ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ — МУАММОИ МЕҲВАРИИ ҲАЁТИ БАШАРИЯТ

Аюзода Ҷ.

Мусаллам аст, ки терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гардидааст. Терроризм ва экстремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

 

Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва экстремизм боиси ташвишу нигаронии кишварҳои олам гардидааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд.

 

Терроризм, махсусан, даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф нест. Сари ин масъала ҳамарӯза Ҳукумати кишвар андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

 

Таҳлилҳо собит менамоянд, ба хулоса оем, ки амалҳои анҷомдодаи террористону экстремистон бештар ба дину мазҳаб робита дошта, рушди илму техника ва инсонияту зиндагии онро инкор мекунад. Имрӯз олами ислом ба қатлу куштор, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад.

 

Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто такдири тамоми ахди башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

 

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, ифротгароён махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав аз ҳар роҳу воситаҳо истифода мекунанд, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Ба оташи андешаи ботили ин гуна шахсон аз “Давлатӣ исломӣ” cap карда, то Толибону ҳизбҳои дигари ба ном “исломӣ” равғани бештар мерезанд.

 

Мутаассифона, имрӯзҳо душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо тахдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд. Аслан ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд.

 

Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошем. Дар байни насли наврасу ҷавон тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд. Онҳо бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд.

 

Мо, ҷавонон бояд муттаҳид, якдил ва сарҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем.

 

Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун тавре ташаккул бояд ёбад, то аз ҷомеаи мо ифротгароӣ пок гардад.

 

Ҷовид АЮБЗОДА,

магистранти Академия

Похожие записи