УҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд. Зеро маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва побарҷойии тамаддунҳо ба шумор меравад.

 

Ҳамаи дастовардҳо ва корномаҳои мардонагиву қаҳрамонии фарзандони халқи тоҷик, бешубҳа, натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии падару модарони азизи мо мебошанд. Чунки ҳамчун инсони комил ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надорад.

 

Аз ин лиҳоз, падару модарони арҷманд бояд рисолати муқаддаси худ — тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд парчами давлатамонро дилпурона ба сӯи уфуқҳои ояндаи ободу осуда баранд. Дар баробари ин, эҳтиром намудани падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо қарзи фарзандии ҳар як инсони бонангу номус мебошад.

 

Мавҷудияти ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар нисбати фарзанд ба нафъи ҷомеа буда, дар оилаи солим зиндагӣ ва тарбия ёфтани кӯдак ин уҳдадории падару модар дар назди давлат арзёбӣ мешавад. Чӣ тавре ки аз талаботи моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

 

Пас моро зарур аст, ки дар асоси ҳамин санади тақдирсоз ба хотири омӯзишу парвариши фарзандон саъйу талош намоем ва онҳоро ба роҳи нек раҳнамоӣ кунем. Дар баробари ин, фарзандонро тарзе тарбия намоем, ки онҳо худро дар нигоҳубин ва таъмини падару модар масъул дониста, хизмати фарзандии худро то охири умри онҳо бо сарбаландӣ иҷро намоянд ва аз худашон низ номи нек боқӣ гузоранд.

 

Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин масъала басо қавист. Мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» далели гуфтаҳои боло ба ҳисоб меравад. Ҳуқуқи падару модар ба тарбия ин ҳуқуқи субъективии онҳост, ки асосан бо иҷрои уҳдадориҳояшон оид ба тарбияи кӯдак амалӣ мегардад.

 

Қисми 5-и моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муқаррар намудааст, ки падару модар фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд. Ҳангоми ба амал баровардани ҳуқуқ ба тарбияи падару модар бо рафтори худ ба ҳолати руҳии кӯдак, мафкураи ӯ таъсир мерасонанд. Барои ҳамин ҳам, аз рафтори падару модар сифати ахлоқу одоби кӯдак вобастагӣ дорад. Чунки дар аксарияти ҳолатҳо ахлоқу одоби худи падару модар дар оила ва берун аз он барои кӯдакон намуна аст.

 

Падару модар барои беҳдошти саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва касбомӯзии фарзандонашон бояд ғамхорӣ намоянд. Барои иҷрои уҳдадориҳои номбурда онҳо бояд асоси моддӣ тайёр намоянд, то ин ки фарзандонашонро бо ҷои хоб, хӯрока, сару либос ва китобҳои дарсӣ таъмин намуда, дар оила муҳити муътадил ташкил намоянд.

 

Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модарон, ки сутуни хонаводаро ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд. Онҳо бояд як нуктаро ба инобат гиранд, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир ҳангоми таълиму тарбия ҳеч чизро набояд аз онҳо дареғ доранд ва барои ба камол расидани онҳо сармояи хешро дар парваришу омӯзиши фарзандонашон сарф намоянд.

 

Мо чеҳраи хоси миллӣ, забони ширини шевои шоирона, таърих, адабиёт ва фарҳанги ғановатманд, мазҳаби таҳаммулгаро, расму оини миллӣ, хулоса аз муҳити хонавода то шаҳрдориву давлатдорӣ тамоми арзишҳои миллиро дорем ва бояд бо онҳо ифтихор намоем.

 

Бинобар ин, аз ҷавонону наврасони кишвар ва умуман аҳли ҷомеа тақозо мегардад, ки бо ифтихор аз арзишҳои ҷовидонии Ватан, модар, давлати соҳибистиқлол, фарҳангу анъанаҳои миллии тоҷикон ҳамеша дар ҳифзи аслу насаби худ ҳушёру бедор бошанд ва бояд ба қадри ин арзишҳо расанд ва дар масъалаи муҳимтарини зиндагӣ — таълиму тарбияи фарзандон бетафовут набошанд. Онҳоро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намуда, ба илму касбомӯзиашон бештар диққат дода бошанд, зеро фарзанди солеҳу хушахлоқ ва боҳунару донишманд сарвати азизу бебаҳои падару модар мебошад.

 

Пас маълум мегардад, ки рафтори кӯдак бештар ба таълиму тарбия вобаста аст. Аз ин лиҳоз, бояд кӯшиш намоем, ки дар тарбияи сазовори насли ояндасози миллату давлат саҳми дуруст гузорем.

 

Фарҳод АКРАМОВ,

магистранти курси 2

Похожие записи