ФАРҲАНГ — СИМОИ МИЛЛАТ

Абдулвощиди Набавь

Фарҳанг ва ҳунари воло дар ҳама давру замон ҳамчун василаи муҳимми муаррифии халқу кишвар ба ҷаҳониён шинохта шудааст. Он чун падидаи бузург ва арзишманду муассири рӯзгори иҷтимоӣ дар таърих ва рушди маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистон нақши босазо дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар шароити нави инкишофи давлатдории тоҷикон ташаккули фарҳанги миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим буда, таъмин ва рушди воқеии он омӯзишу пажуҳиши доманадор ва истифодаи ҳамаҷонибаи мероси таърихию фарҳангиро тақозо мекунад. Он ҳамчун баёнгари хотираи таърихӣ, расму оин ва анъанаи миллӣ дар шинохти таъриху тамаддун ва мақоми ҷаҳонии миллати тоҷик аҳамияти бузург дорад. Бахусус, нақш ва мақоми ин мерос дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва меҳанпарастӣ беандоза калон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш таъкид намудаанд, ки: “Худшиносӣ дар натиҷаи ҳаматарафа омӯхтани таъриху фарҳанг  ва тамаддуни миллати худ ва дар муқоиса бо тамаддунҳои дигар ба вуҷуд меояд. Ҳадафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҷалб намудани таваҷҷуҳи мардуми кишвар бо таърихи гузаштаи хеш ва таҷлили ҷаншҳои таърихӣ баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва бо тақвият додани созандагиву бунёдкорӣ обод гардонидани ҳар як гӯшаву канори Ватани азизамон мебошад”.

 

Шоистаи таъкид аст, ки мо шоҳиди таваҷҷӯҳи хоса ва беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг ҳастем ва ба хубӣ эҳсос мекунем, ки ин суханҳо аз ниҳоди поки Сарвари давлат бархостаанд. Сухани таърихии Пешвои миллат — “Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст” дар меҳвари сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва ҷараёни татбиқи ҳамаҷонибаи онро ҳамарӯза мушоҳида мекунем.

 

Замони истиқлол давраи тиллоӣ барои муаррифӣ ва рушди фарҳанги миллӣ аст, зеро маҳз дар даврони истиқлол соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанаҳо, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намуд. Ба шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангии кишвар ва ҳаллу фасли мушкилотҳои соҳа як силсила қонун ва барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расида, ба рушду такомули фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшидааст.

 

Муҳимтарин дастоварди замони истиқлол, ки Тоҷикистонро ҳамчун меросбари  фарҳангу  тамаддуни ғании  ниёгон бори дигар муаррифӣ кард, ин бунёди бинои нави нӯҳошёнаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Боғи фарҳангиву фароғатии Аҳмади Дониш, Боғи фароғатии Куруши Кабир, маҷмааи “Истиқлолият ва Озодӣ” бо бандии 121 метр ва дар солҳои наздик бунёди бинои Театри миллии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар мебошад, ки он низ яке аз бузургтарин ва беназиртарин иншооти фарҳангӣ дар минтақа хоҳад буд.

 

Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар ёдгории таърихии “Саразм — 5500”, “Боғи миллии Тоҷикистон”, “2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб”, “3000-солагии Ҳисори Шодмон” “700 – солагии Камоли Хуҷандӣ” ва дигар мавзеъҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик шомили рӯйхати Мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шуданд, ки ин аз таърихӣ ва бофарҳангии миллати бузурги тоҷик шаҳодат медиҳад. Мусиқии классикии “Шашмақом” низ ҳамчун мероси суннатии тоҷикон эътироф гардидааст ва барои ворид намудани намунаҳои дигари фарҳанги моддиву ғайримоддӣ кӯшишҳо ҷараён  доранд.

 

Яке аз бахшҳои асосии фарҳанг бешубҳа ин театр ба шумор меравад, ки он дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҳар як халқу миллат басо созгор  ҳисобида мешавад. Театр имрӯзҳо низ чун солҳои пешин дар баланд бардоштани сатҳи фарҳангии мардум нақши муассир дорад. Он на танҳо фарҳанги тоҷикро дар дохили мамлакат ба тамошобинон муаррифӣ месозад, балки бо офаридаҳояш дар хориҷи кишвар таъриху фарҳанги куҳани тоҷикро ба ҷаҳониён ошно месозад.

 

Он ҳама саҳнаҳо, драмаҳо, операҳо ва нақшҳое, ки аз ҷониби ҳунармандони асили миллати тоҷик ба намоиш гузошта мешавад ин аз фарҳанги бою ғанӣ доштани миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Дар баробари ин, мардуми табиатан фарҳангдӯсти мо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки пуштибони мероси гаронбаҳои ниёгон бошанду онро ба дараҷаи аъло рушду такомул диҳанд.

 

Алҳол ҳунармандони асили тоҷик дар баробари оне, ки нақшҳои ҷолибу диданиро дар дохили ҷумҳурӣ ба саҳна мегузоранд боз ба дигар минтақаҳои берун аз марзии Тоҷикистони азиз сафарҳои ҳунарӣ ба анҷом медиҳанд, ки ин яке аз дастовардҳои мо дар соҳаи театру фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Робитаи зич доштан ба мардумони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Белорусия ва дигар мамолики ҷаҳон имрӯзҳо фарҳанги мардуми тоҷик дар роҳи рушд қарор дорад.

 

Дар даврони истиқлол доир ба соҳаҳои фарҳангу ҳунар, фаъолияти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд, ки онҳо барои азнавсозӣ, бунёд ва рушди минбаъдаи мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ ва осорхонаҳои Тоҷикистон мусоидат кардаанд. Тавре, ки маълум аст, аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”,  соли 2019-ро “Соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019 — 2021-ро “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд, ки аз ҷониби кулли мардуми мамлакати азизамон хуб дастгирӣ ёфт. Чунки соли рушди сайёҳӣ, рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳоии 2018 ва 2021 ба пешрафту тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ  ва миёни мардум рушд ёфтани косибиву ҳунармандӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоварад.

 

Абдулвоҳид АБДУЛҲАЕВ,

мудири бахши хобгоҳи Академия

 

Похожие записи