ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ — ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

IMG_4950

Таҳти ин унвон имрӯз, 20 майи соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи идоракунии молияи давлатии факултети идоракунии давлатӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

 

Семинари илмӣ-назариявиро декани факултети  идоракунии давлатии Академия  н.и.ҳ., дотсент, Соибов З. М. ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

 

Сипас, д.и.қ, профессори кафедраи идоракунии молияи давлатӣ Мирсаидов А. Б. дар мавзӯи “Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср” маъруза намуда, иброз дошт, ки имрӯз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм яке аз проблемаҳои асосии хусусияти ҷаҳонидошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст.

 

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷинояти дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.

 

Экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст.

 

Баъдан, д.и.и., профессори кафедра  Ашуров И. С.  ва н.и.и., дотсенти кафедра Бобоев А. А. дар мавзуъҳои “Таъсири хатарҳои терроризм ва экстремизм ба ваэъи иҷтимоию иқтисодии кишварҳои ҷаҳон” ва “Таъсири манфӣ ва хатарҳои терроризм ба муҳоҷирони меҳнатӣ” баромад намуда, зарарҳои моддию маънавии ин зуҳуроти номатлубро ба шунавандагони семинар бо далелҳои асоснок фаҳмониданд

 

Семинари илмӣ-назариявӣ бо маърузаи мудири кафедраи идоракунии молияи давлатии н.и.и., дотсент Досиев Маҳмадшоҳ дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ” ва саволу пешниҳодҳо ба анҷом расид.

Похожие записи