ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

IMG_5055

Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо аллакай меваи ширин аз дарахти сабзонидаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи Ваҳдати миллӣ расад.  Эмомалӣ Раҳмон

 

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллӣ шуруъ намуд. Мутаассифона, Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои Истиқлоли давлатӣ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои Ваҳдати миллӣ дар давлатдории нав — таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Танҳо бо кӯшиш ва талоши халқи тоҷик ин мушкилиҳо бартараф ва роҳ ба сӯи фардои дурахшон боз гардид.

 

Дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон яке аз воқеаҳои муҳим ва сарнавиштсоз ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад. Дар роҳи таъмини сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон нақш ва мақоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон назаррас буда, маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои ӯ тарафҳои даргир роҳи сиёсии ҳалли низоро интихоб намуданд ва дар мамлакат фазои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо гардид.

 

Бояд тазаккур дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъди интихоб гардидан ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ чунин мақсад гузошта буд, ки дар мамлакат сулҳро таъмин месозад. Дар роҳи расидан ба мақсад ба ҷомеаи ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати расонидани кумак ба Тоҷикистон муроҷиат намуд. Баъди баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор гардидани сохтори конститутсионӣ дар кишвар таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ низ ба масъалаи низои тоҷикон зиёд гардид.

 

Ҳалли муноқишаҳои дохилии тоҷикон аз дараҷаи баланди худшиносии мардум дарак медиҳад. Чунки ҳарду ҷониб хоҳони он буданд, ки масъалаи низои тоҷикон танҳо бо роҳи сиёсӣ ҳаллу фасл карда шавад. Дар ибтидои задухӯрдҳои дохилӣ байни ҷонибҳо монеаҳои зиёде ба миён омаданд, ки минбаъд бо кӯшиши роҳбарони ҳарду ҷониб Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ роҳи ҳалли худро пайдо намуданд.

 

Яке аз хусусияти фарқкунандаи раванди сулҳофаринии тоҷикон дар он зоҳир мегардад, ки ҷонибҳои даргир дар асоси созишнома ва протоколи махсус сурат мегирифт. Ҳар як раванди гуфтушунидҳо протокол таҳия мешуд ва ба ҷонибҳои даргир талаботҳои аз ҷониби гуруҳҳо мувофиқашуда расонида мешуд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ барои бомуваффақият гузаштани вохӯрии худ дар Маскав Протокол дар бораи танзими авзои низомию сиёсии минтақаҳои муқовиматро имзо намуданд, ки дар асоси он бояд то ба имзо расидани Созишнома дар Маскав ҳама гуна амалиётҳои ҷангӣ дар минтақаҳои муқовимат боздошт мешуданд.

 

Тазаккур бояд дод, ки сулҳи тоҷикон таҷрибаи беназир дар бартараф сохтани низоъҳои дохилӣ ва берунӣ ба ҳисоб меравад. Мардуми тоҷик бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ амалеро анҷом доданд, ки то ин дам дар ягон кишвари ҷангзада чунин таҷрибаи сулҳофарӣ камназир буд. Ҳамчунон баъзе кишварҳои дуру наздик, ки ба чунин ҳолати низои дохилӣ гирифтор гардиданд, таҷрибаи тоҷиконро айни ҳол истифода мебаранд.

 

Дар гузориши худ ба муносибати даҳсолагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон собиқ Дабири Кулли СММ Пан Ги Мун чунин нуктаро иброз намуда буд: “Созмони Миллаи Муттаҳид дар раванди сулҳофарӣ ва бартараф сохтани низоъ нақши ҳалкунанда дошт. Имрӯз Тоҷикистон мисоли равшани ҳамкориҳоро бо СММ нишон медиҳад ва ин раванд идома дорад.”

 

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон бори дигар ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати тоҷик дар асл созандаву сулҳофар ва созгору таҳаммулпазир аст. Зеро падидаҳои солҳои 90-ум, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст, миллати тоҷикро бори дигар дар риштаи имтиҳони ҷиддии тақдир пайваст ва тақозои раҳо шудан аз гирдобҳои буҳронҳои сиёсию иҷтимоиро намуд. 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба  имзо расид. Баъди ба имзо расидани Созишнома Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи сулҳи тоҷикон ва раванди оташбас аз мавзуъҳои мубрами омӯзиши олимону донишмандони ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ гардид.

 

Раванди сулҳ овардан ба Ҷумҳурии Тоқикистон хело масъалаи мураккаб буд ва дар худ баъзе масъалаҳои нозукро дошт. Барои мисол истифодаи андешаҳои таҳаммулпазирӣ аз нахустлаҳзаҳои ба роҳбарӣ омадани Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба чашм мерасад. Сиёсати таҳаммулгароёнаи роҳбарияти давлат тавонист неруҳои гуногуни сиёсиро муттаҳид сохта, дар атрофи як ҳадаф, яъне инкишоф ва рушди ҷомеа сарҷамъ намояд.

 

Маҳз бо доштани сулҳ дар Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ тақвият ёфта, зиёда аз 150 давлати дунё равобити дуҷониба бо Тоҷикистон ташкил намуданд.

 

Метавон иброз дошт, ки маҳз саъю талош ва хизматҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон боис ба он гардид, ки дар таърихи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзо гардида, дар мамлакат сулҳу оромиро таъмин намуд ва боиси рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ гардид.

 

Ҳамин тариқ, гуфтаҳои боло шаҳодат медиҳанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсияте  мебошанд, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон баъд аз эҳё намудани давлати бузурги тоҷикон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар мувофиқасозии санадҳои байналмилалие, ки сарчашмаи ҳамкориҳои Тоҷикистон гаштаанд, саҳми беандоза гузоштанд ва дар таҳким ва рушди чунин ҳамкориҳо ҷаҳду талош менамоянд.

 Исмоилҷон АБДУЛХАЙРОВ,

магистранти Академия

 

Похожие записи