ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ — ҚАРЗИ ҲАР ФАРДИ ВАТАНДӮСТ

da584015f5a3a1f7c71b924ae03e7813

Муборизаи истиқлолиятталабона — гиромитарин фасли таърихи ҳар як кишвар аст. Агар мо ба таърихи башарият назар афканем, шоҳиди он мегардем, ки аз замони пайдоиши нахустин давлатҳо одамон кӯшиш бар он менамуданд, ки истиқлолияти давлатии хешро ҳифз ва мустаҳкам намоянд. Зеро ҳар як давлате, ки нисбатан неруманд мегардид, талош бар он менамуд, ки аз ҳисоби забт намудани ҳудуди кишвари дигар ва ба даст овардани захираҳои моддию маънавии он инкишофи хешро таъмин намояд.

 

Аз ин ҷост, ки муборизаи истиқлолият бо баробари пайдоиши давлатҳои аввалин ба вуҷуд омадаанд. Ин раванд дар шароити гуногун вобаста ба инкишофи давлату давлатдорӣ то ба замони муосир боқӣ мондааст.

 

Дар ҷаҳони имрӯз низ халқияту миллатҳое, ки ҳанӯз ба истиқлолияти хеш дастёб нагардидаанд, ҳамеша талош меварзанд ва ба ҳар гуна мушкилоту монеаҳо cap ба cap мешаванд, то дар ниҳояти кор ба истиқлолияти давлатии хеш мушарраф гарданд. Бинобар ин, истиқлолият ҳамчун гиромитарин саҳифа дар таърихи давлат бо ҳарфҳои зарҳалин нақш баста, дар зеҳну шуури одамон ҳамчун воситаи асосии дарёфти озодӣ ва таъмини ҳуқуқу уҳдадориҳо пазируфта мешавад.

 

Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ҳама дастгириҳо ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро баҳри донишандӯзӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодиамон равона сохта, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва давлати миллиамон бошем ва ҳамзамон, таъкидҳои дурандешонаи Сарвари давлатамонро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

 

Имрӯз, ки ба халқи тоҷик истиқлолият муяссар гардидааст, онро пос доштан ва баҳри рушду нумуи он ҳамеша ҷаҳду талош кардан вазифа ва қарзи ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

 

ФАРЗОНА МУРОДОВА,

магистрант

Похожие записи