ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН ХУШТАР…

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол хурраму зебо гашта истодааст. Дар тӯли 30-соли Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор комёбиҳои бузург  ноил гаштааст, ки аксарияти онҳо аз ҳадафҳои стратегии пешгирифтаи Сарвари кишварамон вобастагӣ доранд. Ба қатори ин ҳадафҳо раҳо шудан аз бунбасти комуникатсионӣ, ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар дохил мешаванд.

 

Ҳар кадом аз ин ҳадафҳо, натиҷаи баландро ба бор оварда истодааст. Ва мардуми фарҳангпарвар ва инсондӯсти тоҷик такя ба сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишвар намуда, Ватани азизамонро сол аз сол хурраму зеботар гардонида истодаанд.

 

Бо доштани чунин имкониятҳои хуб ва зиндагии шоиста, мардуми тоҷикро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, доимо ҳушёр ва зирак бошанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки баҳри ноором кардани вазъи сиёсии кишвари азизамон шахсони нопок, хоинон доимо кӯшиш намуда истодаанд, ки ба ҳар роҳу восита авзои кишварро хароб намуда, ба мақсадҳои нопоки худ ноил шаванд. Мо ҷавонони мамлакат худ шоҳид ҳастем, ки ин гуна шахсон бо хоҷагони худ лофи ватандорӣ мезананд ва бо ваъдаҳои бардурӯғ, чӣ аз дохил ва чӣ аз хориҷи кишвар ба ҳар кори нопок даст зада, хиёнат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон мекунанд.

 

Мо ҷавононро мебояд, ки бо шиори якдилӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарварӣ содиқ монда, баҳри аз ин ҳам ободу хуррам гардонидани кишварамон доимо кӯшиш ба харҷ диҳем.

 

Фирдавс МИРСАРВАРЗОДА,

корманди Академия

 

Похожие записи