Шунавандагони курси “Зан-сарвар”-и вилоятҳои Суғду Хатлон соҳиби шаҳодатнома гардиданд

изображение_viber_2020-07-22_10-13-59

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал татбиқ намудани “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.

 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони “Зан – сарвар”, шуруъ аз моҳи июли соли 2019 то апрели соли 2020 дар вилоятҳои Суғду Хатлон доир гардида, се давраро дарбар гирифт.

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбастӣ — супоридани шаҳодатномаҳои курси “Зан-сарвар” дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки доираи васеи заноне, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд, доир гашт.

Дар ҷамъомад намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ (тариқи онлайн) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор  Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, дар он занону духтароне, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ кору фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд.

Нигорахон Ғаффорзода — муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ иброз доштаанд, ки ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда инчунин, беҳтар намудани шароити кору фаъолияти онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шаклҳои муайяни беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштааст. Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ мақомоти қонунгузори кишвар то ба имрӯз як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

Зикр гашт, ки ҳадаф аз баргузории курс ин мусоидат барои аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои роҳбарии занон дар идоракунии давлатӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки курси мазкурро 54 нафар хатм намуда, аз ин 24 нафар аз вилояти Суғд ва 30 нафар аз вилояти Хатлон буда, дар вазъияти тантанавӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд, ки минбаъд дар болоравии мансабии онҳо нақши муҳим хоҳад бозид. Ҳамчунин, аз тарафаи Раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои сунманд ва фаро гирифтани занону духтарони бо лаёқат ба курси омӯзишии дуалии “Зан — сарвар” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон бо Сипоснома сарфароз гардонида шудаанд.

Дар охир барномаи театрикунонидашудаи шуъбаи фарҳанг ва истеъдодҳои ҷавони Академия, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат ва ободонию созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол буд аз ҷониби ҳозирин хуб пазироӣ гардид.

Тибқи нақша рӯзҳои наздик курси мазкур дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ташкил шуда, бонувони лаёқатманди ин минтақаҳо низ ба курс фаро гирифта мешаванд.

Пас аз ҷамъомади тантанавӣ бо роҳбаладии кормандони Академия хатмкардагони курс аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва фароғатии шаҳри Душанбе, инчунин ёдгории таърихии “Қалъаи Ҳисор” дидан карданд.

Аксҳо

Похожие записи