ҒАМХОРӢ ДАР ҲАҚҚИ ЯТИМОНУ МАЪЮБОН

ятимон

Дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону ниёзмандон, оростани дастархони идонаву супоридани туҳфаҳои гуногун ба онҳо дар арафаи ҳар иду айём аз иқдомҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Соли нави мелодӣ ба хотири расонидани кумакҳои моддӣ бо ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва нафарони имконияташон маҳдуд, ки дар Академия таҳсил доранд, вохӯрӣ доир гардид.

 

Дар вохӯрии мазкур Зулфия Аҳмадзода — ноиби Ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа, Сайдулло Қувватзода — сардори раёсати корҳои тарбиявӣ ва Алишер Назарзода — мудири бахши ҷавонон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Зулфия Аҳмадзода аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии кишвар дар самти дастгирии ятимону бепарасторон ва камбизоатону барҷомондагон ёдовар шуда, иброз намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаи ниёзманд, аз ҷумла ятимони кулл, нимятимону камбизоатон мавқеи меҳварӣ дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ятим аз лутфу меҳрубонии падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бенасиб намонда, онҳо ҳамеша таҳти ҳимояи давлат ва Ҳукумат қарор доранд.

— Пешвои ятимпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш иброз намуданд: “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”. Ин суханони Сарвари давлат таҳаввулоти ҷиддиро дар сиёсати давлатии иҷтимоии ҷумҳурӣ ба бор оварда, тамоми ятимони кулл, нимятимон ва камбизоатоне, ки имрӯз дар кишвар ҳаёт ба сар мебаранд, маҳз бо ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат аз тамоми имтиёзҳо ва дастгириҳо бархӯрдор гардиданд, — гуфт дар идома ноиби Ректор.

 

Дар охир таъкид гардид, ки ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд дар партави сиёсати ятимпарвари Пешвои муаззами миллат бояд ҳаргиз худро яккаву танҳо ҳис накунанд ва онҳоро мебояд, дар фазои сулҳу оромӣ, бо истифода аз шароиту имконоти фаррохи илмомӯзӣ таҳсил намуда, бо маърифати баланди инсонӣ баҳри ояндаи дурахшони Ватан хизмат намоянд.

 

Дар фарҷоми вохӯрӣ ноиби Ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа аз номи Раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 20 нафар донишҷӯёну магистрантони ятим, имконияташон маҳдуд ва камбизоат кӯмаки яккаратаи молиявӣ ба ҳар кадом дар ҳаҷми 300 (сесад) сомонӣ тақдим намуд.