ТОҶИКИСТОН —  ЯКЕ АЗ КИШВАРҲОИ ТАЪСИСДИҲАНДАИ СҲШ

IMG_3175

Соли 2021 барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон фаромӯшнашаванда ва таърихӣ мебошад. Чун дар ин сол мо бузургтарин ҷашни миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатиамонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса истиқбол намудем ва тантанаҳои ин ҷашни муқаддасамон то ҳол идома дорад. Дар баробари ин, соли 2021 аз таъсисёбии яке аз бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалӣ — Созмони ҳамкориҳои Шанхай 20 сол сипарӣ мегардад. Дар ин замина яке аз чорабиниҳои сатҳи баланд, ки имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, нишасти сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.

 

Созмони ҳамкории Шанхай, ки 60 фоизи ҳудуди Авруосиёро фаро гирифта, аҳолии давлатҳои аъзои он қариб нисфи аҳолии кураи Заминро ташкил медиҳанд, пурнуфузтарин созмони ҷаҳон маҳсуб меёбад.

 

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи ин созмони байналмилалии минтақавӣ ва иштирокчии фаъоли он буда, дар рушду равнақи он саҳми босазо дорад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи хеш “20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ”, ки дар сомонаи АМИТ “Ховар” нашр шуд,  чунин таъкид менамоянд: “Дар тӯли таърихи бистсолаи худ СҲШ ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав, ба сохтори нодири минтақавӣ мубаддал гашт, ки борҳо хусусияти умумибашарии худро дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ исбот кардааст. Ҷараёни рӯйдодҳои давраи ҷаҳонишавӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки ягон давлат ба танҳоӣ қодир нест, ки бо хатару таҳдидоти муосир муборизаи самаранок барад. Дар чунин шароит, танҳо иқдомоти мувофиқашуда ва кӯшишҳои муштараки ҳамаи давлатҳо метавонанд муассир бошанд”.

 

Тавре ишора рафт, мутобиқи муқаррароти СҲШ соли 2021 раёсат дар созмони мазкур аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт, ки он ба 20-солагии таъсиси ин созмони бонуфуз рост омад.

 

Дар ин замина дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сазовор таҷлил намудани 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, 22 феврали соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон” ифтитоҳ гардид. Барои ба роҳ мондани фаъолияти самаранок, ҷиҳати расидан ба мақсадҳои дар назди худ гузошта, нақшаи фаъолияти Марказ барои солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ гардид, ки санади мазкур фаъолияти Марказро дар самтҳои зерин барои 5 соли наздик ба нақша гирифтааст: фаъолияти ташкилӣ-ҳуқуқӣ, фаъолият оид ба инкишофи дипломатияи мардумӣ, фаъолият дар самти фарҳанг, маориф ва илм, фаъолияти иттилоотӣ ва таблиғотӣ, фаъолияти байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳо.

 

Тибқи нақшаи чорабиниҳо 27 апрели соли 2021 дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Дурнамои фаъолият ва ҳамкориҳои Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар Котиботи СҲШ, шарикони Марказ, аз ҷумла: Кумитаи чинӣ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ, Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон, Платформаи ҷавонони СҲШ SCOLAR Network, намояндагони сафоратҳои давлатҳои узви СҲШ ва мутахассисони соҳа иштирок доштанд.

 

Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ Ёддошти тафоҳум миёни Марказӣ дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ва Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон ба имзо расид, ки он заминаи устуворе гузошт барои ҳамкориҳои судманд ҷиҳати рушди дипломатияи мардумӣ ва мусоидат ба барқарор ва тақвияти робитаҳои мустаҳкам миёни институтҳои ҷомеаи шаҳрвандии ду кишвар. Инчунин, дар кори мизи мудаввар масъалаҳо марбут ба самтҳои фаъолияти марказ, ҳамкориҳои марказ бо шарикони он, васеъ намудани доираи шарикон, коркарди лоиҳаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи хусусияти гуногун дошта баррасӣ шуда, пешниҳодҳои иштирокчиён марбут ба масъалаҳои баррасившаванда ва таҳкими нақшаи чорабиниҳои марказ дар самти тақвият бахшидани ҳамкориҳо, баргузории чорабиниҳои муштарак ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ шунида шуданд.

 

Тибқи нақшаи фаъолияти Марказ баргузории лексияҳои кушод ва вохӯриҳои дипломатон, сафирони давлатҳои иштирокчиёни СҲШ ва олимони соҳа бо донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва кормандони Академия дар назар аст. Ҳамин тариқ, 6 майи соли равон вохӯрии донишҷӯёну магистрантон, устодону кормандон ва муҳаққиқони ҷавони Академия бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Олимов Рашид Қутбиддинович баргузор гардид.

 

Ҳамчунин, 11 май чунин вохӯрӣ бо Сафири  Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор Семёнович дар мавзӯи “Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар ҳама соҳаҳо тавсеа меёбанд” баргузор гардид, ки яке аз масъалаҳои зери диққати махсус қарор гирифта, иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд.

 

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ва мутахассисони ба омӯзиши фаъолияти СҲШ шавқу рағбатдошта Марказ дар ҳамкорӣ бо платформаи ҷавонони СҲШ SCOLAR Network 7-умин Модели СҲШ-ро таҳти унвони “20 соли фаъолияти СҲШ: тарҳрезии даҳсолаи нави ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ” бо иштироки тренерон аз давлатҳои узви СҲШ ташкил ва баргузор намуд. Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур бори нахуст дар қаламрави Тоҷикистон ва бо забони русӣ баргузор гардид. Модели СҲШ- конфронсест, ки дар раванди он ба иштирокчиён имкони намояндагии давлати аъзои СҲШ, иштирок дар муҳокимарониҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллии давлатҳо бо мақсади мусоидат ба ҳамкории минтақавиро медиҳад.

 

Инчунин, Марказ дар чорабиниҳои шарикони худ низ иштироки фаъол дорад. Ҳамин тариқ, бо даъвати Кумитаи чинӣ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ директори Марказ дар чорабинӣ бахшида ба ташрифи Котиби Генералии СҲШ ва сафирони давлатҳои узви СҲШ ба шаҳри Янсин, ки ба муносибати таҷлили 20-умин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ва баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекин соли 2022 баргузор гардид, дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Илова бар ин, Академияи миллии идоракунии Чин нашри махсусро бахшида ба 20-солагии СҲШ ба нақша гирифтааст, ки барои чоп дар он мақолаи директори Марказ дар мавзӯи “Дӯстии халқҳои СҲШ – омили муҳимми рушди муштарак” (“Дружба народов ШОС – важный фактор совместного развития”) пешниҳод гардид.

 

Рӯзҳои 2-3 июн дар шаҳри Ухан Форуми дипломатияи мардумии СҲШ дар мавзӯи “Рушди руҳияи Шанхай баҳри дӯстии халқҳо” баргузор гардид, ки дар ифтитоҳи он директори Марказ бо сухани табрикотӣ ва маълумот дар бораи фаъолият ва ҳамкориҳои марказ тариқи маҷозӣ баромад намудаанд. Инчунин, дар рафти ин чорабинӣ Тафоҳумнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи чинӣ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ ва Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

 

Яке аз чорабинии сатҳи байналмилалӣ, ки дар чаҳорчӯбаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ баргузор гардид, ин Саммити ректорони Академияҳои идоракунии давлатии давлатҳои аъзои СҲШ, ки таҳти унвони “20 соли СҲШ: дурнамои ҳамкории академияҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ” бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон дар шакли омехта (маҷозӣ ва ҳузурӣ) баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади тақвият бахшидан ба муносибатҳои дӯстона ва шарикии муассисаҳои идоракунии давлатӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин барои табодули таҷрибаи идоракунӣ ва омӯзонидани хизматчиёни давлатӣ ташкил шудааст.

 

Дар Саммит масъалаҳо марбут ба барқарор намудан ва тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба миёни академияҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии давлатҳои узви СҲШ, ҷалби чунин муассисаҳо аз кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ дар Саммитҳои минбаъда, табодули таҷриба, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти омодакунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, лоиҳаҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва муайян намудани дигар самтҳои ҳамкорӣ бо назардошти таҳдидҳо ва имкониятҳое, ки дар шароити пандемияи СOVID-19 амали карда мешаванд, баррасӣ шудаанд. Инчунин, иштирокчиёни Саммит лоиҳаи Изҳороти муштаракро (Совместное заявление), ки аз натиҷаҳои кори Саммит қабул гардид, баррасӣ намуданд.

 

Чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, СҲШ аз замони ташаккули худ дар доираи давлатҳои гуногуни ҳамҷавор ва аз нуктаи назари фаъолият шакли нави ҳамкориҳое мебошад, ки кишварҳои минтақаи Осиёро муттаҳид намудааст. Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Осиё давлатҳои мустақиле ба миён омаданд, ки ҳар яке аз онҳо манфиатҳои миллии худро дошт. Даҳаи аввали асри 21-ум шоҳиди дигаргуниҳои куллии сиёсию амниятӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷаҳон ба шумор меравад. Зеро имрӯз, ки ҷомеаи инсонӣ дар рӯ ба рӯи таҳдидҳо ва тағйирпазириҳо рӯҳиву равонӣ қарор дорад, давлатҳои ҳаммарзу ҳампаймон ва дорои мушоракат ва ҳамкориҳо хуб дарк намудаанд, ки ҳамгироиву ҳамшарикӣ метавонад, хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ ва мавҷударо бартараф созад. Бояд гуфт, ки Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷумлаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонист, ки маҳз барои ҳамкориву ҳамгароӣ ва ҳалли қазияҳои меҳварии давлатҳои ҷануби Осиё, Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқ таъсис ёфтааст. Новобаста аз он, ки Созмони мазкур ҷавон аст, дар ин бист соли фаъолият тавонист давраи рушдро бомуваффақият гузашта, дар фазои истиқлоли давлатҳои аъзо имконияти зиёдеро таъмин созад.

 

Ҳамин тавр, иштироки фаъоли Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, пайгирии манфиатҳои кишвар дар доираи он ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои аъзо имкон медиҳад, ки ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ самаранок амалӣ карда шаванд ва рушди иқтисодӣ ва ояндаи дурахшон барои мардуми ватанамон таъмин гардад.

 

Итминон меварзем, Саммити ҷашнии СҲШ, ки рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда истодааст, дар сатҳи баланд доир гардида, Тоҷикистон дар рафти ин чорабинии муҳим ба сифати мизбон ва иштирокчии фаъоли он дар баррасӣ ва ҳалли масоили муҳимми минтақавию байналмилалӣ саҳмгузор хоҳад буд.

 

Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, 

директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон

 доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Похожие записи