ШИНОХТИ АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА КИТОБИ “ТОҶИКОН” –И Ӯ АЗ ДИДГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

photo_2023-02-22_09-07-28

Китоби “Тоҷикон” шӯълае буд, ки ба саҳифаҳои торики таърихи миллати тоҷик рӯшанӣ андохт.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар ҳама адвори таърих илми тоҷик тавассути ашхоси донишманду худогоҳ обрӯву шаъну шарафи худро ҳифз намудааст. Зеро дар ҷамъияти инсонӣ маҳз ҳамин ашхоси соҳибилму хирадманд равшанкунандаи ҳаёти ҳамнавъони худ мебошанд. Маҳсули ақли ин гуруҳ метавонад барои рушду инкишофи ҷомеа хамирмоя гардаду зиндагиро шукуфону ҳаёти инсонҳоро хуррам созад. Офаридаҳои наву тозаи эшон ҷолиби таваҷҷуҳ буда, дар ҳама давру замон боиси ифтихору таҳсин аст. Зеро рисолати инсонии онон барои равшани андохтан ба ҷомеа ва аз гирдоби ҷаҳолат наҷот додани ҳамнавъони худ мебошад. Возеҳ аст, ки олимону донишмандон, эҷодкорону ихтироъкорон ва сиёстамадорони хирадгустар номбардорони миллат маҳсуб мешаванд, зеро тоифаҳои фавқузикр аҳли қаламу коғаз, китобу ҳикмат ва сарҷамъии миллату ободии кишваранд.

Аз ин лиҳоз, яке аз рукнҳои соҳибмаърифатӣ ва мутамаддинии халқу миллат арҷгузорию гиромидошти мафкурабардорон пеш аз ҳама ба оламиён шиносонидани миллат ва дифоъ аз манфиатҳои он буда, бо манзури ҷанбаи мазкур чунин арзишҳо мафкурабардорро ҳамчун шахсият ва ё симои таърихӣ муаррифӣ менамояд. Ба ин маънӣ, файласуфи машҳури олмонӣ Карл Ясперс менависад, ки: “Инсони бузург худ маънии таърих аст”. Бидуни тардид суханони дар вафқ зикршуда, шоиста ва марбут ба шахсияти аллома Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Маврид ба зикр аст, ки ин донишманди сатҳи ҷаҳонӣ ва сиёсатмадори хирадпешаву худшинос яке аз нахустин сарбозони инқилоби фарҳангӣ, яке аз арбобони намоёни давлатӣ буда, саҳми ӯ дар рушду инкишофи иқтисодиёт ва фарҳанги Тоҷикистон хеле бузург аст. Мояи ифтихор аст, ки на танҳо таърихи халқи тоҷик, балки илми шарқшиносии ҷаҳонро бе номи аллома Бобоҷон Ғафуров тасаввур намудан ғайриимкон аст, ки роҷеъ ба ин масъала олимону муҳаққиқони ватанию хориҷӣ изҳори назар кардаву китобу рисолаҳои илмиеро таълиф намудаанд. Ҳадафи мо дар ин нигошта баррасии шинохти аллома Бобоҷон Ғафуров ва китоби “Тоҷикон”-и ӯ аз дидгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо камоли ифтихор аз шиносоии нахустин ва бардошташ аз асари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро чунин ба қалам додааст: “Ман ин асари аҷоибро ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ мутолиа карда, аз ҳунари давлатдории гузаштагонамон меболидам. Баъзан аз шикасти ҳукумат, ҷоҳталабӣ, ҷангу ҷидоли бародарон ба хотири тоҷу тахт ва шуҳрату нафс, ки теша ба решаи давлат задааст, ба андеша меафтодам. Академик Бобоҷон Ғафуров бо чопи шоҳасари бузурги худ-“Тоҷикон” на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт”.

Таъкид ба маврид аст, ки ибтидои асри ХХ ва интиҳои он барои миллати тоҷик давраи сӯзанда ва созанда буд. Дар ибтидо душманони миллати мо ҳатто мавҷудияти халқи мутамаддин ва тамаддунофари тоҷикро зери суол қарор дода буданд. Ин хатари ба сари миллат омада, устод Садриддин Айниро водор намуд, ки асари воқеан арзишманди “Намунаи адабиёти тоҷик”- ро таълиф намояд. Устод Айнӣ тавассути асари мавриди назар собит намуд, ки тоҷикон қадимтарин халқияти Осиёи Марказӣ буда, таъриху фарҳанги беш аз ҳазорсола доранд. Месазад гуфт, ки ба чоп расидани китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” –и устод Садриддин Айнӣ дар он замон мушти обдоре буд ба даҳони миллатгароёни пантуркист. Дар даврони шӯравӣ интишор намудани китоб бо номи “Тоҷикон” кори басо мушкил ва камаршикан буд. Аммо обрӯ ва мақоми илмиву ҷамъиятӣ, ҷасорату матонати фарзонафарзанди миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров имкон дод, ки ӯ асари худро маҳз бо ҳамин ном интишор намояд ва шуҳрати ҷаҳонӣ касб кунад. Ҳақ ба ҷониби Президенти ҷумҳуриамон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки нашри “Тоҷикон”-ро дар он давра ҷасорату матонати бузург номида, ба он чунин баҳои ҳаққонӣ медиҳад: “Тоҷикон” воқеан, шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сӣ солаи олим аст, аз ҷумлаи тадқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст”. Бидуни тардид метавон гуфт, ки шоҳасари “ Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров давоми мантиқии асари “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ мебошад, ки даъвоҳои пучу беасоси олимонеро, ки таърихро таҳриф карда, мавҷудияти халқи тамаддунсози тоҷикро инкор намуда, ақоиди ғаразнокро роҷеъ ба миллати мо паҳн менамуданд, посухии қатъии илман асоснокшуда маҳсуб меёфт. Ҳамчунин, ҳамин рисолатро асари арзишманди сеҷилдаи “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”-и Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро намуда, дар ташаккул ва тақвияти худшиносию худогоҳӣ ва хотираи таърихии миллат ҳамчун фишанги муҳимми ҳифзи арзишҳои миллӣ ва манфиати давлату миллат дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир саҳми беназир гузошт.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон моро ҳушдор медиҳад, ки: “Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аз огаҳӣ доштан аз таърихи гузаштаи халқ ва ошноӣ бо корномаи фарзандоне, ки дар роҳи расидан ба озодиву истиқлол ва таҳкиму пойдории давлатдории миллӣ талош кардаанд, сарчашма мегирад”. Ин суханони пурмуҳтаво ва ҳикматноки Сарвари давлатамон моро водор ба он месозанд, ки худогоҳу худшинос бошем, таърихи пурифтихору фарҳанги оламшумули ниёкони сарбаланди хешро аз худ намоем, ба хизматҳои беназири адибону мутафаккирони номдори пешинаамон арҷ гузорем ва барои ҳифзи суннату анъанаҳои неке, ки аз замони бостон то ба имрӯз боқӣ мондаанд, талош варзем, хотираи фарҳангиву таърихии худро тавсеа бахшем, барои пойдории истиқлолу озодии давлати миллиамон ва ҳар як ваҷаби хоки ин Ватани муқаддас, ки номаш Тоҷикистон аст, ҳамеша омода бошем.

Осори таърихиву фарҳангие, ки аз гузаштагони пурифтихорамон ба мо расидаанд, гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ба шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки ба ганҷинаи таърих ва тамаддуни башарӣ саҳми мондагор гузорад. Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи худ “Чеҳраҳои мондагор” қайд намудаанд, ки “Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик низ кам нестанд, ки онҳо ифтихори на танҳо миллати мо, балки боиси сарфарозии мардуми олам гардидаанд. …Фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст. Солҳои тӯлонӣ ӯ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд. Ҳамзамон созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла, шарқшиносӣ буда, барҳақ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба ҳисоб меравад”.

Дар замони Истиқлоли Тоҷикистони азизамон арзиши илмӣ ва бунёдии асари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва қадру манзалати он хеле афзуд. Маҳз чунин мондагорӣ ва қимати бузурги асар мебошад, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонааш ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар-Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 26 декабри соли 2019, барои бознашр кардан ва ба ҳар як оилаи кишвар ҳадя намудани шоҳасари “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар супориш дод.

Аз ин рӯ, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров марҳила ба марҳила нашр гардида, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳар як оила туҳфа гардид. Ҳамзамон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд, ки:“Нашри китоби “Тоҷикон” ва дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад”.

Таъкидҳои пайваставу хирадмандонаи Пешвои маърифатпарвари кишвар халқи тоҷик ва махсусан, мо ҷавононро ба омӯхтану аз худ кардани таърихи хеш водор сохт. Боиси сарфарозист, ки имрӯзҳо дар хонаи ҳар як фарди тоҷик китоби бузурги “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба як китоби рӯйимизӣ табдил ёфтааст.

Соли 2023 аз ҳаёту фаъолият ва рӯзгори пурҳаводиси аллома Бобоҷон Ғафуров 115 сол сипарӣ мешавад. Пешвои хирадманду маорифпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” – ро эълон намуд. Озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёкони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, тақкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Дар озмуни мазкур аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагону донишҷӯён, аспирантону унвонҷӯён, докторантону ходимони илмӣ, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (ба истиснои омӯзгорони фанни таърих ва таърихнигорон) иштирок карда метавонанд.

Ин ҳама шоҳидӣ аз он медиҳад, ки Пешвои миллат ба шахсияти аллома Бобоҷон Ғафуров ва асари безаволи ӯ “Тоҷикон” арҷ мегузорад ва руҳи поки ӯро ҳамеша шод медорад ва ба қавли устод Лоиқ:

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд…

 

Сайидамир БОҚИЕВ

 донишҷӯи факултети дипломатия ва сиёсати Академия

Похожие записи