ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ — ХАТАР БА АМНИЯТИ ҶАҲОН

maxresdefault

Терроризм ва экстремизм имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Ваҳшату даҳшат ва оқибатҳои хунбори онро ҳар рӯз мо тавассути телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма мебинем ва мешунавем.

Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳон аз он, ки терроризми байналхалқӣ, ҷудоиандозӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва силоҳ, навъҳои дигари хатарноки ҷиноят, инчунин ҳиҷрати ғайриқонунӣ дар қаламрави на фақат давлатҳои алоҳида, балки минтақаҳои том беш аз пеш доман паҳн мекунад, ҷиддан ба ташвиш омадааст. Ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ дар охири асри XX ва аввали XXI ба асри навин таҳдидҳои нав ворид месозанд. Дар баробари ин, хусусияти умумӣ пайдо карда, ҳам ба ҳар мамлакати алоҳида ва ҳам ба тамоми ҷомеаи ҷаҳон таҳдид дорад. Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки доираи зуҳуроти ҷинояткории муташаккилона пайваста то рафт васеъ шуда истодааст. Мусаллам аст, ки мубориза алайҳи ин зуҳурот бояд самти аввалини ҳамкории байналхалқӣ ва ҷидду ҷаҳди мувофиқшудаи мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ гардад. Сарварон ва иштироккунандагони фаъоли ҷамъиятҳои ҷинояткорон ба соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиёт ва сохторҳои молиявию бонкӣ таъсири манфӣ расонда, сармояҳои зиёди ғайриқонунӣ ба вуҷуд оварда, манфиатҳои худро дар сохторҳои қонунгузор, иҷроия ва идора ба мадди аввал гузошта, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ cap медароранд ва бо ҳамин қабули қарорҳои барои худ манфиатбахшро таъмин мекунанд.

Онҳо дар авҷ гирондани экстремизм, дар додани ихтилофоти сиёсию миллӣ ва минтақавӣ иштирок карда, бо роҳи террори ҷисмонию маънавӣ ба системаи ҳифзи тартиботу қонун беш аз пеш муқовимат нишон дода, ҷавононро фосид карда, ба ҷинояткорӣ ҷалб менамоянд. Дар ин вазъият андешидани тадбирҳои қатъиро ба таъхир гузоштан мумкин нест. Зимни ин баробари тақвият  бахшидани фаъолияти зидди террористӣ, ҳамдастию ҳамкории тамоми давлатҳоро қавӣ гардондан ва ба низом даровардан лозим мебошад. Вобаста ба ин дар мубориза алайҳи ин зуҳуроти манфии ҳаёти байналхалқӣ ҷидду ҷаҳди муштараки тамоми давлатҳо зарур аст. Мушоҳидаҳои байналхалқии қаблан роҷеъ ба ин масъала имзо шуда масъалаи терроризмро ҳамчун масъалаи алоҳида ҷудо накарда, балки онро дар баробари масъалаҳои дигари дорои характери ҷиноӣ баррасӣ менамоянд. Бо таассуф гуфтан лозим аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол дар бораи мафҳуми терроризм хулосаи ягона набаровардааст. Маҳз дар чунин шароит баъзе давлатҳо дар қаламрави худ ба терроризм муқобил баромада, ҳамзамон терроризми байналхалқиро дар мамлакатҳо ва минтақаҳои дигар ба ин ё он восита дастгирӣ намуда, террористонро муборизони роҳи озодӣ ва ҳуқуқи инсон қаламдод кардани мешаванд. Бинобар ин имрӯз тартибу таҳия ва имзои мушоҳидаи ягонаи мукаммал зарур мебошад, ки мафҳуми терроризм, пеш аз ҳама терроризми минтақавиро муайян карда, дар ин самтҳои мушаххаси ҳамкории имконпазири байналхалқӣ дар мубориза ба муқобили терроризм муқаррар намуда муҷозоти муқобили давлатҳое, ки аз ҳамкорӣ саркашӣ мекунанд ва гурӯҳҳои террористро дастгирӣ менамоянд пешбинӣ карда, ба ҳам мувофиқ сохтани қонунҳо ва асноди дигари иловагии нормативиеро имконпазир мегардонанд, ки масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризмро ба низом медароранд. Ҳамчунин дар қонунҳои миллӣ терроризмро маҳз ҳамчун зуҳуроти дорои ҳадафи сиёсӣ маънидод кардан зарур аст.

Пешгирии терроризм вазифаи ниҳоят душвор ва дар айни ҳол зарур ба ҳисоб меравад, зеро ин падида бо сабабҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, равонӣ, иқтисодӣ, таърихӣ ва ғайра ба вуҷуд омадааст. Ин гуна сабабҳо бояд объекти дахолати пешгирикунанда бошанд, аммо ин кор аслан осон нест, зеро қисми муҳими сабабҳои номбаршуда бо ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ ва ғасби он, тақсими амвол, ташвиқ ва ҷорӣ намудани идеологияи “худ”, тағйир додани сохтори миллӣ ё иҷтимоии ҷомеа ва ғайра алоқаманданд. Бо ин ҳама, терроризм, тавре ки дар боло қайд кардем, рафънопазир аст, зеро он як навъ ҷинояти вазнин ба муқобили башарият мебошад.

Тибқи таҳлилҳои намуда бояд қайд намуд, ки пешгирии терроризм бояд  дар якчанд самт амалӣ карда шавад:

— таъсир ба падидаҳо ва равандҳои умумиҷаҳонӣ, ки таъсири террористӣ доранд;

— муайян ва пешгирии амалҳои террористие, ки дар ояндаи наздик содир шуда метавонанд;

— пешгирии содиршавии терроризм ва амалҳои террористии зидди ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, дастгир кардани гунаҳгорон ва ба суд додани онҳо. Ҷазо додани на танҳо иҷрокунандагон ва шарикони одӣ, балки ташкилкунандагон ва таҳриккунандагони терроризм хело муҳим аст;

— огоҳкунӣ, бартарафкунӣ ва пешгирии ҷиноятҳои ба терроризм монанд, ба мисли гаравгонгирӣ, генотсид, таҳрибкорӣ, сӯйқасд ба ҳаёти шахсе, ки адолати судӣ ё тафтиши пешакиро анҷом медиҳад ва ғайра. Дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳою созмонҳои байналмилалии ҷамъиятӣ мебояд дар мубориза бо терроризм ва дигар амалҳои ноиматлуби экстремистӣ ҷойгоҳи махсус касб намоянд, инчунин ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои гуногун дар огоҳкунӣ ва пешгирии ин падидаҳо мебошад.

Ҳамин тавр ҳар бояд қайд намуд, ки ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд ба қадри сулҳу субот тинҷию ороми  ватанӣ азизамон, яъне Тоҷикистони биҳиштосо  бирасанд ва ба ҳар гуна фикру ақидаҳои ҳизбу ҳарактҳое, ки хусусияти терористию экстремистӣ дошта бовар накарда, шукронаи истиқлолияту давлатдории миллӣ намоянд ва ба арзишҳою муқаддасоти миллӣ эҳтиром гузошта, аз давлату миллати хеш ифтихор кунанд.

 

Шукрона ЗАРИФОВА,

 магистранти Академия

Похожие записи