон ва кормандони Академия барои ҳамкориҳои босамар бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ миёни донишҷӯписарони хобгоҳ мусобиқаи варзишии гирбардорӣ гузаронида шуд, ки ғолибон дар рафти чорабинӣ муайян ва бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.

Чорабинии фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби донишҷӯдухтарони хобгоҳ дар якҷоягӣ бо ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Похожие записи