ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

IMG_3637

Имрӯз, 21 феврали соли 2023, бо ташаббуси шуъбаи магистратура дар якҷоягӣ бо шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ ва кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ — сипари боэътимоди давлат” баргузор карда шуд.

 

Дар чорабинӣ Сафарзода Даврон, ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим, Карамалишоев Карамалишо, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, Ғоибзода Меҳрангез, сардори шуъбаи магистратура, Рашидов Ҷамшед, сардори шуъбаи таёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ, Додихудоев Раҷабалӣ, мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, Исмоилзода Намоз Ғоиб, сардухтури бунгоҳи тиббӣ, полковники хизматнишондода, Суфиев Фарҳат, муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии химатчиёни давлатӣ ва магистрантону донишҷӯёни Академия иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалишо оғоз намуда, зимни суханронии худ қайд намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шудааст ва то имрӯз вазифаҳои дар пешашон гузошташударо бо сари баланд иҷро менамоянд. Тӯли ин солҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд

Дар охири сухани худ ноиби ректор ҳозиринро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрик гуфт.

Дар рафти чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ сардухтури бунгоҳи тиббӣ, полковники хизматнишондода Исмоилзода Намоз ва муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии химатчиёни давлатӣ Суфиев Фарҳат баромад намуда, аз имкониятҳо ва шароитҳои имрӯзаи Артиши миллӣ, вазифаҳои ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар роҳи ҳифзи сулҳу осоиштагӣ ва амнияти мамлакат сухан гуфтанд.

Дар идома магистрантони Академия Зафарзода Парвиз дар мавзӯи “Дастовардҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли таъсисёбӣ ва иҷрои уҳдадориҳои он дар пойдории Истиқлоли давлатӣ”, Ахмедов Исломҷон дар мавзӯи “Заминаҳои ҳуқуқии  ташаккулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Амирзода Аловуддин дар мавзӯи “Рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон ҷиҳати хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Хушвақтова Мавҷигул дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърузаҳои худро ба самъи иштирокчиён расониданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби сарояндагон ва ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия сурудҳои ватандӯстона суруда шуд, ки боиси болудахотирии ҳозирин гардид.

Похожие записи