ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АСОСГУЗОРИ НИЗОМИ ТАҲСИЛИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

48657484056_c7534b8051_o

Дар шароити рушди ҷомеа ва ҷаҳонишавӣ масъалаи муҳиме, ки дар назди давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, тарбияи насли нави хизматчиёни давлатии дорои донишу ҷаҳонбинии муосири ба талаботи ҷаҳони имрӯза ва идоракунии муосири давлатӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар айни замон низоми тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ муҳимтарин масъалаи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳалли он ба зиммаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори низоми таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар кишварамон мебошад.

 

Воқеан, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар низоми таҳсилоти кишвар мебошад, ки муассиси он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Тавре маълум аст, дар натиҷаи татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаву ваҳдатсози Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон фазои сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омада, барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон заминаи воқеӣ ба амал омад. Дар натиҷаи сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон барои рушди ниҳоди хизмати давлатӣ, ки яке аз неруҳои пешбарандаи давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Аз ҷумла, соли 1998 бори аввал дар таърихи Тоҷикистони навин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” қабул гардид. Қонуни мазкур барои рушди минбаъдаи хизмати давлатӣ замина гузошт. Дар асоси қонуни мазкур соли 2001 дар Тоҷикистон мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ – Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта, ба фаъолият оғоз кард. Аммо барои рушди минбаъдаи соҳаи хизмати давлатӣ, ташаккули ҷавҳари кадрии ин соҳаи муҳим зарур буд. Дар навбати худ, ташкили низоми таҳсили хизматчиёни давлатӣ омили асосии рушди захираҳои инсонии хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина ба такмилу таҳкими давлату давлатдории навини миллӣ мусоидат мекард.

 

Барои гузаронидани машғулиятҳо, инчунин олимони намоён ва мутахассисони баландихтисоси дигар муассисаҳои таҳсилотӣ олӣ, марказҳои илмию таҳқиқотии мамлакат ва кормандони роҳбарикунандаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳамасола зиёда аз се ҳазор хизматчиёни давлатӣ ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзию азнавтайёркунӣ фаро гирифта мешаванд.

 

Академия заминаи ҳозиразамони таълимию методӣ ва моддию техникӣ дар ихтиёр дорад. Китобхонаи муҷаҳҳаз бо мавод ва адабиёти таълимию илмӣ, синфхонаҳо ва толорҳои бо воситаҳои техникии замонавии таълимӣ ва таҷҳизоти аудио-видеоӣ таъминбуда дар ихтиёри донишҷӯён, магистрантҳо ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос қарор доранд.

 

Хизматчиёни давлатӣ имконият доранд, ки дониш ва маҳорати худро оид ба фарҳанги муоширати корӣ такмил диҳанд, тарзҳои кору рафторро дар вазъияти муқаррарӣ ва фавқулодда азбар кунанд, технологияҳои муосири иттилоотию компютериро аз худ намоянд ва такмил диҳанд, оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти маъмурию идоракунӣ аз тайёрии махсус гузаранд.

 

Қобили зикр аст, ки сол то сол шумораи магистрантҳо ва хизматчиёни давлатие, ки ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд, афзоиш меёбад. Барномаҳои таҳсилотии касбӣ, нақшаҳои таълимӣ ва таълимӣ-мавзӯӣ, шаклҳо ва мундариҷаи таҳсилот, таъминоти таълимӣ–методӣ, илмӣ -тадқиқотӣ, моддӣ-техникӣ ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти муосири толибилмон мебошанд. Дар баробари дастовардҳо дар низоми тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, истифодаи технологияҳои навтарин дар идоракунии давлатӣ тақозо мекард, ки низоми таълиму тарбия ва усули тайёр намудани хизматчиёни давлатӣ ба шароит ва талаботи муосир мувофиқ гардонда шавад. Зеро муваффақиятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як миллат аз сатҳи маърифати хизматчиёни давлатӣ, мутахассисон ва фаъолияти бонизоми идоракунии давлатӣ дар ин раванд вобастагии амиқ дорад.

 

Барои ба талаботи имрӯза мутобиқ гардонидани самаранокии идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, баланд бардоштани неруи зеҳнию ақлонӣ, инкишофи сармояи инсонӣ ва захираҳои инсонӣ дар хизмати давлатӣ, тарбияи кадрҳои нав барои ин самти бисёр муҳимми давлатдорӣ, ки дар маҷмуъ ба рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамкории пайвастаи давлат ва ҷомеа мусоидат менамоянд, зарурати боло бардоштани мақом ва мавқеи Академияи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада буд. Таҳсил дар низоми хизмати давлатии шаҳрвандӣ омили асосии ташаккулдиҳандаи маҳорату малака ва тарбияи касбии кадрҳо арзёбӣ мегардад.

 

Академия бо дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ фаъолияти таълимию илмии худро дар самти тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи дониши хизматчиёни давлатӣ равона мегардонад. Фароҳам овардани заминаи илмию методӣ имконият медиҳад, ки барои ба фарҳанги идоракунӣ воридсозии фазои эҷодӣ шароит муҳайё гардида, ба хизматчиёни давлатӣ барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ таъсири мусбат расонад.

 

Хуршед РУСТАМЗОДА,

донишҷӯи Академия

Похожие записи